Асосӣ Мақолаҳо Ватандўстӣ ҷузъи имон аст

Ватандўстӣ ҷузъи имон аст

Ватандўстӣ ҷузъи имон аст
2021-02-19
2008

Ҳамду сано Худовандро ва дуруду салом ба Паёмбари гиромӣ (с) ва хонадону ёронаш бод.

Аз назари таълимоти шариат дўст доштани Ватан, дифоъ ва ободонии он қарзи ҳар як мусулмон ба ҳисоб меравад. Худованди тавоно дар Қуръони карим ба Ҳазрати Мустафо (с) дар мавриди Ватан чунин фармудааст:

Ба дурустӣ Он, ки Қуръонро бар ту фарз кард, албатта, туро ба сўи ҷои бозгашт бозгардонанда аст (Сураи «Қасас», ояти 85) .

Чун Паёмбар (с) аз ғори Савр берун шуд ва озими Мадинаи мунаввара гардид, яъне ватани худро тарк (ҳиҷрат) мекард, дар минтақаи Ҷуҳфа байни Маккаву Мадина қарор гирифт, роҳи Маккаро шинохт, маҳзун шуд, дилаш ба ватан майлон гардид, зодгоҳ ва зодгоҳи аҷдодонашро ба ёд овард. Ин буд, ки Ҷабраил нозил шуд ва пурсид: Муштоқи ватан ва зодгоҳат шудӣ? Паёмбар (с) посух доданд: Бале! Пас ин оят нозил шуд:

«Ҳамон Худое, ки Қуръонро бар ту фарз кард, туро ба ҷойгоҳ ва зодгоҳат бозмегардонад» .

Пас аз ҳиҷрат ба Мадинаи мунаввара Паёмбар (с) ҳамавора бо иштиёқи хос ба сўи ватани худ менигарист. То ин замон қиблаи мусулмонон Байту-л-муқаддас буд, валекин Паёмбар (с) орзу дошт, то қибла Маккаи мукаррама бошад. Ҳарчанд дар хусуси тағйири қибла ихтилофи назарҳо вуҷуд дорад, тибқи ривояти баъзе муфассирин, Худованди огоҳу тавоно ин орзуи Паёмбар (с)- ро амалӣ кард ва барои хушнудии Паёмбар (с) қибларо тағйир дод:

«Ба дурустӣ ки Мо гаштани рўи туро дар ҷониби осмон мебинем. Пас, албатта, туро ба он қиблае мегардонем, ки ба вай хушнуд шавӣ. Пас рўи худро ба тарафи Масҷиду-л-ҳаром бигардон; ва ҳар ҷо, ки бошед, рўйҳои худро ба тарафи вай бигардонед» (сураи «Бақара», ояти 144).

Инчунин иборае мавҷуд аст, ки дўст доштани ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне дўст доштани ватан аз имон аст. «Ҳуббу-л-ватан» дўст доштани ватан аст, муҳофизати ватан аст, хизмати ватан аст, обод кардани он аст, садоқат ва ростӣ аст.

Агар ба таърихи паёмбарон назар кунем, мебинем, ки Ҳазрати Мўсо (а) ҳарчанд дар Мадян иқомат дошт, охир ба ватан баргашт. Юсуф (а) дар Миср мулки шоҳӣ дошт, охир ба ватан баргашт. Ҳазрати Иброҳим (а) дар ҳаққи ватан дуо кард, Худо дуояшро мустаҷоб гардонд:

Ва он гоҳ, ки Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин маконро шаҳри боамн бисоз ва аз сокинонаш касеро, ки ба Худо ва рўзи бозпасин имон оварад, аз меваҳо рўзӣ деҳ!» (Сураи Бақара, ояти 126).

Имрўз мо бояд ба қадри Ватан, ба қадри сулҳу субот, оромиву амнияти кишвар бештар аз ҳар вақти дигар бирасем. Агар боре ба ҳоли баъзе кишварҳои ҳамсоя назар кунем, мебинем, ки одамон дар орзуи сулҳанд. Ҳар рўз чандин нафар мардуми осоишта, пиру кўдак кушта мешавад, шаҳрҳо вайрон, хонаҳо валангор гашта, фарзандон ятим мегарданд. Ин воқеа аз куҷо сар зад? Аз ношукрии одамон, зеро онҳо ба қадри тинҷиву оромӣ нарасиданд. Аммо шукри Худованд, ки дар кишвари азизи мо Тоҷикистон сулҳу амният пойдор аст. Дар ин ҷода набояд ҳушёриву зиракиро аз даст диҳем, ба гуфтаи фитнагару иғвоангезон фирефта шавем. Бояд ба фарзандон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро тарбияи хуб намоем, илм омўзонем, маърифатпарвар ва ватандўст ба воя расонем. Бояд дарк кунем, ки Ҳукумати кишвар ғамхори халқ буда, бо инояти Парвардигор Пешвои миллат кафили сулҳ аст. Ҳар иқдоме, ки аз ҷониби давлат амалӣ мешавад, танҳо ба хотири некўаҳволии мардум, ба хотири сулҳу субот аст. 

Аз ин рў, дар ҳаққи Ватан ва Сарвари давлат дуои нек кунем, ки Офаридгори замину осмон амну амонии мулкамон, сулҳу суботи мардуми кишварамон ва хонаободии ҳар сокини Ватани маҳбубамонро поянда гардонад.

Парвардигор ҳамаи моро ба роҳи рост ҳидоят намуда, мамлакати моро аз офатҳо нигаҳбон бошад ва раҳмату баракати худро ба ин сарзамин зиёда гардонад. Мардуми ин диёрро зиндагии орому саодатмандона насибу рўзӣ созад, ҷавонони ин миллатро дар паноҳи худ нигаҳбон бошад ва ба онҳо ҳидояту комёбии зиндагӣ ато фармояд!

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар