Асосӣ Мақолаҳо ФАЗИЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ ДАР ВАСИЯТНОМАИ ИМОМИ АЪЗАМ

ФАЗИЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ ДАР ВАСИЯТНОМАИ ИМОМИ АЪЗАМ

ФАЗИЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ ДАР ВАСИЯТНОМАИ ИМОМИ АЪЗАМ
2020-01-15
259

Мавзӯе, ки инак мехоҳем дар бораи он сухан бигӯем, яке аз хислатҳои неки инсонӣ, яъне ҷавонмардӣ аст. Мо ин масъаларо аз васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирдаш Абӯюсуф истифода намуда, онро бо истифода аз оятҳои қуръонӣ, ривоятҳои Пайғамбар (с) ва ашъори шоирони бузург шарҳу тавзеҳ медиҳем.

Васиятномаи мазкур асари бисёр арзишманде аст, ки ҷанбаҳои гуногуни зиндагии инсонро шомил мешавад ва Имоми Аъзам шогирди худро дар он бо таваҷҷуҳ ба шароиту талаботи фардӣ ва иҷтимоии ҷомеа роҳнамоӣ намудааст. Дар як фарози ин васиятнома дар бораи парҳез аз баъзе хислатҳо ва рафторҳои ношоисти инсонӣ сухан ба миён омада, ба ҷавонмардию сарбаландӣ даъват намудааст. Он порчаи васиятнома ин аст:

«Аз бухлу ҳасад бипарҳез, зеро бахилӣ одамиро расво мекунад. Тамаъкору дурӯғгӯву ҷангандоз мабош, балки дар тамоми корҳо ҷавонмард бош… Агар ниёзманд ҳам бошӣ, иззати нафсро аз даст надеҳ…»

Дар ин ҷо ба чанд хислати қабеҳ ишора шудааст, ки ҳар як аз ин хислатҳо ба танҳоӣ метавонад инсонро ба нобудӣ бикашонад. Ҳар кадом аз ин хислатҳо дар китобҳои ахлоқӣ ва манобеи адабии мо ба таври муфассал ва ҷудогона баҳс шудаанд ва суханони бисёр хубу тарбияткунанда гуфта шудаанд. Ба хотири аҳамияти ин хислатҳо дар зиндагии инсон, Имоми Аъзам парҳез аз онҳоро дар ин васиятнома овардааст. Мо ба таври хулоса ҳар кадом аз ин хислатҳоро шарҳ медиҳем.

Бухл: бахилӣ кардан дар муқобили саховат аст. Дар Қуръони карим дар чанд маврид ба ин масъала ишора шуда, бахилӣ сахт накӯҳиш шудааст. Дар ояти 183 сураи Оли Имрон омадааст:

«Ва касоне, ки дар бахшидан (садақа додан ва кӯмак кардан ба бенавоён) он чи ки Худованд аз фазлу карамаш ба онҳо додааст бахилӣ мекунанд, фикр накунанд, ки ин кор ба фоидаи онҳост, балки ин кор барои онҳо бисёр бад аст. Зуд аст, ки дар рӯзи растохез он чизҳое, ки аз додани онҳо бахилӣ карда буданд, тавқи гарданашон шавад».

Яъне, агар Худованд ба мо молу сарвати фаровон додаст, набояд аз ҳаққи бенавоён ва мардуми камбизоат ғофил шавем. Ҳатман бояд ҳаққи онҳоро бипардозем, то шукронаи ҳақиқии ин молу сарватро ба ҷо оварда бошем. Ин кор сабаби кам шудани сарват нашуда, баръакс сабаби афзоиши он мегардад, ки Худованд худ фармуда:

«Агар шукрона кунед (неъмати) шуморо зиёд мекунем ва агар ношукрӣ кунед азоби ман бисёр сахт аст» (Сураи Иброҳим, ояти 7).

 

Ва дар ин бора Мавлоно дар Маснавии шариф фармуда:

Неъмат орад ғафлату шукр интибоҳ,

Сайди неъмат кун ба доми шукри шоҳ…

Неъматат додам бигӯ шукрат чӣ буд,

Додамат сармоя ҳин бинмой суд.

Дар сураи Нисо, ояти 37 Худованд бахилонро ба азоби сахт таҳдид кардааст ва дар сураи Ҳадид, ояти 24 бахилонро нисбат ба фармони Худо нофармон донистааст. Дар сураи Муҳаммад (с) ояти 38 бошад, Худованд таҳдид мекунад, ки агар дар ҷомеа мардуми сарватманд аз додани садақа ва кўмак ба мардуми камбизоат бахилӣ кунанд, онҳоро аз байн мебарад ва ба ҷои онҳо инсонҳои саховатпешаву хайрхоҳро рӯи кор меорад.

Пас маълум мешавад, хислати бахилӣ ҳам ба дунё ва ҳам ба охирати инсон хатари ҷиддӣ дорад ва бояд аз ин хислат парҳез кунем:

Дуди дӯзах набинад он чи сахӣ

Рӯи ҷаннат набинад он чи бахил

 

Ҳасад: дар форсӣ-тоҷикӣ онро рашк мегӯянд, ба маънои бадхоҳӣ нисбат ба касе ва заволи неъмати ӯро хостан мебошад. Ин аз хислатҳои бисёр бад ва накӯҳишшуда аст, ки хатари дунявӣ ва ухравии бисёр бузург дорад. Дар бораи ин хислат рисолаҳову китобҳои фаровоне аз тарафи бузургони дину миллат навишта шудааст ва ба тафсил хатари он баён гардидааст.

Қуръони карим дар чанд маврид ба ин хислати бад ишора намуда, онро сахт накӯҳиш ва мазаммат намудааст. Аз ҷумла, дар сураи Нисо, ояти 54 гурӯҳеро ки ба Паёмбари ислом (с) ва хонадонаш ҳасад мебурданд, мазаммат намудааст, ки чаро ҳасад мебаред, дар ҳоле ки ин неъматҳо ва фазилатҳоро Худованд ба ӯ додааст, ҳамон гуна ки ба ҳазрати Иброҳим (а) ва хонадони ӯ дода буд.

Дар сураи Фалақ, ояти 5 бошад, Худованд ба Паёмбар (с) тавсия додааст, ки аз шарри ҳасадкунандагон ба Ӯ паноҳ бибарад.

Бо каме диққат дар ин оятҳои қуръонӣ фаҳмида мешавад, ки ҳасад хислате аст, ки дорандаи он ҳатто дар муқобили пайғамбарон ва дини ростин истода душманӣ мекунад. Ҳамчунин ҳасад сабаби рафторҳои бисёр зишту нописанд дар ҷомеа мегардад, аз ҷумла:

1.     Инсони дорои хислати ҳасад қувваву истеъдоди худро сарфи он мекунад, ки ба як нафар ё як гурӯҳ бадӣ кунад ва неъмату дороӣ ва пешрафти онҳоро нобуд созад. Ин кор сабаб мешавад, ки ҳам худи ӯ зарар бинад ва ҳам ҷомеа аз пешрафт боз монад. Пас агар дар ҷомеа одамони ҳасуд бисёр бошанд, ҳатман он ҷомеа ақибмонда мешавад, зеро ин афрод талошу кӯшиши одамони солимро, ки барои пешрафти худ ва ҷомеа аст, ба шикаст рӯ ба рӯ мекунанд. Бинобар ин, барои пешрафти ҷомеа лозим аст ин гуна афрод аз корҳои муҳим дур нигоҳ дошта шаванд ва бо ин хислати бад муборизаи ҳамагонӣ ва иҷтимоӣ бурда шавад.

2.     Ҳасад сабаби сар задани бисёре аз ҷиноятҳову хиёнатҳо дар ҷомеа мегардад. Агар мо сабабҳои ҷиноятҳоро баррасӣ кунем ҳатман ба натиҷае мерасем, ки бисёри онҳо ба хотири ҳасодат рух додаанд.

3.     Ҳасадкунандагон одатан одамони бемор ва ранҷур ҳастанд. Ин афрод ба хотири нарасидан ба он ҳадафи шуми худ нороҳат шуда, гирифтори бемориҳои рӯҳию ҷисмии гуногун мегарданд.

4.     Аз назари маънавӣ ҳасад нишонаи камбуди шахсият ва нодонию кӯтоҳфикрии инсон аст. Зеро инсони ҳасадкунанда худро дар расидан ба мақому манзалат ва дороию сарвати дигарон оҷизу нотавон мебинад ва фақат орзуи аз байн рафтани неъмати дигаронро дорад.

5.     Дар ниҳоят шахси ҳасадкунанда бо инояту лутфи Худованд мухолиф аст ва эътироз мекунад, зеро ҳар чизе, ки дар ин дунё ба одамон мерасад, аз лутфу карами Ӯ аст. Бинобар ин, дар ривоятҳо ба ҳамин мазмун омадааст, ки асли ҳасад кӯрдилӣ ва дарк накардани фазли Худованди мутаол аст ва кӯрдилию дарк накардани фазли Худо ду боли куфр аст ва ба сабаби ҳасад фарзанди Одам дар ҳасрати абадӣ гирифтор мешавад.

Тамаъкорӣ: озмандӣ ва умедвор будан.

Тамаъ доштан ва орзуманд будан ду гуна аст, яке ин ки инсон ба лутфу караму атои Парвардигор тамаъ кунад ва дигар ин ки ба ғайр аз лутфу атои Худованд тамаъ варзад.

Навъи аввал хислати хуб аст ва инсон бояд онро дошта бошад. Дар Қуръони карим дар ояти 16-и сураи Саҷда дар сифати мӯъминони воқеӣ омадааст:

«Аз бистарҳои хоб (барои ибодати шаб) худро ҷудо мекунанд ва Парвардигорашонро бо хавфу тамаъ (умедворӣ) мехонанд ва аз он чи рӯзияшон додаем инфоқ мекунанд».

Оре, агар инсон тамаъ дошта бошад бояд ба он манбаи бекарони раҳмату хубиҳо ва ба он атокунандаи беминнат тамаъ кунад, на ба ҷои дигар:

 

Гар гадоӣ кунӣ аз даргаҳи он кун боре,

Ки гадоёни дарашро сари султонӣ нест.

 

Аммо навъи дуюм, ки тамаъ доштан ба молу сарвати дигарон аст, аз хислатҳои бисёр накӯҳида ва нописанд аст. Ин хислат ба ҷону равони одамӣ таъсири бисёр бад дорад ва одамро фурӯмоя ва ҳақир менамояд.

Аз Расули Худо (с) ривоят шудааст, ки фармуданд: «Тамаъ донишу ҳикматро аз дили донишманд мебарад» ва низ аз он бузургвор нақл шудааст, ки фармуд: «Аз тамаъ парҳез кун, ки тамаъ фақри ҳозир аст».

Дар ин ду ривоят зоил шудани ҳикмат (ақлу дониш) ва гирифтор шудан ба фақр натиҷаҳои тамаъварзӣ дар молу сарвати дигарон дониста шудааст, ки бадтарин вазъияти як инсон ҷоҳилӣ ва фақирӣ аст.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ дар мавриди тамаъ мувофиқи ривоятҳои дар боло зикршуда андеша ронда, чунин фармудааст:

Як ҳикоят гӯямат бишнав ба ҳуш,

То бидонӣ, ки тамаъ шуд банди гӯш.

Ҳар киро бошад тамаъ, алкан шавад,

Бо тамаъ кай чашму дил рӯшан шавад.

То ту ришват настадӣ, бинандаӣ,

Чун тамаъ кардӣ, зариру бандаӣ.

Ҳеҷ дар гӯши касе з-эшон нарафт,

К-ин тамаъ омад ҳиҷоби жарфу зафт.

Гӯшро бандад тамаъ аз истимоъ,

Чашмро бандад ғараз аз иттилоъ.

Дурӯғгӯию ҷангандозӣ: хислатҳои бади дигаре ҳастанд, ки Имоми Аъзам (р) дар ин ҷо шогирди худро аз онҳо барҳазар доштааст. Дар бораи дурӯғгӯӣ ва одамонро аз воқеият дур кардан дар каломи Худо ва бузургони дину миллат суханони фаровоне гуфта шудааст. Бузургтарин дурӯғҳо он аст, ки инсон суханеро ба Худо ё Пайғамбар (с) ё шариат нисбат диҳад, дар ҳоле ки худ медонад чунин нест ва ин гуна афрод дар Қуръони карим ва дар ҳадисҳо сахт мазаммат шудаанд. Аз ҷумла, дар Қуръони карим дар бораи касоне, ки худро намояндаи Худо мегирифтанд ва суханони навиштаи худро ба Худо нисбат медоданд чунин омадааст:

«Вой бар онҳое, ки суханеро бо дастони худ менависанд ва сипас мегӯянд ин аз тарафи Худо аст, то онро ба баҳои каме бифрӯшанд. Вой бар онҳо аз он чи ба дасти худ навиштанд ва вой бар онҳо аз он чи ки аз ин роҳ ба даст меоранд» (Сураи Бақара ояти 79).

Албатта ин оят дар бораи онҳое аст, ки дини Худоро бо дастони худ дигаргун мекарданд ва мардумро бо ин дурӯғпардозӣ аз дарки ҳақиқат дур месохтанд. Ин корро барои расидан ба каме фоидаи моддӣ анҷом медоданд ва ғофил буданд, ки бо ин кор охирати бисёр дарднокеро барои худ фароҳам намудаанд. Аммо ин кор метавонад дар ҳар асру замоне сурат бигирад. Чи басо афроди ҳилагару маккоре, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ, дини Худоро дигаргун нишон диҳанд ва мардумони зиёдеро ба гумроҳӣ кашонанд, ки ин қабеҳтарин дурӯғ аст:

«Пас кист ситамкортар аз касе, ки бар Худо дурӯғ бандад, то аз рӯи нодонӣ мардумро гумроҳ кунад».

Дурӯғгӯён тибқи фармудаи Қуръони карим аз ҳидояти Худованд маҳрум ҳастанд:

«Худованд касеро, ки исрофгар ва дурӯғзан бошад, ҳидоят намекунад» (Сураи Ғофир, ояти 28).

Ва низ ин китоби осмонӣ онҳоро аз доираи муъминон берун медонад: «Фақат касоне дурӯғпардозӣ мекунанд, ки ба оятҳои Худо имон надоранд ва онон худ дурӯғгӯёнанд».

Дурӯғ гуфтан дар зиндагӣ, дар корҳо ва муомилаҳои рӯзмарра низ аз гуноҳони кабира аст ва паёмадҳои ногуворе барои инсон дорад. Дар ҳадисҳои Паёмбар (с) дар бораи осор ва натиҷаҳои дурӯғгӯӣ чунин омадааст: «Дурӯғ рӯсиёҳӣ (шармандагӣ) меоварад», «Дурӯғ ризқу рӯзиро кам мекунад», «Дурӯғ инсонро ба самти норостию инҳироф мекашонад ва норостию инҳироф бошад инсонро ба сӯи дӯзах мебарад».

Дурӯғ гуфтан дар ҳеҷ ҳоле раво нест, ҳатто ба шӯхӣ ҳам дурӯғ гуфтан ҷоиз нест, зеро аз Расули Худо (с) ривоят шуда, ки фармуд: «Дурӯғ чи ҷиддӣ ва чӣ шӯхии он дуруст нест…» ва боз фармуд «Вой бар касе, ки барои хандондани мардум дурӯғ бигӯяд, вой бар ӯ, вой бар ӯ».

Бузургони адаби миллат низ дар пайравӣ аз фармудаҳои Худову Пайғамбар (с) суханони гӯшнавозе гуфтаанд, аз ҷумла:

Агар ҷуфт гардад забон бо дурӯғ,

Нагирад зи бахти сипеҳрӣ фурӯғ.

Забонро магардон ба гирди дурӯғ,

Чу хоҳӣ, ки тоҷ аз ту гирад фурӯғ.

Дил наёромад зи гуфтори дурӯғ

Обу рӯған ҳеҷ нафрӯзад фурӯғ.

Аз адаб набвад ба пеши Шаҳ мақол,

Хоса худ лофи дурӯғину маҳол.

Аммо ҷангандозӣ, фитнагарию эҷоди ошуб дар ҷомеа дар Қуръони карим бадтар аз куштор муаррифӣ шудааст. Афроди ҷангандоз дар ҳар маҳаллу минтақае, ки набошанд оромишу осоиши ҷомеаро барҳам мезананд ва дар миёни одамон тухми кинаву адовату душманӣ меафкананд. Ин кор аз гуноҳони кабира ба ҳисоб омада, ҷазои дунявию ухравии дарднок дорад. Имоми Аъзам (р) низ шогирди худ ва аз тариқи ӯ ҳамаи одамонро аз ин гуна хислатҳо барҳазар доштааст, то аз ин тариқ саодату сарбаландии дунёву охиратро ба даст оранд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:22
Пешин12:40
Аср16:48
Шом19:03
Хуфтан20:33
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар