Асосӣ Мақолаҳо ХИСЛАТХОИ НОМАТЛУБ — ДОГИ ЧОМЕА

ХИСЛАТХОИ НОМАТЛУБ — ДОГИ ЧОМЕА

ХИСЛАТХОИ НОМАТЛУБ — ДОГИ ЧОМЕА
2020-05-28
2023

 Одамият агар ки беадаб аст, одам пест.

Фарк дар байни бани одаму хайвон адаб аст.

Оре, инсон бузургтарин насли бошуурест, ки махз тавассути аклу хирад, илму маданият, фархангу адаби худ аз дигар офаридахои Офаридгори бузург тафовут дорад. Инсон — фардиятест, ки дорои акду заковати бузург буда мебинад, мешунавад, дарк мекунад ва хамаи дидаву шунидахояшро бо ёрии аклу идрок натичагирй намуда, худро аз бадию ночурихо дар канор мегирад. Махз, хамин канорагирихо инсони комилро дар зиндагй сохибмаърифат, бомаданият ва бузургдил мегардонад.

Кист инсони комил? Он касест сохибмаърифат, донишманд, сохибистеъдод, накукор ва ибратомузи имрузи рузгор. У касест, ки суханаш адаб, ишорааш маънй, кирдору рафтораш кони хусну малохат ва хираду заковаташ дурри ноёбу гаронбахост. У касест, ки чомеа аз у ибрат мегирад. Зеро пурдону пуртачрибаву пурхирад аст ва аз як харфи алфози кас дунёи хубу бадро тафовут дода метавонад.

Албатта, инсони комил хеч гох пайи хислатхои номатлуб рахравон нест. Инсони комилу сохибхирад аз бадон худро канор мегирад. Дар чамъомаду нишастхое, ки зиёну бадй меоранд, иштирок намекунад.

Саволе ба миён меояд: хислатхои номатлуб кадомхоянд ва онхо аз кучо сар мезананд? Пеш аз хама бетарбиятй. беадабй. бемаданиятй, дуздию мардумфиреби, авбошию бадмастй, киначуиву бешармй, ноадолатию разилй ва амсоли ин ба катори хислатхои номатлуб дохил мешаванд, ки инсонро ба касодию беиффатй ва беобругиву шармандагй оварда мерасонанд.

Албатта, агар кас дидаву дониста ин гуна хислатхоро ихтиёр кунаду шахсияти худро поймол гардонад, бевосита дар шумори инсонхои асил буда наметавонад. Шояд ягон таклифу ишораи каси дигар уро бо ин рох мебарад. Шояд худ надониста мемонад. ки хислатхои номатлубро ихтиёр намудааст. Шояд волидон гунахкоранд, ки тифли бо ноз парвардаашон бадкор шуда. Шояд аз дардхои рузгор, аз кабили нодориву тангдастй, бепарасториву беахамиятии наздикон ё афсурдагиву фиску эхтиёч?!

— На, на ину на он.

Хислати номатлуб албатта, яку якбора дар вучуди инсони асил чо шуда наметавонад. Бахусус имрузи чомеаи мо пур аз касони баду номурод ва бефикру беиффатанд. Нодидаву нодониста бо хама гуна фардиятхои ношинос дустиву ошной меварзанд. Пайи пайдо намудани музди ночизе ё дороиву сарвате ба корхои ношоиста, аз кабили дуздй, мардумфиреби, бадмастиву кучагарди машгул мешаванд. Чун боре аз ин амал қути лоямуте ба даст оварданд, дигар хамаруза паси анчоми хамин гуна амалхои носавоб даст мезананд. Худро асири хавову хавас ва кори барабас фирефта намудаанд.

Бехабар аз он ки бадкораву бадру хоханд шуд. Зеро бадкор азоб намекашад. Агар у азоб мекашид. фикр мекард, майнаашро хароб менамуд, хеч гох паси амали номатлубе даст намезад. Аммо накукорон ва боиффатон аз он ки дустону наздиконашон бадкора шудаанд, дар ранчу азобанд.

Алалхусус, имрузхо љавонону наврасон амалхое ба чо меоранд, ки ба наздикону пайвандон дар оила дог оварда ва  амалхои нодурусту кучагардї мекунанд, ки албатта доги чомеа мегарданд ва на танхо худро, балки авлоду наздиконашонро шармсор мегардонанд. Хусусан занону духтарон бояд бо иффату покдоман бошанд, зеро занонро дар чомеа гахворачунбон ва силсилачунбони зиндагй мегуянд. Духтарон, ки оянда силсилачунбони зиндагй мегарданд, бояд мулохизакор бошанд. Бадро аз нек, дустро аз душман ва гармию сардии хаётро хамачониба дар тарозуи акл. ба хубй ухдабароёна баркашанд.

Занонро иффату покдоманй баору номус будан бехтарин шараф аст ва шишахои шаффофро монад.

Сиёхтарин руз он рузест, ки шишаи номус бишканад, гуфтаанд.

Аз чониби дигар, баъзе волидон барои сазовори амалхои номатлуб гардидани фарзандоиашон гунахгоранд. Зеро аксарият фарзандонашонро ба ихтиёри худ гузоштаанд. Аз паси он намекушанд, ки фарзандон ба чй кор даст задаанду ба кихо нишастухез менамоянд. Бо кадом роххо маблаг ба даст меоранду кадом пироханро ба бар кардаанд. Оё онхо покизакоранд? Оё онхо ояндаашонро фикр кардаанд ё на? Оё ифтихори волидон буда метавонанд? Ин суолхо волидони гамхори фарзандро ва алалхусус, мактаббачагонро бояд дар тахлука андозад. Бекарор созад. Нагузоранд, ки ягон лахзаи хаётро бефикр ва созандагй бубаранд.

Ранчи гарон аст тарбияи фарзанди солим. Захматталаб аст тарбияи инсони бузург. Бехуда нагуфгаанд:

Чигархо хун шавад, то як писар мисли падар гардад…

Ба ранч андар аст, эй хирадманд ганч,

Наёбад касе ранч нобурда ганч.

Барои оне ки фарзанди кас ба амалхои носавобу номатлуб даст назананд, барои оне, ки оила мустахкаму пойдор ва намунаи ибрат бигардад, бояд андеша кард, мулохизакорона андеша ронд, бо рохи рост рохнамун сохт, ба мехнат аз хурдй одат кунонд, фарзандро то хамеша банд бошад. то паси дастоварди халолу бо мехнат ба дастомада кушад, хиёнаткор нагардад, бовичдон ба воя бирасад, на дузду авбош. Хамвора кушиш кунад, ки илм омузаду мехнат кунад ва пеш аз хама, боору номус ба воя бирасад. Бидонад. ки обру бозори харид надорад, онро бо захмату кору ранч ба дасг меоранд. Ана чунин бояд кард, то тифлон ба амалхои номатлуб даст назананду шарафёр гарданд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар