Асосӣ Мақолаҳо ҲИКМАТИ ГУРУСНАГӢ, РӮЗА ВА ТАНСИҲАТӢ

ҲИКМАТИ ГУРУСНАГӢ, РӮЗА ВА ТАНСИҲАТӢ

ҲИКМАТИ ГУРУСНАГӢ, РӮЗА ВА ТАНСИҲАТӢ
2022-04-15
389

Ривоят аст, ки Людовиг Корнаро - як аристократи машҳури Венетсия, ки солҳои 1465-1566 зистааст, сарватмандтарин ва шинохтатарин инсони замонаш буд. Чун соҳибдавлат буд ва моли зиёд дошт, аз андоза бештар мехӯрду менӯшид, мастии беҳад мекард. Аммо дар чилсолагӣ беморие домангираш шуд, ки тадриҷан ӯро аз по уфтонд.

Ҳеҷ табибе наметавонист дарди ӯро илоҷ кунад, ҳарчанд ки варзидатарин духтурони Италия ба табобаташ доман зада буданд. Кор ба ҷое расид, ки умедҳо канда шуданд, табибон низ ба ин натиҷа расиданд, ки ба умри ӯ рӯзҳои бошуморе мондааст. Аммо дар ин замон табибе ҳозир шуд ва баъди муоина ғайриинтизор ба ӯ тавсия дод, ки гуруснагӣ кашад, аз хӯрдану нӯшидан барои як муддате даст кашад. Ниҳоят муъҷизае рух дод.

        Корнаро намурд, балки шифо ёфт ва ба по хест. Тавсияи гуруснагӣ ба ӯ сиҳатии комил бахшид. Шахсе, ки тибқи гуфтаи табибон бояд дар ҳамин синни чилсолагӣ бо ҳаёт падруд мегуфт, 101 сол умр дид ва тӯли ин муддат парҳез аз таом дошт. Дар синни 83-солагӣ китоби худро дар бораи зиндагии мақсаднок навишт. Ниҳоят баъди садсолагӣ замоне ҷон ба ҷонофарин таслим кард, ки дар роҳаткурсӣ истироҳати бофароғат дошт ва аз он хоби роҳат дигар барнахест.

Оре, ин як сарнавишт аст ва агар ба таърих ва китобҳои он руҷӯъ шавад, садҳо чунин мисол пеши рӯ меояд. Ҳикмати гуруснагӣ дар фалсафаи моҳи Рамазон баръало намудор аст ва Ислом гуруснагӣ ва камхӯриро яке аз василаҳои қурби Илоҳӣ медонад. Агар ин ҳамаро ба риштаи таҳлил кашем, пас мебинем, ки Ислом рӯзаро василаи мубориза бо нафс қарор додааст ва ин нуктаест, ки дар аҳодиси набавӣ зиёд аз он ситоиш шудааст. Ҳатто ба ҳадде, ки Расулаллоҳ (с) ҷанг зидди куффор ва мушрикинро, ки ҷонҳои мӯъминин қурбон мешуданд, ҷиҳоди асғар (хурд) ва ҷанг бо нафсро ҷиҳоди акбар (бузург) меномиданд.  

        Аз Расули Худо (с) ривоят аст, ки фармуд: «Бо нафси худ ба василаи гуруснагӣ ва ташнагӣ мубориза кунед, зеро подоши он монанди подоши муҷоҳидин дар роҳи Худост. Ва амале назди Худованд маҳбубтар аз таҳаммули гуруснагӣ ва ташнагӣ нест».

       Ва боз он Ҳазрат (с) фармуд: «Касе, ки шиками худро пур кардааст, ба малакути осмон роҳ наёбад».

        Ривояте ҳаст аз  Абдулазиз ибни Умар, ки гуфт: «Навъе аз мурғон чиҳил рӯз гуруснагӣ кашиданд, пас андар ҳаво бипариданд. Чун пас аз чанд рӯз боз омаданд, аз онҳо бӯи мушк меомад».

        Пайғамбари Ислом (с) рӯзгори басо фақирона доштанд. Бо вуҷуди он ки сарвари мӯъминон буданд, баъзан ҳафтаҳо ноне надоштанд, ки тановул кунанд. Дар ин бора аҳодиси зиёде аз саҳобагони киром ривоят шуда, ки яке аз онро ҳадисшиносон аз забони Саҳл ибни Саъд (р) овардаанд. Ӯ мегӯяд: «Аз вақте ки Худованд ҳазрати Расулаллоҳ (с)-ро ба пайғамбарӣ фиристод, то рӯзе, ки рӯҳи ӯро қабз кард, нони сафеди бидуни сабусро надид…».

         Шайх Абдуллоҳи Ансорӣ ин ҳикматро чунин шарҳ додаст: «(Худованд) Мустафо (с)-ро аз аввал ятим кард, то ятимонро неку дорад, пас ғариб кард то ғарибии худ ёд оварад ва бар ғарибон раҳмат кунад ва ӯро бемол кард, то дарвешонро фаромӯш накунад».

Неъмати гуруснагӣ ва шифои бемориҳои зиёде аз он аз замонҳои басо қадим ба инсоният маълум будааст. Ҳанӯз дар қарнҳои 5 ва 4 қабл аз милоди Масеҳ (ъ) донишмандон дар Рими қадим, Ҳинд ва Чин ба натиҷае расида буданд, ки аксари бемориҳо ба бадани инсон аз тариқи ғизоҳои мухталиф ворид мешаванд ва як роҳи табобат ва ҷилавгирӣ аз маризӣ ҳамин парҳез аз таъому шароб аст.  Ривоят мекунанд, ки Пифагор - олими машҳури Юнони бостонӣ, файласуф ва риёзидони варзида ҳар сол 40 рӯз гуруснагӣ мекашид ва чунин мегуфт, ки ин боиси инкишофи фикр ва истеъдод мегардад. Ва аз шогирдонаш низ талаб мекард, ки ин гуруснагии чилрӯзаро таҳаммул кунанд.

Платон - шогирди Суќрот, ки солҳои 427-347 то эраи мо ҳаёт ба сар бурдааст, тиббро ба ду қисм: асил, ки саломатӣ эҳдо мекунад ва ғайриасил, ки  танҳо нишонаҳои ҳаёт ба инсон медиҳад, ҷудо кардааст. Ба қисми аввал риояи рӯзадориро дохил мекард.

Гиппократ (460-357 то солшумории мо) - табиби машҳур, ки ҳикмати тиббии «Зарар нарасон!» мутааллиқ ба ӯст, ҷонибдори ашадии табобат бо усули гуруснагӣ буд.

Ва ин гуна мисолҳо басо зиёданд. Баъдан дар асрҳои милод низ шахсиятҳои басо машҳуре ҳамин тарзи табобатро тавсия карданд. Фарқ танҳо дар ин буд, ки усули мазкур илман асоснок ва такмил дода шуда. Аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино ба маризони худ бештар аз дигарон тавсия медод, ки бо роҳи гурусна нишастан ва рӯза гирифтан худро муолиҷа кунанд. Табобати бемориҳое аз қабили оташак (сифилис) бо ин усул маҳз кашфиёти Синост.

То ин замон ҳатто китобҳои зиёде навишта шуданд, садҳо нафар дар гӯшаву канори олам бо кашфи ҷанбаҳои мухталифи табобат бо усули гуруснагӣ корҳои илмӣ навиштанд ва унвонҳои докториву профессориро гирифтанд. Танҳо ном бурдан аз ин кашфиётҳо саҳфаҳои зиёдро мегирад, ки ин ҷо маҷоли он нест. Танҳо ба он таъкид мекунем, ки Ислом чун дини инсонсоз аст, ба пайравони худ рӯзаро чун воситаи қурби Илоҳӣ, ғизои рӯҳӣ ва тансиҳатӣ тавсия додаст ва иҷрои онро фарз гардонидааст. Яъне, шахси мусалмон бояд ҳамеша тансиҳат ва бардам бошад. Боз кӣ ғайри Худои пок дар фикри беҳбудии бандааш бошад?

           

 

Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода: «Ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи бозор ба хотири гирифтани фоидаи бештар амали бадтарин аст»

         Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки барои хизматрасонӣ ба мардум масъуланд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини Ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст, - чунин изҳори андеша намуд Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуќодирзода ба мухбири АМИТ «Ховар».
         Ба андешаи Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, дар моҳи мубораки Рамазон баъзе нафарон, соҳибкорон ва ё шахсоне, ки бозорнишинанд, ба эҳтикор (дар истилоҳи фиқҳи шаръӣ инро ба таври сунъӣ боло бурдани нарх мегӯянд. – Тавзеҳи  муаллиф) даст мезананд. «Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман сўиистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад. Нафароне, ки нархро ба таври сунъӣ боло мебардоранд, аз ин маблағе ба даст меоранд, лек ин маблағ ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад. Барои ин ҳам ман аз тамоми бозорнишинон ва онҳое, ки ҳамарӯза дар бозору мағозаҳо фаъолият анҷом медиҳанд, хоҳиш дорам, ки дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсонро пеша кунанд, нархҳоро на боло, балки ба миқдоре поин фароранд. Зеро ҳеҷ коре бе подош намемонад, агар некӣ бошад, подоши нек ба бор меорад», - мегӯяд мавсуф.
         Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон зикр намуданд, ки моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад.
«Дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар мусулмони савобҷӯ мебошанд. Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад».

          Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ҳошияи суханони Пешвои миллат изҳор дошт, ки моҳи мубораки Рамазонро моҳи раҳмат мегӯянд.  Дини мубини Ислом танҳо дини эътиқод нест, балки дини эътиқоду амал аст. Мо дар ин моҳ бояд нисбат ба мардум хайрхоҳ бошем.
          Бояд зикр намуд, ки аз рӯи ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон анҷом додани ҳар гуна амали хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат бояд хос ба хотири ризои Худованд бошад, на ба хотири дарёфти шуҳрату обрӯю эътибор миёни ҷомеа. «Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст», - мегӯяд Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Гузашта аз ин, ба таъкиди С. Абдуқодирзода, яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Раиси Шӯрои уламо барои тақвияти ин андеша аз ҳадиси Паёмбари ислом (с) ёдовар шуд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».
         Тавре огаҳӣ дорем, моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи шанбе, 2 апрел оғоз гардид  ва бояд гуфт, ки яке аз унсурҳои асосии моҳи шарифи Рамазон гирифтани рӯза ба сифати рукни муҳими дини мубини Ислом мебошад.
          Ба зикри ҳамсуҳбати мо, рӯза яке аз ибодатҳои пурмашаққатест, ки ниёз ба сабру таҳаммул дорад ва аз ин рӯ бархе аз афроди ҷомеа онро таҳаммул карда наметавонанд. Бинобар ин, шариати исломӣ ба хотири осонӣ ва рафъи машаққат барои чунин гурӯҳи одамон хӯрдани рӯзаро рухсат додааст. Аз ҷумлаи чунин узрҳои шаръӣ, ки шариат муайян намудааст, беморӣ мебошад. Беморие, ки ба сабаби рӯза гирифтан авҷ мегирад ё аз нав ба вуҷуд меояд. Шариати ислом дастур ва тавсияи табиби ҳозиқро дар ин маврид муътабар мушуморад, яъне агар мутахассиси соҳаи тиб зарари рӯзаро ба ҷисми бемор мушаххас кунад, хӯрдани рӯза дар ин ҳолат ҷоиз аст.

          Гурӯҳи дигаре, ки метавонанд аз гирифтани рӯза худдорӣ варзанд, мусофирон мебошанд. Тибқи қарори Шӯрои уламо, масофаи сафар 120 км аст, зеро дар мазҳаби ҳанафӣ муддати сафар се марҳала буда, як марҳала ба 40 км  баробар аст. Масалан, як ронандаи автобуси мусофиркаш бо 30-40 мусофир аз марказ ба ноҳияи дурдасттарин сафар мекунад ва масофа аз 120 километр ҳам дуртар мешавад. Дар ин ҳолат бо дарназардошти масъулият, машаққати роҳ ва солимии дигар мусофирон ин ронанда метавонад рӯза нагирад.

            Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, занҳо дар марҳилаи ҳомиладорӣ, дар ҳолате, ки рӯза ба саломатии модар ва тифл таҳдид дорад, метавонанд рӯза нагиранд. Модари ширдеҳе, ки  хӯроки тифлаш танҳо  шири модар аст, аз гирифтани рӯза айни ҳамин имтиёзро дорад.

         «Шахсони пиру солхӯрда, ки гирифтани рӯза барои онҳо машаққат ва бемадорӣ  меорад, бо додани фидяи савм (тибқи қарори Шӯрои уламо 420 сомонӣ барои як моҳи мубораки Рамазон) ба ниёзмандон аз гирифтани рӯза озод мебошанд. Додани фидя фақат ба ҳамин гурӯҳ дахл дорад. Дар ҳолатҳои боло вақте ки узрҳои шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешаваду бас.

            Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор дошт, ки «ҳамватанони моро зарур аст дар ин моҳи шариф рафтору ахлоқи нек, аз қабили муомилаи накӯ бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро сармашқи кори ҳамарӯзаи зиндагии худ қарор диҳанд».
 

Шаҳлои Садриддин,
АМИТ «Ховар»
Бознашр аз АМИТ «Ховар»

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:19
Пешин12:40
Аср18:00
Шом20:04
Хуфтан21:34
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар