Асосӣ Мақолаҳо ОДОБИ ДӮСТӢ

ОДОБИ ДӮСТӢ

ОДОБИ ДӮСТӢ
2020-11-20
45

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

      Омилҳои зиёде дар сарнавишти инсон таъсиргузор аст, ки яке аз он авомил, дӯст ва ҳамнишин аст.

      Инки дини мубини Ислом дар интихоби дӯст диққат медиҳад ва таъкидҳои зиёд дорад, ин ҳама ба хотири ҳамин таъсиригузори ҳамнишин аст. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки дӯсту дӯстӣ бо ҳам тафовут доранд. Дӯст яъне ҳамнишин, ҳамдам, ҳамроз ва ғайра,  аммо дӯстӣ мутааллиқ ба ахлоқ ва рафтор аст, ба ҳамин хотир аст, ки дар рӯзи растохез аз дӯстиҳо савол мешавад.
      Дӯстӣ низ монанди дигар мафҳумҳои ахлоқӣ дорои шароит ва одоби хоссе аст. Яке аз онҳо ростгӯӣ аст:     Ростгӯи амри муҳимме дар дӯсти бо афрод аст, чаро ки сабаби иртиқои рӯҳияи садоқат дар фард мешавад. Инчунин риояти эҳтиром аз дигар одоб ва шароити дӯстӣ аст. Чаро ки афрод дар натиҷаи дӯстӣ нисбат ба ҳамдигар ҳуқуқе пайдо мекунанд, ки бояд ба ин ҳуқуқ эҳтиром бигузоранд. Гузашта аз он, аз ҷумла вазифае ки мусулмонон доранд, ҳифзи эҳтироми дигарон аст, зеро эҳтиром сабаби ҳидояти дигарон мешавад.

       Шарти дигар, тавозӯъ аст. Робитаи дӯстӣ вақте мустаҳкамтар мешавад, ки фард бубинад дӯсташ на танҳо ба ӯ эҳтиром мегузорад, балки ҳаргиз худро аз ӯ болотар надида ва қасди фахрфурӯшӣ ба ӯро надорад.

        Дар хусуси одоби дӯстӣ дар ривоятҳои исломӣ мо метавонем ба ду нукта ишора кунем. Нуктаи аввал зарурати дӯстёбӣ аст. Ривояти бисёр зиёде дорем, ки моро ташвиқ мекунанд бо интихоби дӯстоне бо сифати барҷастаи инсонӣ. Ва нуктаҳое вуҷуд дорад ки тамоми инҳо дар одоби дӯстӣ ва пайванд ва барқарор доштани дӯстиҳо муассир аст. Яке ибрози дӯсти ва изҳори алоқа кардан аст. Яъне вақте касеро дӯст доштем динашро қабул дорем ва одами диндор ва хушахлоқе аст инро изҳор кунем, ҳамсароамонро дӯст дорем изҳор кунем, фарзандонамонро дӯст дорем, изҳор кунем, падар ва модарамонро дӯст дорем изҳор кунем, тамоми он касонеро ки дӯст дорем агар изҳор кунем дар пайванди дӯстӣ муассир хоҳад буд ва дигар меҳрубонӣ ва хушахлоқӣ ва некӯ сухан гуфтан ҳам аз ҷумлаи одоби дӯстӣ аст, ки дар пайванди дӯстӣ ва дар барқарор доштани дӯстӣ муассир аст. Тавозуъ ва фурӯтанӣ ва ростӣ ва садоқат ва вафои ба аҳд ҳадя додан ва диду боздид ва ҳифзи асрори ҳар кадом аз инҳо боби восеъ аст, ки дар бораи инҳо метавон суханҳо гуфт ва маҷмӯаи инҳоро метавон формулаҳое бидонем ки дӯстиҳоро мустаҳкам мекунад ва боиси давоми дӯстӣ мешавад.
      Аз дигар вазифаҳо ва одоби дусти, тадовум бахшидан ба он дар гирифториҳо аст. Онгуна сурудаанд:

 

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳоливу дармондагӣ.

 

       Яке аз одоби дӯстӣ ин аст, ки вақте касе бемор мешавад ва ниёз ба таваҷуҳу отифии бештаре дорад, дӯстон ба аёдаташ бираванд.

       Дар ин мақола ба бархе аз одоби дӯстӣ, ки дар каломи Паёмбар (с) ва бузургони дину шариат ба он ишора шудааст, хоҳем пардохт.

      Эъломи дустӣ. Паёмбар (с) мефармоянд:
«Ҳаргоҳ яке аз шумо бародар ва ҳамроҳи худро дӯст дошт ва алоқаманд буд. Бояд ӯро аз муҳаббат ва алоқаи худ огоҳ соз чароки ин кор муҷиби беҳбудии равобит мешавад». Инчунин Ҳазрати Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳаргоҳ касеро дӯст доштӣ, огоҳаш кун»

       Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳаргоҳ бо касе дӯст шудӣ бояд аз номаш ва номи падараш ва қабилааш ва манзилаш савол куни ки ин ҷузъи воҷиботи дӯстӣ буда ва покизатарин дӯстӣ аст.

     Эзоҳ: Оё таваҷҷуҳ кардаед, гоҳе инсон дар тӯли як сафар ё дар автобус бо касе чанд соат бо ҳам аст ва бо ҳам ҳарф мезанад, аммо то охири сафар ҳатто исми ҳамдигарро намефаҳманд. Ин ҷузъи одоби исломи нест балки мутобиқи ин ривоят беҳтар аст инсон вақте бо касе ошно мешавад, аввалин чизе ки аз ӯ мепурсад номаш бошад.

      Паёмбар(с) фармуданд: «Беҳтарин дӯсти ту касе аст, ки айбҳоятро бар ту ҳадя кунад» ва беҳтарини дӯстони ту касе аст, ки туро ба сӯи роҳи ҳидоят роҳнамоӣ кунад ва боис шавад, ки тақво ба даст оварӣ ва туро аз ҳавопарастӣ ва пайравии хоҳишҳои нафсонӣ боз дорад».

       Луқмони Ҳаким фармуданд: «Дӯстатро намешиносӣ магар вақте ба ӯ ниёз пайдо мекунӣ».

        Шарти дигари дӯстӣ бурдборӣ аст. Воқеят аст, ки дар зиндагии инсонҳо, бурдбориҳо ва мушкилиҳое рух медиҳанд ва ин ҳоле ба ҳоле шуданҳо дар равотиаш бо дигарон аз ҷумла бо дӯст ва ҳамнишин таъсир мегузорад. Ҳоло агар дар ҳангоми мушкилӣ ва гирифторӣ дуст таҳаммлули ҳамроҳи бо инсонро надошта бошад, мутмаинан дӯсти пойдор намемонад.
     Дар хотима якчанд ҳолатҳои дӯстиро ба Шумо пешниҳод менамоем, ки бузургон дину шариат фармудаанд, агар ба он аҳаммият диҳед, дӯсти ҳақиқиро пайдо мекунед:

- Яке аз роҳҳои зиёд шудани таҳаммул ва бурдборӣ ҳамнишинӣ бо афроди ҳалим аст. Бо бурдборӣ ҳамнишинӣ кун ва ҳилм ва бурдбории худро зиёд намо.
-  Ҳамнишинӣ бо уламо боиси афзоиши илм ва дониш, ва дониш мавҷии басират мешавад ва саранҷом хушбахтиро дар пай дорад. Бо уламо ҳамнишини кун, хушбахт мешавӣ.

-   Меъёри дусти бар асоси тақво. Бародарони (диниат)-ро ба андозаи тақвои онон дӯст бидор.

-  Дусти ҳақиқӣ. Дӯст ва бародари воқеи ту касе аст ки лағзиш ва иштибоҳатро бибахшад ва узратро бипазирад ва айбҳоятро бипушонад.

- Парҳез аз дӯстони моддӣ. Аз дӯстӣ бо касоне ки ба тамаъи чизе ба сӯи ту омадаанд ё аз рӯи тарс ё ниёз ва ё ба хотири хурду хӯрок бо тӯ дӯстӣ мекунанд бар ҳазар бош ва бипарҳез ва дунболи дӯстӣ бо инсонҳои бо тақво бош ҳарчанд дар пайи ёфтани ингуна афрод умратро сарф кунӣ.

- Такрими дӯст. Ҳар гоҳ касе бародари мусалмонашро, ки пеши вай омад, эҳтиром ва икром кунад, Худовандро икром карда аст.

  - Беҳтарини дӯстони ту касе аст ки туро ба сӯи роҳи ҳидоят роҳнамоӣ кунад ва боис шавад тақво ба даст овари ва туро аз ҳавопарасти ва пайрави хоҳишҳои нафс боз дорад.

- Огоҳ накардани дуст бар асрор. Ҳеҷгоҳ дустатро ба розҳои худ огоҳ накун магар розе ки агар душманат бадон бавоситаи он зараре ба ту нарасад чароки дуст, рузии душман хоҳад шуд.

- Парҳез аз дӯсти бо ноаҳл. Бо инсонҳои шарур дӯстӣ ва ҳамнишини накун чароки ӯ монанд шамшер сохтае аст, ки симояш зебост аммо асараш зишт ва нописанд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:49
Пешин12:40
Аср15:04
Шом17:13
Хуфтан18:44
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар