Асосӣ Мақолаҳо АХЛОҚИ НАКӮ

АХЛОҚИ НАКӮ

АХЛОҚИ НАКӮ
2019-11-25
111

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

         Ҳеҷ тардиде нест, ки шариати Ислом тамоми қуллаҳои ахлоқиро дорост ва пайравони худро доимо ба роҳи росту дуруст ва сухани нек тавсия мекунад. Худованди Маннон дар оятҳои фаровон бандагони мӯъминро бо нидои «Ё айюҳаллазина оманӯ» хитоб мекунад. Вақте бандаи мӯъмин ин нидоро мешунавад, эҳсоси оромиш мекунад, зеро Қуръон баёнгари ҳама ҳолати рӯҳии инсон аст. Гуфтори Паёмбари Ислом (с) гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад, чунки ахлоқи Паёмбар (с) Қуръон аст.

Дин ахлоқ аст. Таърих шоҳид аст, ки пеш аз нузули Қуръон зисту зиндагии мардумон чигуна буд. Дини мубини Ислом ва фарҳанги исломӣ меъёрҳои ахлоқиро барои пайравонаш муаййян кард. Аз он ҷумла, одоби суол кардан, одоби нишастан, сухан гуфтан, муносибат бо фард ва иҷтимоъ ва ғайраро фароҳам овард, ки дар аҳодиси Паёмбари акрам (с) ба таври возеҳу равшан баён шудааст. Инчунин паёмади риоя накардани ин одобро низ ба таври дақиқ гӯшзад намудааст. Сухани рост барои инсон сабаби нуфузи обрӯ, маҳбубият ва эътимоди баланд дар назди мардум мегардад. Худованд дар Қуръон ба ин масъала амр намудааст, то ки бандагон ҳама ростқавлу ростгуфтор бошанд. Расули акрам (с) уммати худро аз дурӯғгӯӣ барҳазар дошта, фармудааст, ки «дурӯғгӯён аз уммати ман нестанд». Он Ҳазрат (с) дар ҳама ҳолат ба ростгӯӣ тавсия фармудааст, зеро ростӣ наҷоти инсон аст. Дар ин ҷо чанде аз оёти қуръонӣ ва ҳадисҳои набавиро дар фазилати ростқавлию ахлоқи некӯ пешкаши хонанда мегардонем.

"Росто сухан кунед" [Оли Имрон;17]

"Эҳтиромона сухан кунед" [Исро;23]

"Мулоим сухан кунед" [То Ҳо;44]

"Нармдилона сухан кунед" [Исро;28]

"Боадабона сухан кунед" [Исро;53]

"Накусухан кунед" [Бақара;83]

"Дуруст сухан кунед" [Аҳзоб;70]

"Одилона сухан кунед" [Анъом;152]

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд:

"Ман омадам, то некуахлоқиро такмил (мукаммал) созам." (Имом Бухорӣ, Аҳмад, Ҳоким)

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд:

"Касе ба Аллоҳ ва рӯзи Қиёмат имон дорад, накӯ гӯяд ё хомӯш бошад." (Имом Бухорӣ ва Муслим)

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Ҳабиби Худоро (с) пурсон шуданд, ки кадом амал барои ворид шудан ба Биҳишт кумаки гарон мерасонад? Ҳазрат (с) ҷавоб доданд: "Тарси Аллоҳ ва ахлоқи ҳамида". Боз пурсон шуданд: "Ба кадом сабаб инсон вориди дӯзах мегардад?" Дар ҷавоб гуфтанд; "Ба сабаби забон ва шармгоҳҳо (яъне бадзабонӣ ва зино)." (Имом Тирмизӣ)

Абӯдардо (р) ривоят мекунад: «Боре шунида будам, ки Паёмбар (с) гуфта буданд:

"Дар тарозуи аъмол ғайри феъли хуш чизе вазнинтар вуҷуд надорад. Ба дурустӣ ки соҳиби феъли хуш ба мартабаи рӯзадорон ва намозгузорон хоҳад расид» (Имом Тирмизӣ, Абӯдовуд ва Табаронӣ]

Монанди ин ҳадис дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим низ меояд, ки ҳеҷ чизе дар мизони санҷиши аъмол сангинтар аз ахлоқи некӯ нест.

Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят мекунад: "Расули Аллоҳ (с) аз адаб дурр ва дуруштсухан набуданд ва худ мегуфтанд:

"Маҳбубтарини шумо назди ман касест, ки ахлоқи нек дорад". (Имом Бухорӣ)

Дар ривояти Имом Тирмизӣ чунин меояд:

"Маҳбубтарин ва наздиктарини шумо бароям дар рузи Қиёмат, кассе аст, ки соҳиби ахлоқи нек бошад".

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Ҳабиби Худо (с) фармуданд:

«Бар шумо ростгуӣ лозим мебошад, зеро ҳамоно ростӣ инсонро ба сӯи тақводорӣ раҳнамоӣ мекунад ва тақводорӣ инсонро ба биҳишт мерасонад ва ҳамоно инсони мусалмон рост мегӯяд ва ростиро ҷустуҷӯ мекунад, то ин ки дар назди Худованд сиддиқ (бисёр ростгӯ) навишта шавад. Аз дурӯғ гуфтан парҳез намоед, зеро дурӯғ инсонро ба сӯи гуноҳҳо раҳнамоӣ мекунад ва маъсияту гуноҳҳо инсонро ба сӯи дӯзах мекашонад ва шахси мусалмон дурӯғ мегӯяд, то ин ки дар назди Худованд каззоб (бисёр дурӯғгӯ) навишта шавад.” (Имом Бухорӣ ва Муслим)

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) гуфтанд:

"Мунофиқ дорои се нишона аст:

1. Вақте ки сухан мегӯяд, дурӯғ мегӯяд.

2. Вақте ки ваъда мекунад, ба ҷо намеорад.

3. Вақте ки наздаш амонатеро гузоранд, хиёнат мекунад." (Имом Бухорӣ ва Муслим).

                                                              Хомӯшов Ҷамолиддин – Раёсати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:51
Пешин12:40
Аср15:04
Шом17:12
Хуфтан18:42
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар