Асосӣ Мақолаҳо Тозагӣ гарави саломатӣ аст

Тозагӣ гарави саломатӣ аст

Тозагӣ гарави саломатӣ аст
2020-06-12
2903

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Худованди яктову беҳамто, ки бо фазлу карами худ оятҳову нишонаҳое ба мо нишон дод то бо ақлу тадбир роҳи ҳидояту наҷотро пайдо намоем. Дуруду саломи бепоён бар ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш бод.

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рўзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту, к-аз дарди дигарон бе ғамй,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Саъдии Шерозӣ

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз бемории коронавирус дар ҳама кишварҳои ҷаҳон паҳн шудааст ва ягон ҷомеа ва давлате нест, ки аз хатари он эмин монда бошад. Барои пешгирӣ ва барҳам задани ин беморӣ кўшишҳо шуда ва молҳои зиёд харҷу сарф карда мешаванд. Ин беморӣ, ки сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии худро дорост, имрўзҳо роҳҳои муолиҷа, аз байн бурдан, кам кардани шиддати он ва нигоҳ доштани ҷамъият аз зарарҳои ногувори он мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дорад.

Дини Ислом мусалмононро ба табобат намудани бемориҳои худ ташвиқу тарғиб менамояд. Пайғомбари Худо (с) мефармоянд: «Ҳар дарде давое дорад ҳар гоҳ давои дард ташхис дода шуд, бемор ба хости Худованди азза ва ҷалла беҳбудӣ меёбад».

Ҳазрати Паёмбар (с) муҳим будани саломатиро борҳо таъкид кардааст. Аз ҷумла боре ў ба ҳамсуҳбати худ чунин гуфтааст: «Ё Аббос, аз Аллоҳ тандурустиро дар ин олам ва олами оянда талаб намоед» (Насоӣ).

Аз ин рў, мусулмонон бояд аз ҳама гуна амале, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон зарар дорад, худдорӣ намоянд.

Дини Ислом ҳамеша баррасии мавзўъҳоеро, ки барои ҳифзи саломатӣ ва ҳаёт кўмак менамоянд, дастгирӣ мекунад. Танҳо тавассути илму дониш мусулмонон метавонанд саломатии худ ва аҳли ҷомеаро аз хатари ин беморӣ ҳифз намоянд. Чунки дини Ислом динест, ки саропо аз дилсўзӣ, муҳаббат ва раҳм иборат аст. Паёмбар (с) ба мусулмонон мефармуданд:

«Шумо ба биҳишт ворид намешавед, то даме ки имон наоред, шумо имон намеоред, то даме ки якдигарро дўст надоред».

Дар ҳадиси дигаре омадааст: «Аллоҳ танҳо нисбати он бандагонаш дилсўзӣ мекунад, ки худашон дилсўз бошанд».

Дар дини Ислом назофату покизагӣ ҷойгоҳи арзишманде дорад ва моро ҳамвора ба сўйи тозагию покизагӣ даъват мекунад. Расули Худо (с) дар ин маврид мефармоянд:

 «Худованди таъоло пок аст ва покиро дўст медорад, покиза аст ва покизагиро дўст медорад, бахшанда аст ва бахшандагиро дўст медорад, пас гирдогирди хонаҳоятонро покиза нигоҳ доред ва ба қавми яҳуд шабоҳат маҷўед». (Ривояти Тирмизӣ).

Инсон тавассути ақли бузургаш муҳитро тозаву озода нигоҳ медорад, аз ифлосиву нопокиҳо эмин мегардонад. Покии ҳар як гўшаву канор, молу амвол, чизу чора ва оилаҳову фарзандони солим маҳз ба инсоният вобастагӣ дорад. Тозагии муҳити обу ҳаво, нигоҳ доштани ҳастии растаниву наботот, ки ҳама ба инсон фоидабахшанд, низ аз худи одамон вобастагӣ дорад. Одамон, бахусус занон асоси тоза нигоҳ доштани маводи рўзгор, аз қабили хонаву ашёи он, либосу палос, ашёи рўзгордорӣ, тозагии тифлакону муҳит ҳастанд. Агар дар хонадон зани оқилаву порсо ва покдоману ҳалолкор вуҷуд дошта бошад, албатта, ҳама ашё низ тозаву озода ва дар ҷои худ қарор мегиранд. Шуста истифода кардани меваву сабзавот, тоза нигоҳ доштани амволи хона низ муҳитро озода мегардонад. Нафас гирифтани ҳавои хубу дилкаш мояи тансиҳатии ҳамаи аҳли хонадон мегардад. Тансиҳатии ҳар як инсон аз хурд то бузург ба муҳити ў вобастагӣ дорад. Агар ҳавои хонадон тозаву озода, ҳар як маводи истеъмолӣ поку беолоиш набошанд, инсон наметавонад тансиҳат бошад.

Бинобар ин, фарди мусалмон ба покиза доштани муҳити худ алоқаи хоссе дорад. Ҷое, ки тоза ва покиза бошад, ба сокинон ва касоне, ки ба он ҷо меоянд, ҳисси оромиш мебахшад. Байни покизагии муҳит ва саломатии бошандагони он иртиботи мустақиме вуҷуд дорад. Маконе, ки поку озода бошад, баёнгари шаъну мақоми сокинонаш мебошад.

Назофат ва покизагӣ нишонаи имон аст. Аз Абўмолик Ҳорис ибни Осими Ашъарӣ ривоят аст, ки гуфт: Пайғамбари Худо (с) фармудаанд:  «Покизагӣ нисфи имон аст». (Ривояти Муслим).

Расули Худо (с) дар мавриди истифодаи дурусти об ва ҳифзу нигоҳдошти он, ки манбаъи асосии ҳаёт аст, тавсия ва дастуроти судманде додаанд. Аз ҷумла дар ҳадисе мефармоянд:

 «Чун яке аз шумо аз хобаш бархезад, дасташро дар об наяндозад, то он ки онро се бор бишўяд, зеро ў намедонад, ки дасташ дар куҷо қарор доштааст».

Дар ҳадиси дигаре мефармоянд: «Ҳеҷ яке аз шумо дар оби ҷорӣ бавл накунад ва дар он аз ҷанобат ғусл насозад».

Тавре маълум аст, бисёре аз бемориҳои сироятӣ ба сабаби риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ба вуҷуд меоянд, дар ҳоле ки Ислом чордаҳ аср пеш ин масоилро ҳаллу фасл намудааст. Худованд дар ояти 108-уми сураи Тавба мефармояд: «Худо покизагонро дӯст медорад».

Пайғамбари Худо (с) дар ҳадисе фармуданд: «Покизагӣ аз имон аст ва имон ҳамроҳи соҳибаш дар биҳишт аст».

            Мавзўи таҳорат ва покӣ дар бештар аз 32 ҷои Қуръони карим зикр гардидааст. Худованд дар ояти 222-уми сураи Бақара мефармояд:

«Ҳамоно Худованд тавбакунандагон ва покшавандагонро дўст медорад».

Яке аз дастуроти муҳими Ислом, беҳдошти даҳон ва дандон аст. Тамоми пешвоёни бузурги динӣ дар ин бора таъкиди фаровон кардаанд. Ба хусус дар сирати амалии Паёмбари Ислом (с) ин амр таъкиди хоссе шудааст. Худи он ҳазрат (с) ҳар рӯз чанд бор махсусан шабҳо пеш аз хоб ва пас аз бедорӣ ва ҳангоми вузў гирифтан дандонҳояшро бо диққат мисвок мекарданд ва ҳатто ҳангоме ки дар бистари беморӣ ва дар охирин дақиқаҳои умри дунявии худ буданд, мисвок хостанд ва дандонҳои худро мисвок карданд. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд:

«Мисвок поккунандаи хубе барои даҳон ва василаи хушнудии Парвардигор аст». (Ривояти Бухорӣ).

Дар мавриди одоби нўшидани об он Ҳазрат (с) чунин тавсия додаанд:

«Чун яке аз шумо об нўшидан хоҳад, пас дар он нафас наяндозад». (Ривояти Бухорӣ).

Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ҳар касе шаб ба хоб равад, дар ҳоле ки дасташ бўи ғизо дошта бошад, баъдан бар асари он дар дасташ дарде ва ё хорише пайдо шавад, пас фақат худашро маломат кунад». (Ривояти Бухорӣ).

Дини мубини Ислом дини покию назофат ва интизом аст, мову шумо мардону занонро ба аҳаммият додан ба покию назофат ва ҳаёти зебо амр мекунад. Дар ростои таъкидҳои беҳдоштӣ нисбат ба беҳдошти муҳити зиндагӣ низ таваҷҷуҳи хоссе доштанд. Ҷорўб задан ва покиза намудани фазои хонаро мустаҳаб медонистанд ва мефармуданд: “Зубола (мусор)-ро қабл аз фаро расидани шаб аз хона хориҷ намоед, зеро ҷойгоҳи Шайтон (микроб) аст”.

Хулоса яке аз омилҳои муҳими эмин мондан аз хатари бемориҳои сироятӣ ва гарави тансиҳатии ҳар як инсон покӣ ва назофату тозагӣ ба шумор меравад, ки дар фарҳанги Ислом бо беҳтарин сифатҳо ёд ва васф шудааст. Бисёр мебояд кўшид, то муҳит солиму озода ва хонадону фарзандон саломату тандуруст бошанд. Барои ҳамаи ин бояд ҳалолкору покизакирдор ва дўстдори муҳити хеш буд. Ба ононе, ки тозагии муҳити экологии атрофро халалдор мекунанд, бояд мубориза бурд. Онҳоро ба тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як гулу гиёҳ ва обу хоки муқаддаси Ватани азиз даъват намуд. Агар мехоҳем, ки зиндагии осоишта, рўзгори обод, фарзандони солимфикру тансиҳат дошта бошем, пас моро лозим меояд, тозакору муҳитпарвар ва бунёдкори ҳаёти покизаи хеш бошем. Ҳар як ҳастӣ ва ҳар қатраи обу хоки атокардаи Офаридгори созандаро поку беолоиш нигоҳ дорем. Худованд тавфиқи амал кардан ба гуфтаҳои Расули Худо (с)-ро ба мо бидиҳад ва моро аз ҳама офату бемориҳо дар ҳифзу ҳимояташ нигоҳ дорад.

 Хомўшов Ҷамолиддин

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар