Асосӣ Мақолаҳо ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН Ҳикмати машрўияти рўза ва фавоиди он

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН Ҳикмати машрўияти рўза ва фавоиди он

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН  Ҳикмати машрўияти рўза ва фавоиди он
2022-04-05
570

Дар моҳи Шаъбони соли дувуми ҳиҷрӣ Худованд ба уммати исломӣ рўзаи моҳи Рамазонро фарз гардонид. Пайғамбари гиромии Ислом (с) пеш аз фарз гардидани Рамазон одат доштанд, ки се рўз аз ҳар моҳ ва рўзи Ошўро рўза мегирифтанд. Рўзаи моҳи Рамазон яке аз аркони умдаи дини мубини Ислом мебошад. Дар хусуси ҳикмати машруъияти рўза уламои муҳаққиқ чунин назар доранд, ки Худованди ҳаким инсонро табиатан чунин офаридааст, ки ў ҳамеша нафси худро дўст дошта, барои пурра кардани эҳтиёҷоти хоссаи худаш саъйу талош меварзад ва аз ҳоҷати заифону мискинон ғофил мемонад. Бинобар ин, ҳикмати Худовандӣ ҳаминро тақозо намуд, ки бар инсонҳо гуруснагию ташнагӣ ва муддате аз тамоми хоҳишоти нафсонӣ дур буданро фарз гардонид, то ин ки ба сабаби эҳсоси гуруснагӣ ва ташнагии сахт эхтиёҷ ва ниёзмандии заифону мискинонро дарк намуда, барои рафъи ҳоҷати онҳо саъю кўшиш намояд. Рўза дар табиати инсонҳо ҳалимию бурдборӣ ва раҳму шафқатро бедор намуда, дар қалби онҳо инсондўстӣ, меҳрубонию раҳмдилиро нисбат ба камбағалону мискинон ва дигар хислатҳои неки инсониро бедор месозад.

Савм (рўза) дар луғат ба маънои «имсок», яъне бозистодан аст. Дар истилоҳи шариат иборат аз боздоштани нафс аз таъом, шароб ва ҷимоъ (ҳамхобагӣ бо зан) мебошад. Мавлоно Абдулҳайи Деҳлавӣ дар китоби худ «Ашиъъатул-ламаъот» гуфтааст, ки назди уламо дар ин масъала ихтилоф аст, ки намоз бартар аст ё рўза. Машҳур назди ҷумҳури уламо ин аст, ки намоз аз соири ибодатҳо бартар аст. Чунончи дар ҳадис омадааст:

              »فاعلموا إن خير أعمالكم الصلاة«

Яъне: «Бидонед, ки беҳтарини аъмоли шумо намоз аст». Баъзеҳо гуфтаанд, ки рўза бартар аст, зеро дар ҳадис омадааст:

             » عليكم بالصوم لأنه لا عدل له   « 

Яъне: «Рўзаро лозим бидоред, зеро рўзаро ҳамтое нест».

Худованд дар дар бораи фарз гардидани рўза мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ [٢:١٨٣]     Яъне: «Эй касоне, ки имон овардаед, рўза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед». («Бақара»; 183).

Ибни Касир дар тафсири ин оят мефармояд, ки то фарз гардидани моҳи мубораки Рамазон бар уммати исломӣ дар ибтидои Ислом одат чунин буд, ки аз ҳар моҳе фақат се рўз рўза мегирифтанд. Яъне рўза доштан дар ибтидои Ислом се рўз аз ҳар моҳе буд. Чунонки ин намуд рўза доштан бар умматҳои пешин низ мавҷуд буд, ки онҳо аз ҳар моҳ танҳо се рўз рўза мегирифтанд. Аммо бо фарз гардидани моҳҳои мубораки Рамазон ҳамаи ин навъи рўзаҳо мансух гардид ва танҳо рўзаи фарзи моҳи мубораки Рамазон то рўзи қиёмат боқӣ монд. Ибни Касир мегўяд, ки ривоятҳо аз Муоз, Ибни Масъуд, Ибни Аббос, Ато, Қатода ва Заҳҳок ибни Музоҳим

 أَيَّامًا مَّعْدُودَاتٍ ҳамин се рўз рўзаи ҳар моҳро дар бар мегирад. Боз мегўяд, ки ин намуд рўза аз замони Нўҳ (а) машруъ гардида, фарзияти он дар ҳама умматҳо давом намуд, то ин ки Худованди ҳаким онро ба сабаби фарз гардидани рўзаи моҳи мубораки Рамазон мансух гардонид.

Марҳалаи фарз гардидани рўзаи Рамазон бар уммати исломӣ

Рўзаи моҳи Рамазон тадриҷан марҳала ба марҳала фарз гардида комил гардид. Ҳангоме ки Расули акрам (с) ба Мадина омад, одати ў ин буд, ки аз ҳар моҳ се рўз ва инчунин дар рўзи Ошўро рўза мегирифт. Пас ояти 183-юми сураи «Бақара» нозил шуда, рўзаро фарз гардонид ва ҳама рўзаҳои қаблиро мансух кард. Баъд аз он ояти зерин нозил гардид:

وَعَلَى الَّذِينَ يُطِيقُونَهُ فِدْيَةٌ طَعَامُ مِسْكِينٍ ۖ

«Онон, ки тавоноии онро (рўзаро) надоранд, ҳар рӯзро ба таом додани мискине бозхаранд». («Бақара»; 184).

Пас аз нузули ин оят касе мехост рўза медошт ва касе мехост, ифтор намуда, мискинеро таом медод ва ин амал ба ихтиёри ў вобаста буд. Баъд аз он ин оят нозил шуд:

شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِّنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ ۚ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ ۖ [٢:١٨٥]

«Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон – [ҳамчун] раҳнамо барои мардумон ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд. Ва ҳар ки аз шумо он моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рўза дорад». («Бақара»; 185).

Худованд бо ин оят рўзаро бар шахсони муқиму тандуруст фарз гардонида, ифтор намуданро барои бемор ва мусофир рухсат дод. Дар ин марҳала барои пири солхўрдае, ки ба гирифтани рўза қодир нест, ба таом додани мискинро ҳамчун фидя муқаррар намуд. Ҳамчунин бегоҳӣ хўрдан барои рўзадор, нўшидан ва омезиш бо зани худ ҷоиз буд, ба шарте ки ўро (рўзадорро) хоб намебурд. Агар ўро ногаҳон хоб мебурд, баъд аз хобидан барои ў хўрдану нўшидан ва омезиш бо зан то фаро расидани бегоҳи рўзи дигар манъ мешуд.

Рўзе марди ансорие бо номи Сирма дар ҳоли рўзадор будан ба кори сахт машғул гашта, бегоҳӣ хаставу монда ба хонааш меояд. Ў намози хуфтанашро мегузорад ва рўзаашро нокушода хобаш мебарад. Чун ҳеҷ чиз нахўрда ва нанўшида буд, боз фардо рўза мегирад. Аммо гуруснагӣ ва ташнагӣ бар ў таъсири сахт кард ва ин ҳолатро Пайғамбар (с) дида, аз ў пурсид: «Чаро ман бемадорӣ ва хастагии бағоят сахтро дар ту мушоҳида дорам?». Вай дар ҷавоб гуфт: «Эй Расули Худо, ман дирўз ба кори сахти рўзгорам машғул шуда, ниҳоят монда шудам ва бегоҳӣ қуввати хўрдану нўшидан накарда, хоб бар ман ғалаба кард. Субҳ бошад, ман ҳеҷ чиз нахўрда, боз рўза гирифтам. Ин бемадорӣ ва хастагии тоқатфарсои ман аз ҳамин сабаб аст».

Ҳамчунин ҳазрати Умар (р) баъд аз андаке хоб кардан ба фаромўшӣ бо занаш омезиш намуда, барои фатво пурсидан пеши Паёмбари Худо (с) меояд. Дар натиҷа баъд аз ин воқеаҳо ин оятҳо нозил шуданд:

 أُحِلَّ لَكُمْ لَيْلَةَ الصِّيَامِ الرَّفَثُ إِلَىٰ نِسَائِكُمْ ۚ هُنَّ لِبَاسٌ لَّكُمْ وَأَنتُمْ لِبَاسٌ لَّهُنَّ ۗ عَلِمَ اللَّهُ أَنَّكُمْ كُنتُمْ تَخْتَانُونَ أَنفُسَكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ وَعَفَا عَنكُمْ ۖ فَالْآنَ بَاشِرُوهُنَّ وَابْتَغُوا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَكُمْ ۚ وَكُلُوا وَاشْرَبُوا حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكُمُ الْخَيْطُ الْأَبْيَضُ مِنَ الْخَيْطِ الْأَسْوَدِ مِنَ الْفَجْرِ ۖ ثُمَّ أَتِمُّوا الصِّيَامَ إِلَى اللَّيْلِ ۚ [٢:١٨٧]

 «Омезиш кардан бо занони худ дар шаби рўза барои шумо ҳалол карда шуд. Онҳо шуморо (ба манзилаи) пўшишанд ва шумо онҳоро (ба ҷои) пўшишед. Худо донист, ки шумо дар ҳаққи хештан хиёнат мекардед, бар шумо ба меҳрубонӣ бозгашт ва аз шумо даргузашт, пас, алҳол бо занони худ мухолатат кунед ва он чиро, ки Худо барои шумо муқаддар кардааст (яъне: фарзанд), талаб кунед; ва бихўреду биошомед, то он, ки барои шумо риштаи сафед аз риштаи сиёҳ равшан шавад, (мурод) аз (риштаи сафед) фаҷр (аст). Пас аз он рўзаро то шаб тамом кунед». («Бақара»; 187).

Ба ҳамин тариқ, рўзаи моҳи мубораки Рамазон ҳамчун як рукни алоҳидаи дини мубини Ислом дар ҳамин марҳалаҳо комил гардида, то рўзи қиёмат бо ҳамин аркон ва шакл боқӣ ва устувор мемонад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:19
Пешин12:40
Аср18:00
Шом20:04
Хуфтан21:34
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар