Асосӣ Мақолаҳо ЭЙ КАСИ МО, БЕКАСИИ МО БУБИН..

ЭЙ КАСИ МО, БЕКАСИИ МО БУБИН..

ЭЙ КАСИ МО, БЕКАСИИ МО БУБИН..
2022-04-15
346

.Илоҳо! Агар ман натавонам, ки аз гуноҳ бозистам, Ту метавонӣ, ки гуноҳам биёмурзӣ

       Як ҳафта аз моҳи муборак сипарӣ мешавад ва дар поёни ин ҳафта мо бо даҳаи аввали он падруд мегӯем ва вориди даҳаи дуюм мешавем. Ҳамин минвол боз фурсате баъд ба даҳаи сеюм ва баъд тасбеҳи Алвидоъ аз поёни ин моҳи нусрат пайғом медиҳад. Муштоқон ба гиря меоянд, ошиқон лобаву зорӣ мекунанд, ки кош ин моҳ тӯлонӣ буд.

 

        Вале сӣ рӯзи ин моҳ ба ҳадде кӯтоҳ ба назар мерасад, ки гӯё дирӯз шурӯъ шуда. Зеро дар ин моҳ баракату нусрат буд, ки дар моҳҳои дигар набуд. Пас моро зарур аст аз савоби он шому саҳар бархӯрдор шавем, рӯ ба аъмоли нек орем, ки ин моҳ моҳи накуст ва савоби он накуиҳо танҳо пеши Худованд маълум аст. Савоби аъмоли ин моҳ дар моҳи дигар нест. Пас талош кунем, ки бештар аз он баҳра бардорем.

Аъмол хос барои Худо бошад

          Дар бемористон аз олам даргузашт. Беш аз як моҳ мариз буд, вале касе аз дӯстон хабар аз ҳолаш надошт. Моро танҳо субҳи он рӯзе, ки ба хок месупориданд, огоҳ карданд, ки рафт Шариф, биёед алвидоъаш бигӯед. Ва омадем. Вале аз ин омадан чӣ суде? Қадри инсонро бояд дар зиндагонии ӯ бишносанд, баъди рафтан аз ӯ ёдеву хотирае мемонад, ки он ҳам дигар барояш арзише надорад.

          Ин як гилаи сарироҳии марде ба марди дигар буд. Аммо онро наметавон гилаи фарде ба фарди дигар номид. Инсон худ меҳмони чандрӯзаи ин олами вайрон аст, вале аз ёд мебарад, ки эҳтироми меҳмонии худро нигоҳ дорад. Аёдат аз рукнҳои басо муҳими ахлоқи исломист ва ин нукта дар ояҳои каломи Маҷид ва аҳодиси Расули Акрам алайҳиссалом сареҳан таъкид шудааст. Дар аҳодис на танҳо таъкид, балки мизони савоби он ва маҳбубияти аёдаткунанда пеши Худо ва Расули Ў (с) оварда мешавад. Дар нигоштаҳо аёдат чун қадршиносӣ омадааст. Инсон қадри бародари мӯъмини худро мешиносад ва танҳо баҳри ризои Худо аз ҳоли ӯ хабар мегирад, вале подоши ӯро Худои бузург медиҳад.

          Расули Акрам (с) мефармоянд: "Марде ба зиёрати бародараш мерафт, ки дар қарияи дигаре буд. Худованд дар аснои роҳ фариштаеро ба ҳифозати вай гумошт. Вақте, ки фаришта назди вай омад, пурсид, ки куҷо меравӣ? Он мард гуфт: Мехоҳам ба зиёрати бародарам биравам, ки дар он қария аст. Гуфт (фаришта): Оё мар туро бар вай неъмате аст, ки мехоҳӣ ба василаи он зиёраташ кунӣ? Гуфт: На, лекин ман ӯро хос барои Худо дӯст медорам. Он фаришта гуфт: Ман фаришта ва фиристодаи Худоям. Бо ин ки ин суханро ба ту мерасонам, тавре ки ту он бародаратро дӯст дорӣ, Худованд туро дӯст медорад" (ба ривояти Муслим).

        "Касе, ки хос барои Худо маризеро аёдат кунад ва ё бародарашро зиёрат намояд, мунодӣӯро садо мекунад, ки аз гуноҳон пок шудӣ, ё ки хушо ба ҳоли ту ва пок аст рафтани ту ва қадамҳои ту. Ва барои худ дар ҷаннат ҷоеро омода кардӣ" (ба ривояти Тирмизӣ).

         Дар ин бора ҳадисҳо зиёд ворид шудаанд. Аз ҷумла, аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расулаллоҳ (с) фармуд: Худованд дар рӯзи қиёмат мегӯяд: Эй бани одам, ман мариз шудам ва маро аёдат накардӣ. Банда мегӯяд, эй Парвардигори ман, чӣ тур туро аёдат кунам, дар ҳоле, ки ту Парвардигори оламиён ҳастӣ? Мегӯяд: Оё надонистӣ, фалон бандаи ман мариз шуд ва ту ӯро аёдат накардӣ?

         Оё ту инро надонистӣ, ки агар ӯро аёдат мекардӣ, маро дар назди вай меёфтӣ. Эй бани Одам, ман аз ту ғизо хостам, ту маро ғизо нахӯрондӣ. Ӯ мегӯяд, эй Парвардигори ман, чӣ гуна Туро ғизо медиҳам, дар ҳоле, ки ту Рабби оламиён ҳастӣ? Мегӯяд: Оё ту инро надонистӣ, ки фалон бандаи ман аз ту ғизо хост ва ӯро ғизо надодӣ. Оё нафаҳмидӣ, ки агар ӯро ғизо медодӣ, савоби онро дар назди ман меёфтӣ.

        Эй бани Одам, ман аз ту об хостам, ту маро об нанушондӣ. Мегӯяд: Эй Парвардигорам, чӣ гуна ман Туро об менӯшонам, дар ҳоле, ки Ту Рабби оламиён ҳастӣ? Мегӯяд фалон бандаи ман аз ту об мехост ва ӯро об надодӣ, оё надонистӣ, ки агар ӯро об менӯшондӣ, савоби онро дарҳол назди ман меёфтӣ? (ба ривояти Муслим).

         Имом Тирмизӣ, аз Алии Абутолиб (р) ривоят кунад, ки гуфтааст: Шунидам, ки Расулаллоҳ (с) мефармуд: Ҳеҷ мусалмоне нест, ки мусалмони дигарро аз тарафи субҳ аёдат кунад ва ба теъдоди ҳафтод ҳазор малоика то бегоҳ барои вай дуруд мефиристанд ва агар аз тарафи бегоҳ аёдат кунад, магар ин ки ба теъдоди ҳафтод ҳазор малоика то дами субҳ барои ӯ дуруд мефиристанд...

          Имом Бухорӣ (р) аз Анас (р) ривоят аст, ки мегуфт: писари яҳудие буд, ки Расулуллоҳ (с)-ро хидмат мекард. Ва ӯ мариз шуд ва Расулаллоҳ (с) назди ӯ омад, то ӯро аёдат кунад ва дар назди сари ӯ нишаст ва барояш гуфт: мусалмон шав. Он писар ба падараш назар кард, ки наздаш буд. Падараш гуфт, ки Абулқосим (Расулуллоҳ (с)- ро итоат кун. Пас он писар мусалмон шуд. Ва Расулуллоҳ (с) аз пеши вай берун омад дар ҳоле, ки мегуфт ҳамду сано мар Худовандрост, ки ӯро аз оташи дӯзах наҷот дод.

          Чунонки дида мешавад, савоби аёдати мариз бузург аст ва хоса дар моҳи мубораки Рамазон, ки ҳар аъмоли нек ва амали шоиста аҷру савобе дорад, ки онро танҳо Худои пок медонад чӣ миқдор аст. Пас дар ин моҳ бикӯшем то барои бародарону хоҳарони мусалмони худ шафқат кунем, аз ҳоли маризон бештар хабар гирем, дилҳои аз шиддати дард ранҷурашонро шод гардонем, бо суханони таскиномез давое беҳтар аз давои дорухонаҳо фароҳам орем, ки ин суҳбати дилпазир ва башорати сиҳатмандии комили ӯ мебошад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:19
Пешин12:40
Аср18:00
Шом20:04
Хуфтан21:34
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар