Асосӣ Мақолаҳо Ахлоқи ҳамида ва рафтори нек аз сифатҳои муъминон

Ахлоқи ҳамида ва рафтори нек аз сифатҳои муъминон

Ахлоқи ҳамида ва рафтори нек аз сифатҳои муъминон
2020-02-10
1899

ҳамду сано Худовандро, шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуде ғайри Худованди ягона ва Муҳаммад (с) беҳтарин офаридаи Ў ва дорои мартабаи баланд ва фазилати бузург аст. Дуруду салом ва баракоти бепоён ба ў ва хонадону ёронаш бод.

       Худованди мутаъол, ки беҳтарин китобро ба мо нозил карда, аз баракоти ин армуғони ҷовидон моро баҳраманд сохта ва барои ҳидояту иршод беҳтарину бузургтарин паёмбарро низ арзонӣ доштааст, шоистагии онро дорад, ки мо беҳтарин уммат бошем. Мо бояд бо хулқи зебову ахлоқи некў дар зиндагии худ меҳрубониро ҳам ба худ ва ҳам ба дигарон риоя кунем ва бидонем, ки хулқи зебо рафтори некро падидор месозад. ҳар як шахс бояд хӯи некӯро дар ҳама ҳолат сарлавҳаи кору аъмоли хеш қарор бидиҳад.

Ҳамон тавре ки инсон қолабу љисми худро парвариш медиҳад, рўҳу равони хешро низ бояд бо роҳҳои зеботарин парвариш диҳад. Ба қуллаҳои баланди каромати инсонӣ расидан, љуз дар сояи тарбияи саҳеҳ ва ахлоқу рафтори накӯ, ки саросари китоби азимушшаъни қуръони карим ва дигар китобҳои ахлоқӣ моро ба он даъват мекунанд, имконпазир нест. Аввалин чизе, ки дар ин љанба мадди назар қарор мегирад, ин доштани ахлоқи ҳамида аст. Доштани ахлоқи ҳамида ин меҳрубонӣ, кумак ба дигарон, муҳаббат ва дилсўзӣ ба худ ва муҳити худ, эҳтиром намудани ҳуқуқи дигарон мебошад.

Мардуми шарифи тољик чунин хирадмандӣ ва кумак ба дигаронро дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат баръало мушоҳида мекунанд. Сарвари давлати мо шахси бофаросат ва дурандеш буда, ҳамеша дар фикри беҳбудии шароити мардум, некиву накўкорӣ ва ғамхориву меҳрубонии онҳо мебошанд.

Мо бояд шукронаи ҳама неъматҳои илоҳиро ба љо оварем, ки дар ин шабу рўзи нооромиҳои дунё бо сарварии Роҳбари давлатамон дар Ватани маҳбубамон дар фазои тинљиву оромӣ ва серию пурию зиндагонӣ мекунем.

Бояд хотиррасон намуд, ки фарди мусулмон агар соҳиби ахлоқи ҳамида бошад, ҳам барои худ ва ҳам барои аҳли оила ва дар интиҳо барои љомеа монанди даво манфиатовар аст.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар