Асосӣ Мақолаҳо АЗ БЕМАСЪУЛИЯТӢ БЕМОР ГАРДИДАН ГУНОҲ СОДИР КАРДАН АСТ

АЗ БЕМАСЪУЛИЯТӢ БЕМОР ГАРДИДАН ГУНОҲ СОДИР КАРДАН АСТ

АЗ БЕМАСЪУЛИЯТӢ БЕМОР ГАРДИДАН ГУНОҲ СОДИР КАРДАН АСТ
2020-05-08
272

АЗ БЕМАСЪУЛИЯТӢ БЕМОР ГАРДИДАН ГУНОҲ СОДИР КАРДАН АСТ

Таълимоти дини мубини Ислом дар мавриди бемориҳои сироятӣ

       Алҳол сайёраи заминро вабои даҳшатнок фаро гирифтааст, ки ҷони садҳо ҳазор нафарро рабуда, нафарони бешуморро гирифтор кардааст. Он вируси COVID–19 ё коронавирус аст, ки охирҳои моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Халқии Хитой пайдо шуда, дар муддати ниҳоят кӯтоҳ қариб дар ҳама кишвари сайёра паҳн  гардид.

       Олимону мутахассисони соҳа пайваста таъкид мекунанд, ки  барои эмин будан аз беморӣ гигиенаи шахсиро риоя бояд кард.

       Ҷоиз ба зикр аст, ки покизагӣ дар дини мубини Ислом мақоми хос дорад. Дар Қур­ъони карим мавзӯи покӣ бо тамоми паҳлу зикр гардидааст. Чунончӣ, «покизагии либос» (Сураи «Мудассир», ояти 4), «оби пок» («Фурқон», 48), «покӣ аз ҷанобат» («Моида», 6), «Худованд – дӯстдори покизагон» («Бақара», 222) ва амсоли инҳо. Пайғамбари Ислом, ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) дар мавриди покизагӣ мефармоянд: «Худованди таъоло покиза аст ва покизагиро дӯст медорад» (Ривояти Тирмизӣ).

        Бино бар иттилои баъзе аз сарчашмаҳо, бемории зикршуда аз кӯршабпарак ба вуҷуд омадааст.

        Дар аҳкоми ислом ғизои ҳалол ва ҳаром мушаххас шудааст. Худованди  мутаол дар Қуръони карим фармудааст: «Эй имон овардагон! Аз он чизҳои покизае, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред ва агар Худоро мепарастед, шук­рашро ба ҷой оваред»  (сураи «Бақара», ояти 172).

         Мафҳумҳои вузӯъ, таҳорат, ғусл, таяммум, масҳ, истинҷо ва ғайра, ки дар шариати исломӣ тоату ибодатҳо бидуни онҳо дуруст намешавад, бо покизагӣ сахт алоқаманданд.

         Карантин низ дар дини мубини Ислом мафҳуми бегона нест, яъне назари таълимоти дини Ислом ба ин масъала ва дар ҳолати сар задани маризиҳои сироятӣ мавҷуд аст.

          Оид ба ин масъала Расули акрам (с) фармуда буданд: «Чун шунидед, ки дар сарзамине тоун пайдо шудааст, ба он ҷо ворид нашавед ва агар ин тоун дар сарзамине зуҳур кард ва шумо дар он ҷо бошед, пас аз он ҷо хориҷ нашавед» (Ривояти Бухорӣ).

          Шустани даст бо собун ва ё маҳлули антисептикӣ, истифодаи ниқоби тиббӣ, ба ҷойҳои серодам нарафтан, дар ҳолати эҳсос кардани таб ва ё ягон нишонаи беморӣ ба табибон муроҷиат кардан, шахсони аз хориҷомадаро ба карантин фаро гирифтан ва монанди инҳо аз нигоҳи таълимоти дини мубини Ислом воҷиб аст. Набояд баъзе нафарон бо андешаи «таваккал ба Худо» дар риояи тавсияҳои табибон бепарвоӣ кунанд. Пайғамбар ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) таваккулро бисёр сода ба мо шарҳ дода, фармуданд: «Аввал шутуратро бибанд, сипас таваккул кун!». Дар робита ба ин масъала овардани ривоятеро ҷоиз медонем: Вабое рӯ сӯи сарзамине карда буд. Марде дар роҳ диду пурсид, ки кӣ ҳастӣ, куҷо равонаӣ ва чӣ хоҳӣ кард? Вабо дар ҷавоб гуфт: «Ман вабо-марги сиёҳ ҳастам, ба ин минтақа равонаам ва ҷони панҷ ҳазор нафарро мегирам». Мард пас аз бозгашт ба сарзамин мешунавад, ки дар ватанаш даҳҳо ҳазор нафар фавтидаанд ва нобаҳангом ваборо низ мебинад. Мепурсад, ки гуфта будӣ, ки ҷони панҷ ҳазор нафарро мегирӣ, чаро даҳҳо ҳазор нафарро ба коми хеш кашидӣ? Дар ҷавоб мегӯяд, ки ман дар асл ҷони панҷ ҳазор нафарро гирифтам, боқимонда аз воҳима мурданд.

        Нафаре, ки бинобар риоя накардани тавсияҳо ва сарфи назар намудани эҳтиёт ба беморӣ мубтало мегардад, тибқи талаботи шариати исломӣ гуноҳ содир намудааст. Худованд чунин таъкид кардааст: «…Худатонро ба дасти хеш ба ҳалокат маяндозед ва некӣ кунед, ки Худо некӯкоронро дӯст дорад» (сураи «Бақара», ояти 195). Муфассирон дар шарҳи оят овардаанд, ки худкушӣ ва ё зарару азияти нафси худ манъ аст ва аз гуноҳони кабира маҳсуб меёбад. Инчунин, дар тафсири «Анвору-л-Қуръон» омадааст, ки «таслими асбоби ҳалокат нашавед, балки барои худ асбоби наҷотро фароҳам оваред». «Асбоби наҷот фароҳам овардан» дар баробари вируси марговар риояи гигиенаи шахсӣ, иҷрои тавсияҳои табибон барои пешгирӣ ва паҳн нагардидани он мебошад.

        Табибон ҳамеша тавсия медиҳанд, ки аз шахси бемори сироятӣ дурӣ бояд ҷуст. Дастури Пайғамбар (с) дар ин мавзӯъ чунин аст: «Аз бемориҳои сироятӣ дурӣ ҷӯед…». Ё дар ҳадиси дигар, ки Абӯҳурайра ривоят кардааст, омада: «Шахси бемор наз­ди шахси тандуруст оварда нашавад».

        Мутмаинем, ки дар вазъияти ҳассоси кунунӣ тавсияҳои зикршуда аз ҷониби ҳамватанон амалӣ мешаванд. 

Аълохуҷа Холов,

устоди  ДИТ ба номи Имоми Аъзам

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:22
Пешин12:40
Аср17:44
Шом19:55
Хуфтан21:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар