Асосӣ Мақолаҳо СOVID-19. СОЛИМИИ МАНУ МО СОЛИМИИ МИЛЛАТ АСТ

СOVID-19. СОЛИМИИ МАНУ МО СОЛИМИИ МИЛЛАТ АСТ

СOVID-19. СОЛИМИИ МАНУ МО СОЛИМИИ МИЛЛАТ АСТ
2020-08-06
195

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди хоҷагии халқи мамлакат, пешгирии паҳншавии коронавирус ва пайомадҳои ин беморӣ, солимии ҷомеа ва, дар маҷмӯъ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки чанде пеш ба тасвиб расиданд, иқдоми муфид ва саривақтӣ буда, гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

        Дар моддаи 112, қисми 2 - и қонуни мазкур таъкид шудааст, ки ба шахсони воқеие, ки барои пайдоиш ва паҳншавии бемории барои инсон хавфнок мусоидат намуда, талаботи муқарраршударо риоя намекунанд, ҷазои маъмурӣ таъйин карда шавад.

         Дарвоқеъ, бемории сироятии COVID - 19, ки имрӯзҳо кулли ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба ҳамаи самтҳои фаъолияти инсоният таъсири манфии худро расонда истодааст. Он ба ҷуз он, ки дар ҷаҳон ҷони садҳо  ҳазорро рабуд, инчунин, соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳои мубталогаштаро хеле заиф намуд. Кишвари мо низ, ки ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонист, аз таъсири ин беморӣ эмин намонд.      
          Бемории мазкур дар кишвари мо дертар зуҳур кард ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои қаблан гирифторшуда ба он мусоидат намуд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати мубориза бар зидди он чораҳои таъхирнопазир андешад. Тадбирҳои зарурӣ ва фаъолияти муназзами идораҳои дахлдор, махсусан кори табибони ҳозиқ натиҷаи мусбат ба бор оварда, ба он мусоидат карданд, ки теъдоди гирифторони ин беморӣ бамаротиб коҳиш ёбад ва шиддати паҳншавии он зуд  пешгирӣ гардад.
Вале ин маънои онро надорад, ки сокинони кишвар ба бепарвоӣ роҳ диҳанд, тавсияи мутахассисони соҳаи тибро сарфи назар намоянд ва хатари даҳшатбору марговари ин бемориро аз хотир баранд. 
Ягона роҳи асосии сироят наёфтан ба ин беморӣ аз эҳтиёт кор гирифтан аст. Зеро, ба гуфтаи табибон, омили асосии паҳн гаштани ин беморӣ дар миёни ҷомеа сироятёбӣ аз шахси мубталои беморӣ ба инсони солим мебошад. Ин бемории марговар бо роҳи қатраӣ - ҳавоӣ, алоқаи наздик, яъне дасти ҳамдигар фишурдан, оғӯш гирифтан, даст расондан ба ашёву маводе, ки онҳо бо вирус олудаанд ва риоя накардани гигиенаи шахсӣ паҳн мешавад.
            Аз ин рӯ, роҳҳои асосии пешгирии ин ҳолат риояи гигиенаи шахсӣ, истифода аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, пайваста шустани дастон бо собун ва риояи фосила маҳсуб меёбанд.

           Мутаассифона, айни ҳол на ҳама сокинони мамлакат чунин талаботи ҳатмиро риоя мекунанд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо аксар вақт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ба назар мерасад, ки аз беэҳтиётӣ ва нописандӣ дарак медиҳад.

          Ҳолатҳои бениқоб равуо намудани мардум бе риояи фосилаи муқарраргардида дар кӯчаву хиёбон, бозорҳо, назди банкоматҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ бештар мушоҳида мешавад. Хусусан дар нақлиёти ҷамъиятӣ чунин ҳолат бештар чашмрас аст. Бар замми он, ки фосила дар нақлиёти номбурда риоя намегардад, инчунин, на ҳама ниқоби тиббӣ доранд.
          Мавриди зикр аст, ки дар дохили нақлиёт шахсони мутасаддӣ, аз ҷумла волонтёрон, аксар вақт пайи назоратанд. Ҳамчунин, дар дохили нақлиёт ва беруни онҳо низ варақаҳои огоҳикунандаи риояи тартибот бо навиштаҷоти “Бениқоб даромадан манъ аст” насб шудааст. Ронандаҳо низ аз мусофирон риояи талаботро талаб мекунанд. Бо вуҷуди ин, ҳолатҳои бепарвоию беэҳтиётӣ бисёр ба назар мерасанд.

          Хатари даҳшатбори пандемияи навро нодида гирифтан, бепарвоӣ ба саломатии атрофиён ва сарфи назар кардани қоидаҳое, ки бо тавсияи мутахассисони беҳтарини ҷаҳон муқаррар шудаанд, аз хирад нест, хосса вақте ҷомеаи ҷаҳонӣ аз эҳтимоли хуруҷи мавҷи дуюмбораи СOVID-19 ҳушдор медиҳад.

             М. Абдуқаҳҳор

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:48
Пешин12:40
Аср16:26
Шом18:27
Хуфтан19:57
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар