Асосӣ Мақолаҳо БАДТАРИНИ МАРДУМ ЗАРАРРАСОНОНАД!

БАДТАРИНИ МАРДУМ ЗАРАРРАСОНОНАД!

БАДТАРИНИ МАРДУМ ЗАРАРРАСОНОНАД!
2019-11-25
101

Тинҷию оромӣ неъматест, ки бояд тамоми мардум қатъи назар аз хурду бузург ба қадраш расем ва тамоми кӯшишу заҳматҳои худро ба он равона кунем, ки ин неъмати бузурги худодода аз дасти мо наравад ва чун гавҳараки чашм бояд онро ҳифз кунем. Бузургон мегӯянд, ки бадтарини мардум касоне ҳастанд, ба бисёртар зарар ва латма ворид мекунанд. Бадтарини мардум касоне ҳастанд, ки агар мардум онҳоро дар ҳолати гуноҳ кардан бинанд ҳам, онҳо парво надоранд. Инчунин дар ҳадисе омадааст, ки Расули акрам (с) фармуданд: “Тамоми гуноҳони умматам бахшида мешавад ба ғайр аз касоне, ки ошкоро гуноҳ мекунанд.”

       Арасту низ мегӯяд: Бадтарини мардум касест, ки бо фисқаш ҳам ба худаш ва ҳам ба мардум зарар мерасонад.

      Инчунин ҳазрати Алӣ (р) гуфтанд: “Бадтарини мардум касонеанд, ки мардумро фиреб медиҳанд.”

     Аз ривоятҳои дар боло зикршуда маълум шуд, ки зарар расондан ва фиребу найранг кардан ба мардум сабаби ба азобҳои Худованд ва нафрати мардум гирифтор шудан мешавад.

    Мутаассифона, 06.11.2019 гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ бо ниқобҳо ва бо истифода аз силоҳи оташфишон ва аз торикии шаб истифода бурда, ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии “Султонобод” ҳуҷум карданд. Дар натиҷаи ин задухӯрд як сарбози қӯшунҳои сарҳадӣ ва як корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок шуданд, ки ба хонадони ин ду шахси ҳалокгашта арзи таслият мекунам. Бадтарин мардум касонеанд, ки ба мардум зарарашон бисёртар мерасад.

    Аммо баъзе ашхоси ғаразноке ҳастанд, ки ин сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва тинҷию оромие, ки Худованд ба мо ба воситаи Сарвари оқилу доно-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  муҳтарам Ҷаноби Олӣ арзонӣ доштааст, дидан намехоҳанд ва мехоҳанд, ки бо ҳар гуна дасисаҳо ва ҷиноятҳову қатлу куштор ин мамлакати моро нотинҷ кунанд. Боиси хурсандӣ аст, ки имсол аз тарафи Ҷаноби Олӣ барои 20 ҳазор маҳбусон “Қонун дар бораи афв” содир шуд, ки тамоми мардум дар ҳаққи Пешвои миллат дуоҳои нек карданд. Аз ин рӯ, шахсоне, ки ба озодӣ баромаданд, бояд шукронаи Ватани азизро ба ҷо оварда, ба қадри озодӣ бирасанд ва ҳаргиз ба роҳи бад қадам нагузоранд. Онҳое, ки дар баробари ин ғамхориҳои Певшои миллат бори дигар даст ба ҷиноят мезананд, Худо ва халқи Худо ҳам бад мебинад. Мақсади террористҳо ба воситаи ин қатлу куштор ва терроризм вайрон кардани тинҷию осудагии Ватани азизамон аст. Онҳое, ки даст ба ин ҷиноятҳо мезананд, як маротиба ба таърихи начандон дури худамон нигоҳ кунанд, ки  он ҷанги шаҳрвандие, ки дар мамлакати мо рух дод, чӣ мусибатҳои сахте ба мардуми мо овард, ки чандсад ҳазор мардуми бегуноҳ ҳалок шуду занҳо бева монданду кӯдакон ятиму мардум бехонаву дар. Мардум азобу машаққатҳои зиёдеро аз сар гузаронд, ки бо шунидану ёд кардани он рӯзҳои мудҳиш дили ҳар як инсон реш-реш мешавад. Худованд мамлакати мо ва мардуми моро аз он рӯзҳои талхи асри гузашта нигаҳ дорад.

     Мо Худовандро сипосгузорем, ки имрӯз давлати мо соҳибистиқлол аст. Дар ин муддати кӯтоҳ ин мамлакати мо чӣ қадар ободу зебо гашту боз ҳам ободтар шуда истодааст. Бинобар ин, бояд ҳар яки мо шукронаи ин давраи истиқлолиятро кунем. Чунки истиқлолият пурарзиштарин неъмату дастоварди миллати мо мебошад. Бояд ба қадри ин неъмат расид. Маҳз бо меҳнату заҳмати Пешвои миллат буд, ки ин кишвари мо тинҷу ором шуд ва самараи ин истиқлолияту тинҷию оромӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар дунё ҳамчун давлати сулҳпарвар мешиносанду аз сулҳи тоҷикон дарси ибрат мегиранд. Бинобар ин, мо ҳодисаи санаи 06.11.2019 ва ҳама гуна ҳодисаи ба ин монандро, ки метавонад сабаби нооромии кишвари азизамон шавад, шадидан маҳкум мекунем.

Ғ.Асҳобов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи “Сари мазор”-и ш. Истаравшан

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:51
Пешин12:40
Аср15:04
Шом17:12
Хуфтан18:42
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар