Асосӣ Мақолаҳо ОБОДИЮ САРСАБЗӢ ШИОРИ ЗИНДАГӢ АСТ

ОБОДИЮ САРСАБЗӢ ШИОРИ ЗИНДАГӢ АСТ

ОБОДИЮ САРСАБЗӢ ШИОРИ ЗИНДАГӢ АСТ
2021-02-09
59

Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон маъракаи ободонию сарсабзкунонии хонаҳову деҳаҳо ва шаҳру вилоятҳо рафта истодааст. Ҳамаи ин неъматҳо ин сабаби тинҷию амонӣ бар мо насибу рӯзӣ шудааст. Пайғамбари Худо барҳақ фармудаанд:

«Ду неъматро барои хештан ғанимат бишуморед: Амнияту тандурустӣ».

Соли ҷорӣ яке аз ҷашнҳои муқаддаси миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин асно бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободониҳо рафта истодааст. Вақте ки Худованд пайғамбаронашро ба ҳайси раҳнамуд ҷиҳати расонидани аҳкоми шариат фиристод, инчунин роҷеъ ба ободонӣ низ амр намуд. Гувоҳи ин гуфтаҳо амри Худованд ба яке аз пайғамбаронаш, ки бо номи ҳазрати Солеҳ (а) буд, ин гуна фармуд:

«Бигӯ эй Солеҳ аз барои қавмат ибодат бикунанд Худованди яккаву ягонаро на ғайри Ӯро. Вай зоте аст, ки шуморо аз ҳамин замин офарид ва заминро ба ихтиёрн шумо дод, то ин ки болои он иморатҳо бикунед ва онро обод бикунед, муртакиби гуноҳ, ки гаштед, ба сӯи Ӯ тавба бикунед ба дурустӣ ки Худованд ба бандагонаш наздик аст ва дуоҳояшонро қабул мегардонад».

Аз ин ояти карима бармеояд, ки ҳар яки мову шумо масъулияти хешро ҳис намоем. Ҳақ бар ҷониби бузургон ҳам аст, ки мегӯянд:

                   Мазҳаби зиндадилон хоби парешонӣ нест,

               Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст.

Сарвари давлат ҳам дар паёмҳои ҳамешагиашон дар баробари дигар масъалаҳо, инчунин дар бораи ободонию сарсабзкунӣ ишора мекунанд. Ҳар паёме, ки аз эшон ба тасвиб мерасад, бояд сармашқи зиндагии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бошад. Бояд қайд кард, ки дар ноҳияи мо ҳам, яъне ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ибтикори соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ободониҳо рафта истодааст. Аз ҷумла мумфарш ва сангфарш намудани роҳҳо ва шинонидани дарахтон. Ҳамаи ин амалҳои хайр дар якҷоягӣ рафта истодааст. Ҳамаи ин гувоҳ бар он аст, ки мо бояд Ватанамонро дӯст дорем ва онро ободу зебо гардонем!

Иброҳим Маҳмудов,

сархатиби ноҳияи Мир Сайид Ҳамадонӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:29
Пешин12:40
Аср16:05
Шом18:20
Хуфтан19:50
Суханронии Президент
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар