Асосӣ Мақолаҳо ШУКРИ ВАТАНУ ПЕШВО МЕКУНЕМ

ШУКРИ ВАТАНУ ПЕШВО МЕКУНЕМ

ШУКРИ ВАТАНУ ПЕШВО МЕКУНЕМ
2020-09-11
1567

Мо дар арафаи 29 - солагии истиқлолият қарор дорем ва дар як деҳаи начандон калон –Унҷӣ истиқомат дорем. Дар Тоҷикистони азизи мо садҳо чунин деҳаҳои хурду калон мавҷуд аст. Дар ин давра дар деҳаи мо даҳҳо дигаргунии куллӣ ба амал омад. Бунёд ва аз таъмири асосӣ баромадани беморхона, мактабҳои наву замонавӣ, даҳҳо нуқтаҳои савдою хӯроки умумӣ, чойхонаю ошхонаҳо, боғи фарҳангиву фароғатии бачагона, мумфарш шудани даҳҳо километр кӯчаю роҳҳо мисоли ин гуфтаҳост. Мо тавассур менамоем, ки тамоми деҳаю рустоҳои Тоҷикистони азизамон чунин ободу зебо ва фараҳфизо гашта истодааст.

Ҳамаи ин ба туфайли роҳбарии оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад. Бинобар ин, аз забони шоир мегӯем:

Ватанро бинозам маро дар канор,

Чу модар гирифту намуд бахтиёр.

Ҳамаи ин дастовардҳо мо – ходимони дин ва фаъолонро водор месозад, ки шукргузор бошем. Ин моро водор менаояд, ки халқ, занону мардон, ҷавонону наврасоро низ ба шукргузорӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои иҷтимоию иқтисодии Истиқлолият, ободию зебогии Ватан, амну осоиштагӣ даъват намоем. Охир, дар як деҳаи мо 1 масҷиди ҷомеъ, 8 масҷиди панҷвақта фаъолит бурда истодааст, то ин ки мусулмонон рукну одоби дини мубини Исломро озодона ба ҷо оранд, талаботи маънавии хешро ҳаматарафа қонеъ созанд. Шароити ҳозира аз мо ходимони дин ҳушёрии сиёсӣ, таҳаммул ва оштинопазир будан ба ҳар гуна дасисаҳои хавфнокро талаб менамояд ва мо инро хуб дарк менамоем. Мо вазифаи худ мешуморем, ки дар татбиқи қонунҳои миллӣ саҳмгузор бошем. Албатта, дар оянда ҳам дар атрофи Пешвои худ муттаҳиду якдилу якмаром гашта, Ватани худро боз ҳам ободу зебо мегардонем, то ин ки ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирифта бошем.

Саидазим Атаев,

имомхатиби масҷиди ҷомеиба номи  Имом Бухории ҷамоати деҳоти Унҷӣ н.Б. Ғафуров

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар