Асосӣ Мақолаҳо ТОҶИКИСТОН ДАР САФИ ПЕШИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ

ТОҶИКИСТОН ДАР САФИ ПЕШИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ

ТОҶИКИСТОН ДАР САФИ ПЕШИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ
2020-12-29
1481

    Воқеаву ҳодисаҳои мухталифи ҷаҳони имрӯза собит месозанд, ки проблемаи терроризми байналмилалӣ ва экстремизм яке аз масъалаҳои доғи рӯз боқӣ мондааст ва ҳал намудани ин мушкилӣ танҳо дар ҳамбастагии қудрат ва имконоти дохилию хориҷии кишварҳои ҳампаймон имконпазир мегардад.

           Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизм, дар симпозиюму конференсияҳои байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ карда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуданд. Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд.
Боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор - ақли худро ба ҳилаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллат ва давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддасоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳони миллати тоҷик имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд.

       Терроризм вабои аср маҳсуб гардида, дар манотиқи мухталифи ҷаҳон бо даҳшатафканию қатлу бераҳмиҳои гӯшношунид хисороти ҷонию молӣ ва харобкории мавзеъҳои таърихиро ба бор овардааст. Амалҳои табоҳкоронаи террористон ба мисли тори анкабут ба дини мубини Ислом печида, аз номи он ҳазорон ашхоси бегуноҳ ва ҳатто занону кӯдаконро ба коми марг фиристодаанд. Дар мазҳари ом ҳодисаи ба қатл расондани модар аз дасти фарзанди нохалаф намунаи ошкори он аст, ки ягон созмону гурӯҳи террористӣ на танҳо ба дини Ислом ва арзишҳои ахлоқию маънавии он, балки, умуман, ба дину мазҳабҳои маъмули ҷаҳонӣ ва инсоният рабт надошта, сатҳи ниҳоии ваҳшонияти онҳоро нишон медиҳад.
       Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле огоҳона ва бамаврид дар баромадҳояшон зикр мекунанд, ки “Амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористӣ бо дини мубини Ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Онҳо баръакс мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва таҳаммулгарову инсондӯстонаи Ислом мебошанд”.

     Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оқибатҳои фоҷиабори терроризму ифротгароиро аз сар гузарондааст, тайи чанд соли охир дар самти муқовимат бо зуҳуроти мазкур ва манбаъҳои маблағгузории онҳо тадбирҳои муассирро роҳандозӣ карда истодааст. Дар кишвар ҳама гуна маблағгузории терроризм ҷиноят эътироф гардидааст, ки ин далелҳо аз фаъолияти судманди Ҳукумати кишвар ва мақомоти дахлдор шаҳодат медиҳанд.
     Тавре Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатиашон таъкид карданд: «Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90 - уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд».
      Ин таъкиди Президенти кишвар бояд дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадории ҳар фарди ҷомеа бошад. Зеро иқдомҳои мантиқии якҷоя дар самти мубориза ва пешгирии ифротгароӣ кафили минбаъдаи ҷомеаи осудаи кишвари мо хоҳад буд.

       Мо - тоҷикон, ки таҷрибаи душвори таърихиро дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар аз сар гузарондем ва ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардидем,  бояд ба қадри сулҳу ваҳдат бештару бештар бирасем. Зеро ин неъмати бебаҳо ба туфайли меҳнати чандинсолаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.

     Итминони комил дорем, ки ҷавонони далеру шуҷои мо – пайравони асили Пешвои миллат бо иродаи матин дар самти пешгирии терроризм ва ифротгароӣ саҳми худро хоҳанд гузошт.

М. УМАРЗОДА

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар