Асосӣ Мақолаҳо ТЕРРОРИСТ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД.

ТЕРРОРИСТ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД.

ТЕРРОРИСТ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД.
2020-11-19
36

Ҳамду ситоиш махсуси Худост, Худое, ки Парвардигори осмонҳо ва Парвардигори замин ва Парвардигори ҷаҳониён аст; ва барои Ўст азамат ва кибриё дар осмон ва замин ва Ў азиз ва ҳаким аст.

«Ў касе аст, ки Расулашро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристода аст…». (Сураи Тавба, ояти 33-48, Фатҳ, 28-61, Саф, 9)

«Касоне, ки имон оварданд ва амали солеҳ анҷом доданд ва имон овардаанд ба он чӣ бар Муҳаммад (с) нозил шудааст, ки ҳақ аст ва аз сўи Парвардигорашон бар Ў (с) нозил шудааст, Худованд гуноҳонашонро мебахшад ва ислоҳи ҳолашон менамояд». (Сураи Муҳаммад, ояти 2)

Имрўз мо шоҳиди он ҳастем, ки минтақаҳои мухталифи оламро мавҷи бесобиқаи терроризм, ифротгароӣ ва низоъҳо фаро гирифта, рақобати геосиёсии абарқудратҳо рў ба афзоиш ниҳодааст. Тоҷикистон, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша зидди ҷангу нооромӣ ва ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳама гуна мухолифату низоъҳо мебошад.

Аз ҳодисаву рўйдодҳои чанд соли гузашта, бахусус моҳҳои охир маълум мегардад, ки бар асари буҳронҳои сиёсӣ, бархўрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷиҳати аз нав тақсим кардани ҷаҳон, инчунин,  шиддат гирифтани низоъҳои диниву мазҳабӣ дар чандин кишварҳои исломӣ, амалҳои даҳшатбори террористӣ дар як қатор минтақаву кишварҳои сайёра вазъи ҷаҳони муосир боз ҳам мураккабу ҳассос гардидааст. Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одамон ба ҳалокат расида, оромиву осудагӣ дар аксари мамлакатҳо халалдор гардидааст.

Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиеро, ки ҳанўз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода,  сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида, таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик аз байн нарафтааст, фаромўш накардаем. Сулҳ ба ҳайси бузургтарин сармояи маънавии инсоният шароит ва имкон фароҳам меорад, ки аҳли башар бо ҳам дўстона зиндагӣ кунанд ва барои худ муҳити орому осоишта бунёд намоянд.

Танҳо ба шарофати сулҳу ваҳдати комил мо тавонистем дар як муддати кўтоҳ қариб як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонем, барои мардум шароити кору зиндагиро муҳайё созем ва раванди созандагиро оғоз намоем. Вазъи имрўза ва хатарҳои афзоянда бояд шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонони моро ҳушёр созанд, ки ба ҳар гуна ҳаракату гурўҳҳои тундрав шомил нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кўшиш намоянд ва Ватани азизамонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм, фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад”.

Дар робита ба ин муҳтарам Ҷаноби Олӣ борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда буданд, ки “Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Чуноне ки аз расонаҳои хабарӣ мешунавем рўзҳои охир дар баъзе аз кишварҳои ҳамсоя ба хусус дар Афғонистон аъмоли разилонаву куштори мардуми бегуноҳ аз ҷониби баъзе гурўҳои ифротӣ, ки ҳадафашон бадномкунии дини мубини Ислом мебошад, рўх дода истодааст, ки ин аъмоли ноҷавонмардонаи онҳо аз ҷониби тамоми аҳли ҷомеа, шадидан маҳкум карда шудааст.

Чунин ҳодисаҳоро дар ислом фитна мегўянд ва дар ин маврид Расули акрам (с) фармудаанд: «Фитна аз қатл шадидтар аст». Қатлу куштор бадтарини амалҳо буда, қотил натанҳо мусулмон, балки одам нест!

Худованд дар Қуръони карим қатлу кушторро маҳкум намуда, мусулмононро чунин мефармояд:

Ба сабаби ин ҳодиса бар Банӣ Исроил ҳукм кардем, ки ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад; ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо зинда сохта бошад. Ва ба дурустӣ ки пайғамбарони Мо бо нишонаҳои равшан ба онҳо омаданд; боз ҳам бисёре  аз онҳо баъд аз ин дар замин таҷовузкунандагонанд. (44.Сураи Моида, ояти 32).

Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ў дўзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ў хашм гирифтааст ва ўро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ў омода сохтааст. (Сураи Нисо, ояти 93).

Пайғамбари гиромӣ (с) моро аз фитна ва ангезаҳои он барҳазар намуда, одамонро ба дурӣ ҷустан аз фитнаҳои охируззамон тарғиб менамоянд: Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Ба зудӣ фитнаҳое ба вуқўъ хоҳад пайваст ва дар ин фитнаҳо шахси нишаста беҳтар аз шахси истода аст ва шахси истода беҳтар аз шахси раванда ва шахси раванда беҳтар аз иштироккунанда аст. Касе, ки ба онҳо тамоюл намояд, ўро ба сўи худ ҷалб менамоянд. Пас касе, ки паноҳгоҳ ва гўшае пайдо карда метавонад, ба он ҷо паноҳ бибарад ва гўшагирӣ намояд.” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 2192).

Оре фитна яке аз нишонаҳои охират аст, ки Паёмбар онро чунин шарҳ додаанд: Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Илм аз байн меравад ва ҷаҳл ва фитнаангезӣ ҷойгузини он мешавад ва ҳараҷу мараҷ зиёд мегардад. Касе пурсид: Ё Расулаллоҳ, ҳараҷу мараҷ чист? Паёмбари Худо (с) дар ҷавоби он шахс дасти мубораки худро тавре ҳаракат доданд, ки далолат ба қатл ва куштор мекард.

Аз ин рў, дар ин лаҳзаҳо бахусус, ба ҷавонони даврони истиқлолият муроҷиат карда, таъкид менамоем, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо - сулҳу суботи пойдор расанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, шукронаи Ватанро ба ҷо оранд, ба қадри ҳар ваҷаб хоки муқаддаси сарзамин расида , танҳо дар доираи қонун зиндагиву фаъолият кунанд, сатҳи саводу дониш ва ҷаҳонбинии худро баланд бардошта, Тоҷикистони маҳбубро бо тамоми муқаддасоташ ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд.

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди мардуми шарафманди мо маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:49
Пешин12:40
Аср15:04
Шом17:13
Хуфтан18:44
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар