Асосӣ Мақолаҳо Бурҳонуддини Марғинонӣ – фақеҳи барҷастаи ҳанафӣ

Бурҳонуддини Марғинонӣ – фақеҳи барҷастаи ҳанафӣ

Бурҳонуддини Марғинонӣ – фақеҳи барҷастаи ҳанафӣ
2016-04-05
5347

Бурҳонуддини Марғинонӣ – фақеҳи барҷастаи ҳанафӣ

(511 ҳ./1117 м. - 593 ҳ/.1197 м.)

Бурҳонуддини Марғинонӣ аз зумраи донишмандони номовар ва фақеҳони машҳури мазҳаби ҳанафӣ буда, дар муҳити динӣ ва фарҳангии ҳавзаи Мовароуннаҳр бо осор ва таълифоти арзишманди худ шуҳрати бемонанде касб намудааст. Куняи ӯ Абулҳасан, лақабаш Бурҳонуддин, номаш Алӣ ва номи падараш Абӯбакр буда, силсилаи насабаш ба Абӯбакри Сиддиқ мерасид. Ӯ соли панҷсаду ёздаҳ, моҳи Раҷаб, рӯзи душанбе баъд аз намози аср дар шаҳри Марғинони водии Фарғона чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Омӯзиши илми фиқҳро аз назди падараш оғоз намуда, сипас барои такмил намудани илму дониш дар назди фуқаҳои аср амсоли Баҳоуддин Алӣ ибни Муҳаммад ибни Исмоили Исбеҷобӣ, Наҷмуддин Абӯҳафс Умари Насафӣ-муаллифи китоби «Ақидаи Насафӣ», Ҳусомуддин Умар ибни Абдулазиз, Зиёуддин Муҳаммад ибни Ҳусайни Бандиҷӣ, Абӯамр Усмон ибни Алии Байкандӣ, Қивомуддин Аҳмад ибни Абдуррашиди Бухорӣ - падари муаллифи «Хулосат-ул-фатово» зонуи шогирдӣ мезанад ва дар натиҷа фақеҳи замони худ мегардад. Донишмандон ва фақеҳони асраш аз қабили Фахруддини Қозихон, Маҳмуд ибни Аҳмад ибни Абдулазиз – муаллифи китоби «Ал-муҳит» ва «Аз-захира», Зайнуддин Абӯнаср Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Умари Аттобӣ, Заҳируддин Муҳаммад ибни Аҳмади Бухорӣ - муаллифи китоби «Фатовои Заҳирия» ӯро азизу гиромӣ медоштанд.

Бурҳонуддини Марғенонӣ ба шогирдони зиёде илми фиқҳ омӯхта онҳоро ба камол расониданд, ки аз ҷумлаи онҳо фарзандони ӯ Ҷалолуддин Муҳаммад, Низомуддин Умар, набараи ӯ Имодуддин ибни Абӯбакр, Шамсулаиммаи Кардарӣ, Ҷалолуддин Маҳмуд ибни Ҳусайни Истаравшанӣ мебошанд. Бурҳонуддини Марғинонӣ дар илми фиқҳ, ҳадис, тафсир, ирфон, усул, адаб ва шеър маҳорати бузурге дошт. Ӯ соли панҷсаду чиҳилу чаҳори ҳиҷрӣ ба зиёрати хонаи Худо рафта равзаи Паёмбари Худо (с)-ро зиёрат намуданд.

Бурҳонуддини Марғенонӣ соли панҷсаду наваду се, чордаҳуми зулҳиҷҷа, рӯзи сешанбе дар шаҳри Самарқанд аз дунё даргузаштанд. Ибни Камолпошшо ӯро аз табақаи асҳоби тарҷеҳ ном бурдаанд. Аз Бурҳонуддини Марғенонӣ осори гаронбаҳое ба мерос мондааст, ки баъзе аз онҳо ин ҷо зикр карда мешаванд.

1.Ал-бидоя.

2.Кифоят-ул-мунтаҳӣ.

3.Ал-ҳидоя.

4.Китоб-ул-мунтақо.

5.Нашр-ул-мазҳаб.

6.Ат-таҷнис вал-мазид.

7.Маносик-ул-ҳаҷҷ.

8.Мухторот-ун-навозил.

9.Китобун фил-фароиз.

“Ал-ҳидоя” яке аз асарҳои маъруфи Бурҳонуддини Марғенонӣ буда, ҳеҷ мадрасае нест, ки барномаи дарсии худро аз он мустағнӣ донад. Омӯзиши китоби “Ал-ҳидоя” на танҳо дар мадраса ва ҳавзаҳо динӣ ба роҳ гузошта шудааст, балки дар донишкада ва пажӯҳишгоҳҳо низ мавриди таваҷҷуҳи мутахассисон қарор гирифтааст. Муаллиф дар ибтидо китоби “Бидоят-ул-мубтадӣ”-ро навиштанд ва масоили онро аз миёни “Мухтасар-ул-Қудурӣ” ва “Ал-ҷомеъ-ус-сағир” ҷамъоварӣ намуданд. Сипас муаллиф ба он шарҳе бо номи “Кифоят-ул-мунтаҳӣ” дар ҳаштод ҷилд навиштанд. Аз он ҷиҳат ки шарҳи мазкур бениҳоят тӯлонӣ буд ва муаллиф хавф бурданд, ки хонандагон аз хондани он худдорӣ мекунанд ва дар натиҷа омӯзиши “Бидоят-ул-мубтадӣ” низ ба таъхир мемонад, шарҳи дигаре мӯҷаз ва мухтасар бо номи “Ал-ҳидоя” навиштанд. Бурҳонуддини Марғинонӣ таълифи “Ал-ҳидоя”-ро аз моҳи зулқаъдаи соли панҷсаду ҳафтоду се оғоз намуданд ва дар соли панҷсаду ҳаштоду шаш онро ҳусни хотима бахшиданд. Дар муддати ин сездаҳ соли таълиф ҳамеша рӯзадор буд, вале ҳеҷ кас аз он пай намебурд. Ҳар гоҳе ки хидматгори ӯ таоми наҳорӣ меовард, ба ӯ дастур медоданд, ки таомро дар назди ӯ гузоранд. Чун хидматгор таомро гузошта мерафт, таомро ба яке аз шогирдони худ медоданд. Аввалин касе ки “Ал-ҳидоя”-ро аз муаллиф омӯхтанд, шогирди ӯ Шамс-ул-аимма Муҳаммад ибни Абдуссаттори Кардарӣ буд.

Анваршоҳи Кашмирӣ мефармоянд, ки дар илми фиқҳ ба мартабаи муаллифи “Ал-ҳидоя” ҳазор фақеҳе ҳамчун муаллифи “Ад-дуррул-мухтор” расида наметавонад, зеро илми муаллифи “Ал-ҳидоя” дар сина ва илми муаллифи “Ад-дуррул-мухтор” дар саҳифа ва китоб буд. Миёни ин ду илм фарқи бузургест.

Анваршоҳи Кашмирӣ мефармоянд, ки яке аз уламо аз ман пурсиданд: “Оё монанди “Фатҳ-ул-Қадир” китобе навишта метавонӣ?” Гуфтам: “Оре”. Боз пурсиданд, ки монанди “Ал-ҳидоя” чӣ? Гуфтам: “Ҳаргиз не, агарчи чанд сатре ҳам бошад”.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар