Асосӣ Мақолаҳо Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ва китоби “Саҳеҳ”-и ӯ

Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ва китоби “Саҳеҳ”-и ӯ

Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ва китоби “Саҳеҳ”-и ӯ
2016-02-24
5665

Ному насаби ӯ

Куняи ӯ Абулҳусайн, номаш Муслим ва номи падараш Ҳаҷҷоҷ буд. Силсилаи насаби ӯ Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ибни Вард ибни Кӯшоз мебошад. Ӯро қушайрӣ низ мегӯянд. Қушайр номи қабилае аз араб аст. Шояд ӯ аз ҷумлаи озодшудагони он қабила бошанд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ. 12, с. 557)

Таърихи таваллуд

Ӯ соли дусаду чоруми ҳиҷрӣ дар шаҳри Нишопур чашм ба олам кушодааст.

Бори нахуст соли дусаду ҳаждаҳуми ҳиҷрӣ аз Яҳё ибни Яҳёи Тамимӣ ҳадис шуниданд. Соли бистуми ҳиҷрӣ ба ҳаҷ рафтанд ва аз Қаънабӣ, ки дар Макка сукунат мекарданд, ҳадис шуниданд. Сипас ба Кӯфа рафта аз Аҳмад ибни Юнус ва ҷамъи бисёре ҳадис шуниданд ва ба зудӣ ба Нишопур баргаштанд. Пеш аз соли дусаду сиюм ба сафар баромада, аз уламои Ироқ, Ҳарамайн ва Миср ҳадис шуниданд. Борҳо ба назди Алӣ ибни Ҷаъди Бағдодӣ рафта, аз ӯ ҳадис шуниданд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ. 12, с. 557)   

Устодони ӯ

Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ аз устодони бисёре ҳадис шунидаанд. Теъдоди он касоне, ки дар “Саҳеҳ”-и худ аз онҳо ривоят намудаанд, дусаду бист нафар мебошанд. Аз ҷумлаи онҳо Аҳмад ибни Ҳанбал, Исҳоқ ибни Роҳавайҳ, Саид ибни Мансур, Абд ибни Ҳумайд, Муҳаммад ибни Мусанно  ва дигарон мебошанд. Алӣ ибни Ҷаъд, Алӣ ибни Мадинӣ ва Муҳаммад ибни Яҳёи Зуҳалӣ низ аз ҷумлаи устодони ӯ мебошанд, аммо дар “Саҳеҳ”-и худ аз онҳо чизе ривоят накардаанд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ. 12, с. 558)

Шогирдони ӯ

Ашхоси зиёде дар назди Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ зонуи шогирдӣ зада, аз ӯ ҳадис шунидаанд. Аз ҷумлаи онҳо инҳо Абӯисои Тирмизӣ, Абдуллоҳ ибни Яҳёи Сарахсии Қозӣ, Абдурраҳмон ибни Абӯҳотим, Алӣ ибни Исмоили Саффор, Абӯбакр ибни Хузайма ва дигарон мебошанд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ. 12, с. 562)

Сафар барои шунидани ҳадис

Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ барои шунидани ҳадис ба кишварҳои дурдасте сафар намуданд ва аз муҳаддисони мумтози он кишварҳо ҳадис шуниданд. Аз ҷумла, ба Рай сафар карда, аз Муҳаммад ибни Миҳрон, Абӯғассон ва дигарон, дар Ироқ аз Аҳмад ибни Ҳанбал, Абдуллоҳ ибни Маслама ва дигарон, дар Ҳиҷо аз Саид ибни Мансур, Абӯмусъаб ва дигарон, дар Миср бошад, аз Амр ибни Савод, Ҳармала ибни Яҳё ва дигарон ҳадис шуниданд.

Мазҳаби ӯ

Дар мазҳаби Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ миёни уламо ихтилофи назар аст. Гурӯҳе аз уламо, аз ҷумла Валийюллоҳи Деҳлавӣ, ӯро муқаллиди Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ, гурӯҳи дигаре, аз ҷумла Ибни Абӯяъло, ӯро муқаллиди Аҳмад ибни Ҳанбал, бархе дигар, аз ҷумла Ибни Таймия, ӯро на муҷтаҳид ва на муқаллид, балки бар мазҳаби аҳли ҳадис мешуморанд. Қисмати дигаре аз уламо, минҷумла Иброҳим ибни Абдуллатиф, ӯро муҷтаҳид, аммо мансуб ба мазҳаби Шофеъӣ, Иброҳими Синдӣ ӯро муқаллиди Молик ибни Анас, баъзе дигарон, аз ҷумла Ибни Асир ва Ибни Ҳаҷар ӯро муҷтаҳид медонанд. (“Кашф-ул-Борӣ”, ҷ.1, с143). 

Ҷойгоҳи аз дидгоҳи уламо

Муҳаммад ибни Башшор мефармоянд, ки дар ҷаҳон чаҳор ҳофизи ҳадис вуҷуд дорад: Абӯзуръа дар Раъй, Доримӣ дар Самарқанд, Муҳаммад ибни Исмоил дар Бухоро, Муслим ибни Ҳаҷчоҷ дар Нишопур. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 423).

Исҳоқи Кавсаҷ ба Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ фармуданд: “То замоне ки Худованд бақои шуморо барои мусалмонон арзонӣ доштааст, мо ҳаргиз аз баракат маҳрум намегардем”. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 563).

Муҳаммад ибни Яъқуб мефармоянд, ки Нишопур ин се мардро ба майдони илм овардааст: Муҳаммад ибни Яҳё, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Иброҳим ибни Абӯтолиб. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 565).

Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мефармоянд, ки Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ яке аз уламои мардум ва аз зарфҳои илм мебошанд. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 579).

Аҳмад ибни Салама мефармоянд: “Ман Абӯзуръа ва Абӯҳотимро дидам, ки дар шинохти ҳадиси саҳеҳ Муслим ибни Ҳаҷҷоҷро аз уламои асри худ муқаддам медонистанд. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 563).

Абдулазизи Деҳлавӣ мефармоянд: “Яке аз хислатҳои аҷиби Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ин аст, ки дар ҳаёти худ на касеро ғайбат кардааст ва на касеро зада ва на дашном додааст”. (“Фатҳ-ул-мулҳим”, ҷ. 1, с. 211)

Дар ҷустуҷӯи ҳадис ранҷ мекашиданд

Аҳмад ибни Салама мефармоянд, ки барои санҷидани ҳофизаи Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ маҷлисе барпо карда шуд. Аз ӯ ҳадисеро пурсиданд. Эшон надонистанд ва ба хона рафта чароғро барафрӯхтанд ва ба аҳли хона фармуданд, ки касе аз шумо ба ҳуҷраи ман надарояд! Аҳли хона ба ӯ гуфтанд, ки як сабад хурмо ба мо ҳадя карда шудааст. Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ дастур доданд, ки онро ин ҷо оваред! Сабади хурморо назди ӯ бурданд. Ӯ ҳадисро ҷустуҷӯ карда аз сабад як дона - як дона хурмо бардошта хӯрдан гирифтанд. Субҳ дамид, ҳам хурмо тамом шуд ва ҳам ӯ ҳадисро дарёфт намуданд. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 564).

Баъзе уламо фармудаанд, ки ин ранҷе, ки дар ҷустҷӯи ҳадис кашиданд, сабаби вафоти ӯ гардид. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 564).

Эҳтироми ӯ ба Муҳаммад ибни Исмоил

Муҳаммад ибни Исмоил яке аз устодони забардасти Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ буданд. Хусусан дар илали ҳадис аз ӯ баҳраи фаровоне бурдаанд. Боре Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ҳадисеро бо санад хонданд ва аз Муҳаммад ибни Исмоил пурсиданд, ки оё ҳадисеро бо ин санад медонӣ? Муҳаммад ибни Исмоил посух доданд, ки магар ин ки маълул бошад. Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ исрор намуданд, ки иллати ҳадисро зикр намоед! Муҳаммад ибни Исмоил иллати ҳадисро зикр намуданд ва ҳадисро бо санади беиллат баён карданд. Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ фармуданд:

 لاَ يُبْغِضُكَ إِلاَّ حَاسِدٌ وَأَشهدُ أَنَّهُ لَيْسَ فِي الدُّنْيَا مِثْلُكَ.

“Танҳо ҳасуд бо ту душманӣ дорад. Ман гувоҳӣ медиҳам, ки дар дунё монанди ту касе нест”. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 536).

Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ устоди худ Муҳаммад ибни Исмоилро бо дилу ҷон дӯст медоштанд ва ӯро беандоза эҳтиром мекарданд. Муҳаммад ибни Яъқуб дар ин маврид мефармоянд: “Ман Муслим ибни Ҳаҷҷоҷро дидам, ки назди Муҳаммад ибни Исмоил нишаста, монанди кӯдак суол мекарданд”. (“Таърихи Бағдод”, ҷ.2, с.29)

Боре Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ пешонии Муҳаммад ибни Исмоилро бӯса зада фармуданд:

دَعْنِي أُقَبِّلْ رجليكَ يَا أُسْتَاذَ الأُسْتَاذِين وَسَيِّدَ المُحَدِّثِيْنَ وَطبيبَ الحَدِيْثِ فِي عِلَلِهِ.

“Бигзор пойҳои туро бӯса занам, эй устоди устодон, эй пешвои муҳаддисон ва эй табиби ҳадис, ки иллатҳои онро дармон мекунӣ”. (“Таърихи Бағдод”, ҷ.13, с.102)

Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ муддати тӯлонӣ аз Муҳаммад ибни Исмоил илму дониш андӯхтанд. Вақте ки дар миёни Муҳаммад ибни Яҳё ва Муҳаммад ибни Исмоил дар масъалаи халқи Қуръон ихтилоф ба вуҷуд омад, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ дунболи Муҳаммад ибни Исмоилро гирифта, ҳамаи аҳодисеро ки аз Муҳаммад ибни Яҳё навишта буданд, ба ӯ баргардонданд. (“Таърихи Бағдод”, ҷ.13, с.103)

Абӯбакри Хатиб мефармоянд, ки Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ аз Муҳаммад ибни Исмоил дифоъ мекарданд ва ногуворие, ки миёни Муҳаммад ибни Исмоил ва Муҳаммад ибни Яҳё рух дод, ба сабаби Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ буд. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 573).

Бо вуҷуди ин, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ дар “Ал-ҷомеъус-саҳеҳ”-и худ аз Муҳаммад ибни Исмоил нақл накардааанд. Ин ду сабаб дорад. Аввал он ки дар бисёре аз аҳодисе, ки Муҳаммад ибни Исмоил ривоят кардаанд, устоди ҳар ду муштарак мебошанд. Агар Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ он ривоятҳоро аз Муҳаммад ибни Исмоил нақл мекарданд, санади Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ поён қарор қарор мегирифт. Бинобар ин, аҳодисеро, ки аз ӯ шунидаанд, дар “Саҳеҳ”-и худ шомил накардаанд, то санади ӯ олӣ боқӣ монад. Сабаби дуюм он аст, ки аз он ҷиҳат ки Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ дар китоби худ аҳодисеро, ки аз Муҳаммад ибни Яҳё шуниданд, зикр накарданд, шояд ба худ муносиб надонистанд, ки аҳодисеро ки аз Муҳаммад ибни Исмоил шуниданд, дар китоби худ зикр кунанд, то дар дили Муҳаммад ибни Яҳё чизе ба вуҷуд ояд. Бинобар ин Ҳофиз ибни Ҳаҷар фармудаанд, ки Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ инсоф карда дар китоби худ на аз Муҳаммад ибни Яҳё ривоят кардаанд ва на аз Муҳаммад ибни Исмоил. (“Дарси Муслим”, ҷ.1, с.87)  

Султон ӯро гиромӣ медошт.

Абдурраҳмони Суламӣ мефармоянд, ки ман пирамарди накӯчеҳра ва хушлибосеро дидам, ки бар тан чодари зебое дошт ва бар сар дасторе, ки фаши он миёни китфҳояш овезон буд. Гуфта шуд, ки ин пирамард Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ аст. Ходимони султон дар он ҷо ҳозир шуда, фармуданд: “Амирулмуъминин дастур доданд, ки Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ дар намоз имом шаванд”. Муслим ибни Ҳаҷҷоҷро дар масчиди ҷомеъ барои имом шудан пеш дароварданд ва ӯ бо мардум намозро гузориданд. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 566).

Таърихи вафоти ӯ

Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ шаби якшанбе, моҳи раҷаби соли дусаду шасту яки ҳиҷрӣ дар синни панҷоҳу панҷсолагӣ дар Нишопур аз дунё реҳлат карданд ва рӯзи душанбе ба хок дафн шуданд. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 580).

Баъд аз вафоти Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ Абӯҳотими Розӣ ӯро дар хоб диданд ва аз ҳолашон пурсон шуданд. Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ фармуданд, ки Худованд биҳиштро дар ихтиёри ман гузоштааст, ҳар куҷо хоҳам маъво мегирам. (“Фатҳ-ул-мулҳим”, ҷ.1, с. 211).

  Таснифоти ӯ

  1. Ал-муснад-ус-саҳеҳ.
  2. Ал-муснад-ул-кабир алар-риҷол.
  3. Китоб-ул-ҷомеъ алал-абвоб.
  4. Китоб-ул-асомӣ вал-куно.
  5. Китоб-ут-тамйиз.
  6. Китобул-ул-илал.
  7. Китоб-ул-вуҳдон.
  8. Китоб-ул-афрод.
  9. Китоб-ул-ақрон.
  10. Китобу суолотиҳи Аҳмад ибна Ҳанбал.
  11. Китобу ҳадиси Амр ибни Шуъайб.
  12. Китоб-ул-интифоъ биуҳубис-сибоъ.
  13. Китобу машоихи Молик.
  14. Китобу машоихи Шуъба.
  15. Китобу машоих-ис-Саврӣ.
  16. Китобу ман лайса лаҳу илло ровин воҳидун.
  17. Китоб-ул-мухазрамин.
  18. Китобу авлодис-саҳоба.
  19. Авҳом-ул-муҳаддисин.
  20. Китоб-ут-табақот.
  21. Китобу афрод-иш-шомийин.

“Саҳеҳ”-и Муслим

Дар миёни таснифоти Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ “Саҳеҳ”-и ӯ барҷастатарин таснифот ба шумор меравад. Номи пурраи он “Ал-муснад-ус-саҳеҳ” мебошад. Китоби мазкур баъд аз Китоби Худо дуюмин китоби саҳеҳ ба шумор меравад. Бартарии “Саҳеҳ”-и Бухорӣ аз “Саҳеҳ”-и Муслим ба эътибори маҷмуъ аст, вагарна баъзе аҳодиси “Саҳеҳ”-и Муслим аз баъзе аҳодисе “Саҳеҳ”-и Бухорӣ қавитар аст. (“Тайсиру мусталаҳ-ил-ҳадис”, с.36).

Китоби мазкур аз сесед ҳазор ҳадис интихоб шудааст. Теъдоди аҳодиси он дувоздаҳ ҳазор мебошад. Агар аҳодиси такроршуда ба назар гирифта нашаванд, теъдоди аҳодиси он ба чор ҳазор мерасад. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 566).

Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ дар ин китоб ҳамаи аҳодисеро, ки назди ӯ саҳеҳ аст, наовардаанд, балки аҳодисеро ҷамъоварӣ намуданд, ки уламои замон ба саҳеҳ будани онҳо иттифоқ намудаанд. (“Тайсиру мусталаҳ-ил-ҳадис”, с.36).

Ҳадафи Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ аз таълифи китоб ҷамъоварии ҳамаи туруқи ҳадиси як мавзуъ ба сурати мураттаб мебошад. Чунончи дар китоби ӯ ҳамаи  аҳодисе, ки ба як мавзуъ алоқамандӣ доранд, ба чашм мерасанд.

Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ китоби “Саҳеҳ”-ро ба бобҳо тартиб додаанд, аммо тарҷумаи онҳоро бинобар маслиҳате зикр накарданд. Баъдан ҷамоъае аз уламо ба бобҳои он тарҷума навиштанд.

Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ китоби худро ба Абӯзуръа пешкаш намуданд. Ҳар ҳадисеро, ки Абӯзуръа онро маълул қарор доданд, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ онро тарк намуданд ва ҳар ҳадисеро, ки саҳеҳ қарор доданд, онро шомил сохтанд. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 568).

Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ мефармоянд, ки агар аҳли ҳадис дусад сол ҳадис нависанд, мадори кори онҳо бар ин “Саҳеҳ” аст. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 579).

Абӯалии Нишопурӣ мефармоянд: “Зери паҳнои осмон китобе саҳеҳтар аз китоби Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ нест”. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.12, с. 566).

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:35
Пешин12:40
Аср17:34
Шом19:39
Хуфтан21:09
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар