Асосӣ Мақолаҳо Аввал андеша баъд гуфтор…

Аввал андеша баъд гуфтор…

Аввал андеша баъд гуфтор…
2020-06-23
2417

Дар шумораи №21-уми ҳафтаномаи мардумии «СССР» Ғуломалӣ Асоев таҳти сарлавҳаи «Масҷид хонаи Худост ё шайтон» андешаҳои худро баён дошта иддиои он дорад, ки вақте масҷид хонаи Худо бошад, пас шайтон он ҷо чӣ мекунад? Ва ҳамчунин шикоят аз он дорад, ки муллоҳои мо мардумро дар намоз бо ҳамдигар ҷафс мекунанд.

Ба таваҷҷуҳи муаллифи мақола расониданием, ки он шиквае, ки шумо аз зичии сафҳо ва ҷафс шудани намозгузорон доред, он ҳам суннати Расули Худо (с) аст, ки ҳар чи он Ҳазрат (с) барои ин уммат фармудаанд, саропо ҳикмат ва манфиат аст. Ҳеҷ як мулло ва аҳли илм аз пеши худ ҳақ надорад навоварие дар дин эҷод намояд. Дар масҷид бештар касоне намоз мегузоранд, ки аз рўи иршодоти Паёмбари Худо (с) то ҷое огоҳӣ доранд. Агар барои шумо бисёр ношинос ва аз ғароиб бошад, ки чаро намозгузорон зич саф мебанданд, пас бояд аз имоми қавматон суол мекардед, ки чаро чунин аст? Дар сурати ҷавоб наёфтан ба дигар ҷо муроҷиат мекардед.

Ёдовар бояд шуд, ки сафҳоро рост ва ҷафс кардан суннати Паёмбари Худо (с) аст, чунонки дар ҳадиси шариф аз Нуъмон ибни Башир (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) сафҳои моро ба монанди тирҳои найза рост мекард, то замоне ки барояшон маълум гардид, ки сафҳои мо рост шудааст ва мо сафбандиро омўхтем. Рўзе Паёмбар (с) барои намоз пеш мегузаштанд ва пеш аз он ки такбир гўянд, мардеро аз саф берун истода диданд ва фармуданд: Эй бандагони Худо, сафҳоятонро баробар созед, вагарна Худо миёни шумо ихтилоф эҷод менамояд. (Ривояти Муслим)

Ва боз ҳам дар китоби Мишкот, боби тасвияи саф аз Анас (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: Пайваста ва устувор кунед сафҳои худро ва наздикӣ кунед байни сафҳо ва баробар кунед гарданҳоро (манъ аз пасопеш истодан), пас савганд ба Худое, ки бақои зоти ман дар дасти ўст, ман мебинам шайтонро, ки медарояд аз кушодагӣ ва рахнаи саф, гўё он шаётин мисли ҳазафанд.

Ба нависандаи ин андешаҳои ғалат маслиҳат медодем, ки ба ҷои танзу гумонҳо аз иттилоот кор бигирад. Бояд донист, ки шариати Ислом побарҷо ва равона аз пайи нақл аст, на аз рўи ақл. Яъне як нафар наметавонад як масъаларо ба ақли худ баркашад ва ба дигарон бирасонад. Агар ин тавр мебуд, ҳар нафаре мувофиқ ба ақли худ чизе ба дин зам ё баръакс кам мекард. Шариат ва ҳукмҳои он аз ақлҳои мову шумо вобаста набуда, онро Худо муайян намуда ва ба воситаи зоти мубораки Расулуллоҳ (с) ба мо бозгў намудааст.

Мустафо ҳаргиз намегуфт, то намегуфт Ҷабраил,

Ҷабраил ҳаргиз намегуфт, то намегуфт Кирдигор.

Ин андешаи ғалат, ки шайтон дар масҷид бояд даромада натавонад, маҳсули тахайюлоти худи Ғуломалӣ Асоев аст. Дар ягон маъхази динии дигар инчунин наомадааст. Вақте дар замоне ки Расули акрам (с) дар рўи замин зинда буданд ва аз осмон ваҳй фуруд меомад ва худи он Ҳазрат (с) мегўянд, ки ман шайтонро мебинам, ки мисли барача дар миёни ковокии сафҳо дохил мешавад, пас ки иддио мекунад, ки наход шайтон дар хонаи Худо дарояд. Ин суол аз ноогоҳии ў дарак медиҳад, ки асло тасаввуроте нисбати зиндагӣ ва фармудаҳои Паёмбари Худо (с) надорад.

Аз ҳазрати Ҷабраил (а) пурсиданд, ки беҳтарин гўшаи замин куҷост? Гуфтанд, ки беҳтарин гўшаи замин масҷид аст. Ин ки масҷидро хонаи Худо мегўянд, ба он сабаб аст, ки дар он ҷо Худо ёд ва парастиш карда мешавад, вагарна Худои маннон ломакон аст ва ҳеҷ маконе ўро иҳота намекунад, балки ў таъоло иҳотакунандаи тамоми маконҳо аст. Инчунин на ҳамаи он касоне, ки ба масҷид мераванд, холис барои ибодат мераванд, балки касоне ҳам дохили масҷид мешаванд, ки пойпўши дигаронро бирабоянд, чӣ расад ба шайтон. Аз мазмуни ҳадис бармеояд, ки  ҳар ки бо кадом нияте дохили масҷид шавад, ҳамонро дармеёбад. Савоб ва наҷоти қиёмат насиби танҳо касоне аст, ки холис Худоро мепарастанд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар