Асосӣ Мақолаҳо МАЗАММАТИ ДАШНОМ АЗ ДИДГОҲИ ДИН

МАЗАММАТИ ДАШНОМ АЗ ДИДГОҲИ ДИН

МАЗАММАТИ ДАШНОМ АЗ ДИДГОҲИ ДИН
2021-12-23
172

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

    Ҳамду сано Худовандро, салавоту салому баракоти Худованд бар Расулу тамоми хонадон ва ёронаш бод.

       Дар ин навишта мехоҳем дар бораи як хислати бад ва як одати носозгоре сухан гўям, ки бисёре аз мардум ба он гирифторанд, вале он хислати зишт ва одати носозгор дар назди Худованд басо гуноҳи бузург аст. Кор то ҷое расидааст, ки баъзе аз мардум бо ин хислати зишт ифтихор мекунанд ва мардум аз онҳо ном мебаранд, ки фалонӣ бисёр даҳони сахт дорад, бехабар аз ин ки ў дар назди Худованд аз бандагони манфур аст. Он хислати зишту нописанд дашному ҳақорат аст, имрўзҳо ману шумо шоҳидем, ки ҳатто дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хусусан дар миёни ҷавонон ин хислати нописанд монанди нўшидани об шудааст. Мутаассифона як замон буд, ки мардон дашном медоданд. Имрўзҳо занон бо дашном додан шуруъ кардаанд, ки ин хеле нигаронкунанда аст, чунки онон оянда модаранду тарбиятгаранд.

Дидгоҳи дини мубини Ислом ва аҳодиси Паёмбар (с)-ро бибинем, ки чӣ ваъидҳое дар шаъни онҳое, ки ба ин хислат мубталоанд, додааст.

Дар ҳадисе Паёмбари Худо (с) пас аз он ки ба Муоз (р) аз усули дин ва аркони дин хабар дод, забони худро нишон дода ба ў фармуд: Инро бар худ нигоҳ дор. Муоз фармуд, ки эй Расули Худо (с), оё ба он чи сухан мегўем, муоахаза мешавем? Фармуданд: Оё мардумро ба ҷуз маҳсули забонҳояшон чизи дигаре дар дўзах меандозад?!

Бояд донист, ки кадом инсоне падару модари инсони дигареро дашном медиҳад, гўё, ки бар падару модари худаш лаънат фиристода бошад ва он ҳақорат бар падару модари худаш бармегардад. Чунончи дар ҳадис омадааст: «Худо лаънат кунад касеро, ки падару модарашро лаънат мекунад. Гуфтанд: Чигуна мард волидайнашро лаънат мекунад? Фармуданд: Падару модари мардеро дашном медиҳад, пас ў ҳам падару модарашро дашном медиҳад».

Чунончи Саъдии бузургвор мефармояд:

Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ,

Бо кас макун эй бародари ман.

Гар модари хеш дўст дорӣ,

Дашном мадеҳ ба модари ман.

Шумо бубинед, агар мо худамон дар дилу забонамон тағйир наоварем ва ислоҳ накунем, ҳеҷ вақт Худованд мову шуморо ба роҳи рост, ба роҳи комёбӣ ҳидоят намекунад. Чунонки Худованд мефармояд:

«Ба дурустӣ, Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо [худ] он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд». (Сураи Раъд, ояти 11)

Бинобар ин, инсонро мебояд худаш ҳамеша дар фикри ислоҳи худ бошад ва дар тарбияти нафсаш фикрманд бошад, то ки Худованд ўро ба комёбиҳои дунёву охират бирасонад.

Бузургон фармудаанд, ки яке аз нишонаҳои қиёмат фош ва ом шудани дашному ҳақорат дар миёни мардум аст. Баъзе аз уламо мегўянд, ки ҳақорату дашноми шахс дар китобе ба номи «сиҷҷин» сабт мешавад ва он дар рўзи қиёмат ба соҳибаш пешниҳод мегардад. Бубинед, ки забон чигуна соҳибашро ба пастиҳои дунёву охират мекашонад, агар соҳибаш онро дар ҷои худ истифода набарад.

         Расули акрам (с) дар ҳадиси дигаре меъёри мусулмон будани шахсро чунин арзёбӣ кардаанд: «Мусулмони комил касе аст, ки дигар мусулмонон аз забону дасти ў эмин бимонанд».

            Худованд мову шумо ва дигар мусалмононро аз ин хислати бад нигоҳ дорад.  Он касоне, ки даст ба обрўи дигарон мезананд ва аз пайи озор додани онҳо мегарданд, дониста бошанд, ки Худованд бар сари онҳо азобро дар ҳамин дунё меорад ва расвоиро дар хонадони худ мебинанд. Ин хислати бад вазнин асту гирифтории ниҳоят бузург ва обрўи мусалмононро резонидан гуноҳи кабира аст. Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст, ки дашном додани дигарон сабаби ғазаби Худо мешавад, чунончи мефармоянд: «Худованд марди бадгуфторро бад мебинад». (Ривояти Тирмизӣ)

Чӣ зебо аст ин дине, ки аз обрў ҳимоят мекунад, айбҳоро мепўшонад ва чӣ хуб аст барои мўъмин, агар бо хислатҳои имон худро музайян созад ва бо ахлоқи исломӣ рафтор намояд. Ҷамъият чӣ қадар зебо мегардад, агар ҳар фарди он ҳуқуқи ҳамдигарро риоя намоянд.

Сангалиев Маҳмуд

Сармутахассиси Раёсати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:55
Пешин12:40
Аср15:44
Шом17:45
Хуфтан19:15
Суханронии Президент
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар