Асосӣ Мақолаҳо Фазилати КАЛИМАИ ТАЙЙИБА

Фазилати КАЛИМАИ ТАЙЙИБА

Фазилати КАЛИМАИ ТАЙЙИБА
2021-02-09
84

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худованди якторо, ки ба мо тавфиқи ибодату бандагӣ иноят фармуд, дуруду салом бар Расули гиромӣ (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Имом Муслим дар китоби «Саҳеҳ»-аш аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) муаззинеро шуниданд, ки мегуфт:

أشهد ان لا إله إلا الله

 – «Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ».

Гуфтанд: "Аз дӯзах баромадӣ". Яъне ин калима сабаби наҷот ёфтан аз оташи дӯзах мебошад.             

Абўҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Имон ҳафтоду чанд шоха дорад. Болотарини ин шохаҳо гуфтани

 لا إله إلا الله

- «Ло илоҳа иллаллоҳ» ва поёнтарини ин шохаҳо дур кардани чизҳои озордиҳанда аз роҳ мебошад." (Ҳадиси муттафақун алайҳ.)

Имом Аҳмад (раҳимаҳуллоҳ) аз Муоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунанд, ки Паёмбар  (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Касе ки охирин суханаш

 لا إِله إلا الله

- «Ло илоҳа иллаллоҳ» бошад, ба ҷаннат дохил мешавад."

         Барои расидан ба ин фазилати бузург бояд инсон дар ин дунё мувофиқи талаботи ин калима зиндагӣ кунад. Ба Аллоҳ азза ва ҷалла ширк наорад, воҷиботро иҷро кунад ва аз корҳои ҳаром худро дур гирад, доимо дар забонаш ин калима ҷорӣ бошад. Чунонки Имом Тирмизӣ аз Љобир (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Беҳтарини зикр

لا إله إلا الله

«Ло илоҳа иллаллоҳ» аст ва беҳтарини дуо الحمد لله «Алҳамду лиллоҳ» мебошад."

Аллоҳ ҷалла ва ало ҳамаи моро ба амал кардан ва даъват кардан ба ин калима муваффақ созад. Аз Аллоҳ азза љалла пурсонем, ки моро дар ин ҳаёт бар ин калима устувор нигоҳ дорад ва дар дами марг ин калимаи бузургро бар забонҳои мо ҷорӣ гардонад.

Дар «Саҳеҳ»-и Имом Муслим аз Абўҳурайра (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Касе, ки дар як рӯз сад бор

 

 لا إله إلا الله وحده لا شريك له، له الملك و له الحمد و هو على كل شيء قدير -

 

«Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ъало кулли шайъин қадир» гӯяд, барои  ӯ ба озод кардани даҳ ғулом баробар мебошад, барояш сад савоб навишта шуда, сад гуноҳаш несту нобуд карда мешавад. Ин калимаҳои гуфтааш то расидани вақти бегоҳ ӯро аз шайтон нигоҳ медорад. Касе, ки дар як рӯз сад бор «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳ» гӯяд, гуноҳҳояш бахшида мешавад, гарчанде ки мисли кафки баҳр бошад". 

Касе, ки ин калимаи бузургро бо ихлосу сидқу муҳаббат мегӯяд, ба якчанд савоб ноил мешавад:

1. Савоби озод кардани даҳ ғулом.

2. Навишта шудани сад савоб.

3. Маҳв шудани сад гуноҳ. Мақсад аз гуноҳ дар ин ҳадис гуноҳҳои сағира (хурд) аст, аммо гуноҳҳои кабира (калон) ба тавба маҳв мегарданд ва бояд инсон аз якояки онҳо тавбаи содиқона кунад.

4. Нигоҳ дошта шудан аз бадии шайтон дар ҳамон рӯз.

5. Бахшида шудани гуноҳҳо (сағира) барои сад бор гӯяндаи "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳ".

Бояд камари ҳимматамонро мустаҳкам бандем ва тӯшаи охиратамонро бо дасти худ омода кунем. Аллоҳ азза ва ҷалла мефармояд:

" Пас, Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам ва Маро сипос гўед ва ба Ман носипосӣ макунед". (Сураи «Бақара», ояти 152).

Ин калимаи бузург барои гӯяндааш ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират нафъу фоидаҳои зиёде дорад. Аз ҷумлаи он фоидаҳо гарону вазнин шудани тарозуи аъмолаш ва наҷот ёфтани соҳиби ин калима аз азоби аламовар аст. Чунонки дар «Муснад»-и Имом Аҳмад (раҳимаҳуллоҳ) аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят шудааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд :

"Албатта Аллоҳ дар рӯзи қиёмат мардеро аз байни халоиқ ихтиёр менамояд (дар ривояте: ӯро аз байни халоиқ фарёд мекунад), пас барояш наваду нуҳ сиҷиллеро (дафтареро пур аз гуноҳ) мекушояд, ки дарозии ҳар яки он то ҷои расидани чашм мебошад (дар ривояте: калонии ҳар яктоаш мисли мобайни замину осмон аст). Пас ба бандааш мегӯяд: «Оё аз ин чизеро инкор мекунӣ?  Оё фариштагони нависандаам ба ту зулм карданд?». Мегӯяд: «Не эй Парвардигорам». Ба бандааш мегӯяд: «Оё ягон узре дорӣ ё ягон савобе дорӣ?»  Мегӯяд: «Не эй Парвардигорам». Мегӯяд: «Оре, барои ту дар назди мо як савоб аст ва ту имрӯз зулм карда намешавӣ». Пас барои вай як порчаеро бароварда мешавад, ки дар он навишта шудааст: 

أشهد ان لا إله إلا الله و أشهد أن محمدا عبده و رسوله

«Гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуди барҳаққе ба ғайри Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) банда ва фиристодаи Ӯст». Ба бандааш мегӯяд: «Дар баркашида шудани амалҳоят ҳозир шав». Банда мегўяд: «Ин порча бо ин дафтарҳои бузург чӣ кор карда метавонад?» Мегўяд: «Ту зулм карда намешавӣ». Сипас он наваду нуҳ дафтар ба як паҳлўи тарозу ва он порча ба дигар паҳлўи тарозу гузошта мешавад, пас порча вазнин омада, дафтарҳо боло меравад  ва бо номи Аллоҳ чизе вазнин шуда наметавонад».

Ин банда бо доштани як савоб, он ҳам бошад, бо сидқу ихлосу муҳаббат гуфтани ин калимаи бузург наљот ёфт,  пас мову шумо бояд шабу рўз ин калимаро такрор кунем, маънояшро фаҳмем, ба талаботи ин калима амал кунем, то ин ки номаҳои аъмоламон дар рӯзи қиёмат гарону вазнин ояд.

Ба Ваҳб ибни Мунаббиҳ (раҳимаҳуллоҳ) гуфта шуд: «Оё      لا إله إلا الله

«Ло илоҳа иллаллоҳ» калиди ҷаннат аст? Гуфт: "Бале, валекин ягон калиде бидуни дандона нест. Ту агар калиде биёрӣ, ки дандона дорад, барои ту дар кушода мешавад ва агар дандона надошта бошад, дар кушода намешавад". Ин асарро Имом Бухорӣ дар «Саҳеҳ»-ашон овардаанд. Инчунин аз Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ) ривоят шудааст, ки ба ў гуфта шуд: «Касе, ки

 لا إله إلا الله      

 «Ло илоҳа иллаллоҳ» гӯяд, ба ҷаннат медарояд? Гуфт: "Касе ки

 لا إله إلا الله

«Ло илоҳа иллаллоҳ» гӯяд ва ҳаққашро ба ҷо оварда, фарзи ин калимаро адо намояд, ба ҷаннат медарояд."

Аллоҳи Меҳрубон ин калимаи бузургро дар дилҳоямон ҷой намуда, дар амалҳоямон асарашро намоён гардонад, дар дами марг онро бар забонҳоямон ҷорӣ ва дар рӯзи қиёмат бо аҳли ин калимаи бузург зинда гардонад. Омин.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:29
Пешин12:40
Аср16:05
Шом18:20
Хуфтан19:50
Суханронии Президент
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар