Асосӣ Мақолаҳо ВАҚТ АСТ, КИ БА ДАРКИ АНДЕШАҲОИ ИБРАТБАХШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БИРАСЕМ

ВАҚТ АСТ, КИ БА ДАРКИ АНДЕШАҲОИ ИБРАТБАХШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БИРАСЕМ

ВАҚТ АСТ, КИ БА ДАРКИ АНДЕШАҲОИ ИБРАТБАХШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БИРАСЕМ
2020-09-11
1496

Инсон беҳтарин махлуқи Офаридгор буда, тамоюли ӯ сӯи некиву хубиҳо равона аст ва ҳамеша мехоҳад соҳиби неъматҳои фаровон бошад, ҳаёти хушу гувороро аз сар гузаронад ва аз ин лиҳоз, доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз бадӣ ва нороҳатиҳо дур бошад.

Дар ин маврид Расули акрам (с) барои ноил шудан ба ин неъматҳо ба умматони хеш тавсия намуда фармудаанд:

"Ду неъмате ҳаст,ки аксари мардум онро нодида мегиранд, ҳоло он ки ин ду неъмат сарчашмаи кулли неъматҳо маҳсуб гардида, шахс тавассути ин ду неъмат лаззати соири неъматҳоро мечашад. Яке тани сиҳат ва дигаре хотири ҷамъ аст"

Лаззати хӯрдан, пӯшидан, тӯю сурур намудан, ба сайру саёҳат рафтан ва ҳама хушиҳо ба назари инсон ҳамон вақте қадр пайдо мекунад, ки ҷомеа тинҷу ором ва ҳаёти осоишта муҳайё бошад.

Мо бояд ҳама қишри ҷомеа, устоду донишҷӯ, зиёиву ходими дин дар роҳи ҳифзу нигаҳдошти суботи миллӣ муттаҳид гардида, барои ҳимояи ватани маҳбубамон ҷаҳду талош варзем. Зеро бароямон маълум аст, ки имрӯз бузургтарин хатар ин ривоҷ гирифтани амалҳои террористию экстремистӣ дар гӯшаву канори олам мебошад ва дар ин росто ҳеҷ як фарди худшиносу худошинос ҳуқуқи маънавии онро надорад, ки бетафовут бошад. Вақти он аст, ки ҳамаҷониба ба дарки сухани ибратбахши Пешвои миллат бирасем, ки гуфтанд:
“террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад”.

Воқеан, барои террорист ӯ ягон арзиш қадру қиммат ҳам надорад. Ӯ на арзиши модарро дарк мекунад, на арзиши ватану миллатро.

Аз ин хотир, аз пайравони ҷараёнҳои тундгарову ифротӣ ягон зарра умеди некӣ нест. Боз ҳам ҳақ бар ҷониби Сарвари дават аст, ки гуфта буданд:
"террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад".

Абдуҷамол Ҳомидов,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар