Асосӣ Мақолаҳо ҲАМЕША ШОКИР БОШЕМ

ҲАМЕША ШОКИР БОШЕМ

ҲАМЕША ШОКИР БОШЕМ
2020-11-17
51

    Тоҷикистони азизи мо яке аз давлатҳоест, ки  сулҳу суботро барои шаҳрвандонаш таъмин кардааст. Дар тамоми  минтақаҳои ҷумҳуриамон мардум озодона  кор  ва фаъолият  мекунанд. Бинобар ин, ҳар шаҳрванде, ки  дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад  ва аз ҳамин ҳавои он нафас мекашад, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасад  ва шукронаи оромии ин кишвари азизамонро намояд. Яъне, ҳар як шаҳрванд бояд  бо дониши сиёсии худ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ омода бошад.

        Дунёи имрӯза ба бузургтарин дардҳою фоҷеаҳо, мушкилоти иҷтимоиву сиёсӣ, аз қабили ифротгароӣ, терроризм, тафриқаандозӣ, ки ин ҳам аз зиёдахоҳии инсону дур  шудан аз асли хеш  ва  маданияту маънавиёт сарчашма гирифта, садди роҳи саодат ва зиндагии шоистаи инсоният гардида истодааст, ғуттавар гардидааст. Террористону экстремистон бадбахтона дар  як қатор давлатҳо аз костагии фаҳмишҳои динӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонони ноогоҳу камтаҷрибаи ҷомеа истифода намуда, нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ намуда истодаанд.

        Ҷаҳони муосир дар раванди якшавии тамаддунҳо ба тақдирҳои ҷиддие рӯбарӯ шуда истодааст, ки он хавфи зиёдеро ба амнияти воқеии давлатҳо меоварад. Абарқудратҳо ҷаҳонро ба хатари омезиши дину мазҳабҳо рӯ ба рӯ намудаанд.

          Давлатҳои абарқудрат мувофиқи барномаҳои тарҳрезишуда аз фазои носолими сиёсӣ, иқтисодӣ, динию ақлонӣ ва илмии минтақаҳо истифода намуда, дар зери ниқоби ислом идеологияи ҳадафмандонаро ба манфиати худ истифода менамоянд. Ташвиқоти терроризм, экстремизм имрӯз тариқи ҳама гуна васоити ахбор ба террористон хизмат менамоянд. Бадбахтона, ин раванд аз номи ислом амалӣ мегардад. Мусаллам аст, ки дини мубини Ислом бо ин  бузургиву беназирӣ ниёз ба ҳизбу ҳаракатҳои диниву иртиҷоӣ ва ифротӣ надорад. Ислом роҳи саодату наҷот, роҳат, осоиш  ва хориҷшавӣ аз зулмот буда, дар асоси муҳаббату садоқат, меҳрубониву вафодорӣ арзи вуҷуд дорад.

          Моро зарур аст, ки лаҳза ба лаҳза дар пояи маърифати ақлонӣ такя ба хиради азалӣ намуда, мӯйро аз хамир ҷудо намоем, бадро аз нек, сиёҳро  аз сафед, дӯстро аз душман ҷудо намудан вазифаи аввалиндараҷаи ҳамагон маҳсуб меёбад. Ҷараёнҳои экстремистӣ дар амалӣ гардондани ғояҳои худ қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа – ҷавононро ҳадаф интихоб намудаанд. Зеро миёни ин гурӯҳҳастанд ашхосе, ки аз ҷиҳати ирода  ва шуурнокӣ ноустуворанд. Ҳадафи аслии ин тоифа аслан ҷавонони аз нигоҳи андешаву тафаккур камбудидоштаро бероҳа кардан  ва идора намудан ба манфиати ифротгарон аст.

            Барангехтани кинаву адовати динӣ ва дар ин асос ба вуҷуд овардани низои динӣ аз назари Имоми Аъзам амри номашруъ (ғайришариатӣ) аст. Аз Абӯюсуф, шогирди имом Абӯҳанифа чунин ривоят шудааст: «Мо боре дар назди имом Абӯҳанифа нишаста будем. Як гурӯҳе ду нафарро (аз уламои дин) ба назди он кас оварданд  ва савол карданд: «Яке мегӯяд, ки Қуръон махлуқ аст ва  дигаре мегӯяд, ки Қуръон махлуқ нест. Бигӯ, эй имоми мусулмонон, кадоми аз онҳо рост мегӯянд  ва кадомиро мо итоат ва пайравӣ кунем».

             Имом АбӯҲанифа ҷавоб доданд: «Минбаъд аз паси ҳар дуи онҳо ҳаргиз намоз нагузоред». Онҳо пурсиданд: «Дар ҳақиқат, чунин ҳукми Шумо нисбати шахси аввал дуруст аст. Аммо чаро нисбати дувумӣ, ки ҳақ буд, чунин ҳукм раво шуд?». Имом Абӯҳанифа ҷавоб доданд: «Барои он ки онҳо дар дин низоъ ва ихтилофро ба вуҷуд оварданд, ки нораво мебошад». Ин ҳукми имом Абӯҳанифа аз асли Қуръон бармеояд, ки мақсади он ҳифзи ягонагии мардуми мусулмон, субот ва  амнияти ҷамъиятӣ мебошад.

            Асосгузори сулдҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суханрониашон ба мардум ҳамеша таъкид мекунанд, ки  бояд пиру ҷавон ҳама зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, доимо дар ҷустуҷӯи илм бошем, ки  танҳо тавассути илм инсони бадро аз хуб ҷудо карда метавонем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо шудани равияҳои динии ғайрисуннатӣ, ҳизбҳои  сиёсии хусусияти террористӣ дошта ва ба онҳо шомил гардидани ҷавононро яке аз мушкилоти душвори ҳаёти  ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон ҳисобида, пешгирии онро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомотҳои дахлдори давлатӣ, аҳли ҷомеа ва тамоми мардуми ба ору номуси кишвар донистаанд.

          Барои ҳаллу фасли вазифаҳои дар  пешамон истода моро лозим аст, ки баҳри  тарбияи  ҷавонони худогоҳу хештаншинос, Ватанпарвару маърифатхоҳ тамоми донишу маҳорат  ва қобилияту таҷрибаи худро равона намоем.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:49
Пешин12:40
Аср15:04
Шом17:13
Хуфтан18:44
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар