Асосӣ Мақолаҳо Ҷойгоҳи сабр дар зиндагӣ

Ҷойгоҳи сабр дар зиндагӣ

Ҷойгоҳи сабр дар зиндагӣ
2020-07-04
1683

Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон

Инсон дар зиндагии худ вақте ба мушкиле, душворие ва ё мусибате рў ба рў мешавад, бояд сабр пеш гираду ба дур шудани он мушкилот умед дошта бошад. Аммо сабр дар пояи чунин равишҳо ба миён меояд:

1. Имон ба қазову қадар. Дар оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ таъкид ба ин нукта шудааст, ки тамоми мусибат ва хушие, ки ба банда рух медиҳад, маҳз бо хости Худованд буда, дар сарнавишти банда навишта шудааст.

2. Бовар доштан ба ин ки саранҷоми ҳама чизҳои зинда марг мебошад ва ҳеҷ кас аз чашидани лаззати марг халосӣ надорад.

3. Ба ёд дошта бошад, ки дунё маҳалли гузар ва роҳе ба сўйи охират аст, аз ин рў, ҳамеша тўшаи худро омода дорад.

4. Бидонад, ки дунё ҷойи озмоиш аст, ба ин хотир пур аз мусибату тирагиҳо ва андўҳҳо мебошад. Чунончи Худованд дар ояти 4-уми сураи «Балад» мефармояд:

«Ҳар ойина инсонро дар машаққату сахтӣ офаридем».

5. Бидонад, ки бетобӣ кардан фоидае надорад, балки мусибатро дучандон мекунад, аҷру подошро аз байн мебарад ва инсонро дар маърази гуноҳ қарор медиҳад.

6. Ба хотир дошта бошад, ки инсон ва тамоми дороии ў моли Худованд аст.

7. Ба хотир дошта бошад, ки сабр дар мусибат савоби зиёде дорад, ки намунае аз он ба гунаи зайл аст:

1. Дохил шудан ба биҳишт:

«Ва малоика аз ҳар даре бар онҳо ворид мешаванд ва мегўянд: Дуруд бар шумо, ба хотири сабратон, пас чӣ хуб аст зиндагӣ ва ҷаҳони охират» (сураи «Раъд», оятҳои 23,24)

Дар ҳадиси қудсие низ омадааст, ки Худованд мефармояд: Эй фарзанди Одам, агар дар садама ва балои бузург сабр кардӣ, ба ҳеҷ подоше ғайр аз биҳишт барои ту розӣ намешавам.

2. Худованд ҳамеша бо сабркунандагон аст.

3. Худованд сабркунандагонро дўст медорад.

Сахтиҳо ва мушкилоте, ки ба сари инсон меояд, ҳама ба тақдире аст, ки Худованд дар азал навиштааст ва дар баробари он ба сабру шикебоӣ амр фармуда, дар ивазаш аҷру подоши фаровонро ваъда додааст. Чунонки дар каломи худ мефармояд:

«Бидуни тардид сабркунандагон подоши худро беҳисоб ва ба тамом хоҳанд ёфт» (Сураи Зумар, ояти 10)

Дар пайи сабр манзилат ва ҷойгоҳи бас бузург ба даст меояд, ки он розӣ будан ба қазо ва қадари илоҳӣ аст. ҳазрати Умар (р) ба Абўмусои Ашъарӣ чунин менависад:

«Тамоми хайру хубӣ дар ризо аст, агар тавонӣ, розӣ бош, вагарна сабр пеша кун».

Сабру шикебоӣ дар мусибату сахтиҳо воҷиб буда, розӣ ва хушнуд будан ба онҳо хуб ва некў аст, чунонки Расули Худо (с) дар дуоҳои хеш мудом чунин мефармуданд:

 «Аз Ту хушнудӣ пас аз мусибатро мехоҳам».

Сабр дар баробари муқаддароти илоҳӣ яке аз шуъбаҳои муҳимми имон ва ибодати бузург буда, мақому ҷойгоҳи воло дорад. Розӣ ва хушнуд будан ба он чи Худованд муқаддар намудааст, ҷойгоҳи волое дорад, ки танҳо сабркунандагон ба он ноил мешаванд.

Худованд мефармояд:

«ҳар касе ба Худо имон дошта бошад, Худо дили ўро раҳнамун мегардонад ва Худованд аз ҳар чизе комилан огоҳ аст». (Сураи Тағобун, ояти 11)

Алқама дар тафсири ин оят гуфтааст: Вақте мусибате ба ў мерасад, ў фавран мутаваҷҷеҳ мешавад, ки он аз ҷониби Худо аст ва ба он розӣ ва хушнуд мешавад.

Худованди маннон ба ҳамагон тавфиқи сабру ризо дар баробари сахтиҳо ва мушкилоти зиндагӣ ато фармуда, аҷру подоши фаровон насибу рўзӣ гардонад. Омин!

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар