Асосӣ Мақолаҳо БА ХУД ЗАРАР РАСОНИДАН ҲАРОМ АСТ

БА ХУД ЗАРАР РАСОНИДАН ҲАРОМ АСТ

БА ХУД ЗАРАР РАСОНИДАН ҲАРОМ АСТ
2021-04-07
27

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

      Ҳамду сано Парвардигорро, ки одамизодро дар накўтарин сурат офарида, ба ў ақлу тафаккур дод. Шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуде ғайри Худованди ягонаи бешарик. Ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ўст, ки барои мужда додан ва тарс додан Ўро фиристода, чун чароғи тобон медурахшад. Салавоту саломи бепоёни Худованд бар равони поки ў ва бар равони тамоми хонадон ва ёронаш.

       Худованд мефармояд: «Он зоте, ки бароятон заминро қароргоҳ гардонида, осмонро бино намудааст ва шуморо ба сурате дароварда, беҳтарин суратро бароятон додааст ва бароятон аз тамоми хушиҳо рўзӣ додааст, ин аст Парвардигори шумо. Пас бисёр бо баракат аст Худованд, Парвардигори оламиён» (сураи «Ғофир», ояти 54). Боз мефармояд: «Оё надидед, ки Худованд бароятон он чиро дар замину осмонҳост ром намудааст ва неъматҳои ошкору ниҳонашро бар шумо арзонӣ дошт» (сураи «Луқмон», ояти 22).

        Худованд инсонро дар ҳақиқат каромат додааст ва фазилаташро аз бисёре аз махлуқоташ болотар намудааст ва барояш тамоми чизҳои осмон ва заминро мусаххар гардонидааст. Ўро дар зеботарин сурат офарида, барояш гўшу чашму дил бахшидааст, то онро дар он чизе сарф кунад, ки барояш офарида шудааст, то барояш дар тоату ибодати Худованд кўмакрасон бошад. Худованди мутаъол фармудааст: «Ман ҷин ва инсро наофаридаам, магар барои он кӣ маро ибодат намоянд» (сураи «Зориёт», ояти 56).

           Гўш инсонро барои ибодати Худованд кўмак мерасонад. Ў бо гўшаш ваҳйи илоҳӣ ва суханони аҳли илмро мешунавад ва имонаш зиёд мегардад. Чашм низ бар ибодати Худованд кўмакрасон аст, ки тавассути он оятҳои Худоро назар намуда, далоили вуҷуди илоҳиро дар олам наззора мекунад. Ҳамчунин инсон ба воситаи чашм ҳама бало ва офатҳоеро аз худ дур мекунад, ки ба нафсаш ва ё ба динаш зараровар мебошад. Инсон ба воситаи дил бошад, оятҳои аз ҷониби Худованд омадаро мефаҳмад ва мақсаду ҳадафро аз он дарк мекунад. Ҳалолро аз ҳаром фарқ мекунад ва аз шубҳа ва корҳои шак мепарҳезад. Ҳамчунин дигар аъзои баданро Худованд барои он офаридааст, ки барои инсон дар ибодати Худованд кўмакрасон бошад. Ибодат барои ҳар инсон воҷиб аст ва ибодатро ба ҳадди камол иҷро карда намешавад, магар дар сурате, ки ин аъзо солим бошад. Ҳар чизе, ки воҷиб бе он сурат намегирад, худ воҷиб мегардад. Барои ҳамин, соҳиби шариат ҳаром гардонидааст барои инсон ба худ зулм карданро. Баробар аст, ки бо дасти худ ба ҷонаш зарар оварад ва ё коре кунад, ки сабаби зарар овардан гардад. Дар ин ҷо фарқ надорад, ки он зарар андак аст ва ё бисёр. Худованд мефармояд: «Шумо худро бо дасти худ дар ҳалокат наяндозед» (сураи «Бақара», ояти 195).

          Ба ҳаёти дигарон таҷовуз кардан ва ё ба ҷисм, обрў ва ё моли дигарон ноҳақ осеб расондан ҳаром аст. Ислом дахолат ба обрўи дигаронро бо тўҳмат ё зино ҳаром гардондааст. Барои тўҳмат кардан ва зино кардан ҳадди муайян қарор дода шудааст, то обрўи одамизод ҳифз гардад. Ҳамчунин ҳаром гардондааст, таҷовуз ба моликияти мардум ба ин тариқа, ки дуздӣ ва роҳзаниро манъ намуда, барои ҳар яки инҳо ҳаддеро муайян намудааст. Ҳамчунин ҳаром гардонидааст, таҷовуз ба ақлро, бо ҳаром гардонидани масткунандагон ва дигар маводи мухаддир. Ин ҳамаро барои каромати одамӣ ва ҳимояи ором ва осоишта гузаронидани зиндагӣ ҳаром гардондааст.

          Ҳамчуноне, ки Худованд инсонро аз таҷовузи дигарон ҳимоя кардааст, ҳамчунин аз таҷовузи худаш низ ҳимоя намудааст. Барои инсон худкушӣ ва ё сабабгори куштори худ гардидан ҳаром аст. Худованд мефармояд: «Шумо худро макушед» (сураи «Нисо», ояти 29).

           Боз Худованд мефармояд: «Шумо бо дасти худатон худро ба ҳалокат наяндозед» (сураи «Бақара», ояти 195). Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва салам фармуданд: «Ҳар кӣ аз болои кўҳ худро партояду ҳалок шавад, дар дўзах аст, ки абадулобод ба таври ҳамешагӣ дар он боқӣ мемонад. Ва ҳар кӣ заҳр нўшида, худро бикушад, заҳр дар дасташ дохили оташ шуда, ба таври ҳамешагӣ ҷовидон дар дўзах мемонад. Ҳар кӣ бо оҳане худро бикушад, бо ҳамон оҳанаш вориди дўзах мегардад ва бо оҳан дар дўзах ба таври доимӣ монда, шиками худро мехалонад» (Ривояти Бухорӣ). Дар ҳамин ваъиди Паёмбар равишҳои зерин низ дохил аст: Инсон агар маводеро, ки сабаби ҳалоки ў мегардад ва ё бемориҳои дарозмуддати ҳалокатоварро сабаб мегардад, истеъмол намояд. Монанди касоне, ки сигор мекашанд, зеро дуд оҳиста-оҳиста ба саломати зарар оварда, мувофиқи огоҳии табибон ва мутахассисони соҳаи тиб боиси гирифтории бемориҳои марговар мегардад. Пас ҳар кӣ сигорро истеъмол намояд, гунаҳкор мешавад ва агар касе ба сабаби истеъмоли он ҳалок шавад, гўё худкушӣ намудааст.

           Ибни Аббос аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят мекунад, ки фармуданд: «Аз арақ парҳез кунед, зеро арақ калиди тамоми бадиҳост» (Ривояти Ҳоким). Мурод аз арақ тамоми масткунандаҳо аст, аз ҳар моддае, ки набошад. Барои мусалмон истеъмоли ҳама намуд масткунанда ҳаром аст, бо ҳар ном ва ҳар шакле, ки набошад. Дар ин ҷо ҳеҷ фарқе надорад, ки он моеъ бошад ва ё ғайри он, холис бошад ва ё омехта ва фарқ намекунад, ки онро барои шаҳват истеъмол менамояд ва ё барои табобат. Воил ибни Ҳаҷар ривоят мекунад, ки Ториқ ибни Сувайди Ҷўъфӣ аз Паёмбар дар бораи нўшидани арақ савол кард ва ў манъаш намуд. Пас гуфт, ман онро барои табобат истеъмол мекунам. Ба вай гуфт: «Арақ дард аст на дармон» (Ривояти Муслим). Боз ривоят аст, ки Ўро дар бораи арақ пурсиданд, то барои табобат истеъмол намоянд. Пас фармуданд: «Арақ барои табобат нест, балки он худ дард аст» (Ривояти Ибни Моҷа).

        Аз ҷумлаи осеб расондан ба ақл ин истеъмоли маводи мухаддир аст, ки ақлро вайрон намуда, онро хаёлӣ мекунад. Маводи мухаддир инсонро аз тоифаи мардонагӣ ба дараҷаи пастӣ, ҳазёнгўи ва девонагӣ мерасонад ва барояш кардани тамоми корҳои зишт ва зулму ситам бар мардумро осон мегардонад. Фарқ намекунад, ки маводи мухадир ҳашиш бошад, ё афюн ва ё ба шакли таблетка, зеро онҳо ҳам ақлро вайрон мекунанд ва ҳам мизоҷро. Ба дараҷае, ки инсон ҳам обрўяшро аз даст медиҳад ва ҳам динашро.

       Чӣ гуна лоиқ аст, инсоне, ки Худованд ба ў ақл инъом намудааст ва аз бисёри махлуқоташ бартараш гардондааст, худро ба ин сатҳи поёни ҳайвоният расонида, чизеро истеъмол намояд, ки ақлашро аз байн барад, баробар аст, ки он маводи масткунанда бошад ва ё маводи мухаддир. Адовату кинаро дар байни мардум эҷод мекунад, аз ёди Худо ва аз намоз

бозмедорад, ба зино мекашонад. Аҳёнан чунин ҳам мешавад, ки истеъмолкунандаи он майли зиноро бо яке аз маҳоримаш ба монанди модар, духтар ва ё хоҳар мекунад. Ғайрату нангу номусро дур мекунад, хорию пушаймонию расвогиро ба бор меорад ва нушандаи худро ба навъи мардуми ноқис мепайвандад. Онҳо дар асл девонагонанд ва барои онҳо куштани касе ва ё ошкор кардани сирре, ки барояшон зарар дорад, осон аст.

        Ҳамчунин барои инсон ҳаром аст, то обрў ва ё хонадонашро гирифтори зарар намояд. Ў мефармояд: «Қарздор чун пул ёфт, бе таъхир онро адо намояд» (Ривояти Ибни Моҷа). Мувофиқи ин ҳадис ҳаром аст барои қарздоре, ки пул меёбад ва дар баргардонидани қарз таъхир мекунад. Ин барои он аст, ки обрўяшро ҳифз намояд ва мавриди таъна қарор нагирад. Яке аз бузургтарин роҳи зарар расонидани инсон ба нафси худ ва ба дигарон, ин гирифтор кардани худ аст ба ғазаби Парвардигор. Ин кор метавонад бо анҷом додани муҳаррамоти илоҳӣ сурат гирад ва ё ба тарки фармудаҳои Худо ва Расул (с). Ҳамчунин гуноҳи бузург аст агар инсоне амале содир намояд, ки мўҷиби табоҳии худ ва дигарон гардад ва ў гирифтор ба азоби илоҳӣ шавад, ки дар натиҷа ҳам ҷонаш бисўзад ва ҳам боқии баданаш.

         Худовандо, моро бо ҳалолат аз ҳаромат нигоҳ дор ва бо фазлат моро мўҳтоҷи дигарон магардон. Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:22
Пешин12:40
Аср16:50
Шом19:06
Хуфтан20:36
Суханронии Президент
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар