Асосӣ Мақолаҳо Ростгўӣ камоли инсонист

Ростгўӣ камоли инсонист

Ростгўӣ камоли инсонист
2020-06-12
83

Ростгўӣ камоли инсонист

Ростиро набувад ҳеч заволе ба миён.
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.

Оре, ростию ростгўӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрўю эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст нахоҳад дод. Ростгўӣ ва росткориро ягон амали дигар паноҳ карда наметавонад. Ҳақиқат дар ҳамаи мавридҳо рўзе боло мебарояд. Ростӣ, яъне ҳақиқат хамеша манбаи осудаҳолӣ, ободӣ, озодӣ ва салоҳият аст.
Ростиро ба сарв ташбеҳ додаанд, ки ҳатто дар ҳолати хушкиаш боз ба асо, ки афсурдагонро қудрати роҳравӣ, пиронсолонро мадор мегардад. Пас, ростӣ занҷири пайвастаи ногусастанист, ки аз ҳар гузашти айём, аз ҳар беэътиноие канда намешавад, завол намеёбад, Росткорӣ ва ростгўӣ албатта, хислати шахсиятҳои бузургу бофаҳм ва озодандешу бофазилат аст. Ин гуна шахсиятҳо дар хонадонашон, дар тарбияи фарзандонашон, дар куҷое, ки набошад, росткоранд. Албатта, фарзандонашон низ ин хислатҳои бузурги инсониро ҷонибдорӣ намуда, дар байни табақаҳои гуногуни одамон фарқ карда меистанд.

Поктинат агар аз хок ба афлок расад,
Равиш аз даст надиҳад, вазъ дигаргун накунад.
 

Инсоне, ки дар муҳити дурусту бофазл ба воя расидааст, ҳамеша росткору поктинат ва бузургдилу бофазилат аст. Асоси фазилатҳои хуб дар муҳити хуб ва оилаи солим ба вуҷуд меояд, дар хуну дили кас ҷой мегирад ва ҳамин хел то дами пирӣ ёвару роҳнишондиҳандаи каси бохирад мегардад.

Мутаассифона, дар баъзе оилаҳо фарзандон на дар рўҳияи ростию росткорӣ, балки дар муҳити баду носолим ва бемаърифатӣ ба камол мерасанд. Дурўғгўянду бемаърифат, бетарбияанду разил, ки чунин хислатҳои бад, албатта, касро бо роҳи каҷу беҳосил ва зишту табоҳ бурда мерасонад, ки ҳеч гоҳ ба пешравӣ ноил намегарданд. Камолиддин Биноӣ бар ҳақ фармуда:

Ростонро баду бало нарасад,
Марди каҷрав ба ҳеч ҷой нарасад.

Ростгўӣ хислати басо бузургест, ки хоси ҳар кас буда наметавонад. Каси ростгўй виҷдону имони пок, қалбу рўҳи покро дорост. Ростгўиву росткорӣ ба хонаи кас таровату нур, файзу саховат ва баракату хушӣ меорад. Каси ростгўй мисоли гулу гиёҳи рўҳбахш ва оби мусаффо ҳаловатбахш аст, ки баробари шунидани ҳарфи росту бамавридаш аз дили поку беолоишаш гувоҳӣ меорад. Ба дили кас роҳ меёбад, писанд мегардад, мафтун мегардонад. Валекин дурўғу беэътиноӣ табъи касро хираву хотирро ошуфта сохта, эхтиромро нисбати гўяндааш дур мегардонад.

Салоҳи мардумон дар ростгўист,
Ки дар кизбу каҷӣ беобрўист.

Ростгўиву росткорӣ рисолатҳои инсони асилу бомаърифатанд. Инсоне, ки рисолаташро ба ҷо намеорад, дар қатори ҳайвонҳо қарор дорад. Ростгўӣ мисли пироҳани зебо касро, ботину вуҷудашро ороставу пероста ва зебову пурнур мегардонад. Ростгўй ҳамеша соҳибиззат, баобрўй ва соҳибқудрат аст. Амали некаш ҳамеша ўро ба муваффақият, ба иззати баланд мерасонад. Ў то дами марг ва ҳатто баъд аз марг низ дар дилу дидаи мардум ҷой мегирад. Ростгўӣ камоли инсонӣ, нишонаи бомаърифатӣ ва таҷассумкунандаи хиради волост.

Бузург он касе, к-ў ба гуфтори нек,
Забонро биорост, кажжӣ нахост,
Агар хоҳӣ дар ҳар ду саро обрўй,
Ҳама ростӣ кун, ҳама рост гўй.

Хулоса, ҳамеша бояд кўшид, ки аз дурўғ забон барбаст, аз бадӣ канор ҷуст. Ҳамеша ҷаҳд мебояд, то дар ҳамаи корҳо росткору ростгў ва ростқавлу роҳнамо буд, зеро фазилати бузурги инсони асил ростиву ростгўист. Аз бадиву дурўғ, фитнаву фасод дур мебояд буд, то роҳнамо гардид. Дар ноободиҳо ободӣ, дар зулмат нур, дар ҷаҳолат шодкомӣ ва дар зиндагӣ покию ростӣ ва осудаҳоливу хушӣ мебояд ҷуст, ки ҳама аз росткорӣ падид оянд.

Ҳомидов Абдулвоҳид

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:33
Пешин12:40
Аср17:56
Шом20:02
Хуфтан21:32
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар