Асосӣ Мақолаҳо РИСОЛАТИ ВАТАНОРӢ.

РИСОЛАТИ ВАТАНОРӢ.

РИСОЛАТИ ВАТАНОРӢ.
2022-05-26
258

Ҷомеъа дар ҳоле пеш меравад, ки ҳар як фард аз рисолату масъулияти ватандориву хештаншиносиаш хуб огаҳӣ дошта бошад. Маҳз ҳамон садоқату ватандорист, ки ҳар як миллату давлат дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ соҳибмақом мегардад. Раванди бархурди ҷаҳонишавии давлатҳо ва омехта гардидани фарҳангу тамаддунҳои мухталиф бозгӯи онаст, ки мо бояд ба тарбияи ватанпарстии насли наврасу ҷавон эътибори ҷидди дода дар ниҳодашон меҳру вафодории ватанро ҷой намоем. Агар ба таърихи ин миллати соҳибфарҳанг таваҷҷуҳ намоем аз гузаштаҳои дур то ба имруз ашхоси неку ватанпараст дар хотираҳои мо ҷой доштаву ёдашон ба хайр аст. Дар умум моҳияту васфи меҳанпарасти аз он иборат аст, ки ҳар шаҳрванд  аз рисолати худ бархурдор бошад. Албатта  давоми си соли соҳибистиқлолии кишвари маҳбубмон ҳамдиёрони мо тавонистанд бо дарки моҳияти ин мавзуъ аз ташабусу иқдомоти некашон дарак дода дар рушду инкишофи ҷомеъа ва тарақиёти соҳҳоти мухталиф дар партави сиёсати созгору хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ - Пешво миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон саҳмгузорӣ намоянд. Хушбахтона мутахассисони касбу кори гуногун бо диду нигоҳи тозаи хеш аз навогониву муваффаққиятҳояшон башорат додаву дар умум неруи ҷомеъа дар мариди вусъати корҳои ободониву созандагӣ нек арзёбӣ мегардид.

Ҳазрати Муҳаммад (С) марбут ба мавзуи ватандорӣ хеле зиёду бамаврид дастуру маслиҳатҳо доданд,  ки муҳтавои суханони ҳикматборашон бозгӯи онаст, ки “ Хизмат ба ватан, дӯст доштани ватан , ободу зебо намудану ҳимояи ватан аз гушаи имондорӣ аст” . Инчун дар ин маврид дигар  шахсиятҳои маъруфи олами ислом низ бо дарки рисолати ватандорӣ тавассути  сухану амалҳои некашон исбот намудаанд, ки аз ватандорӣ сарчашма мегирад. Дар пайравии чунин дастуру ҳидоятҳои Набии Худо моро лозим аст Ватанро бо тамоми ҳастии хеш азизу муқаддас донем, дар амну субот ва шукфоии он иқдом гирем, ки бароямон фарзи имонӣ аст.

Аслан мавзуи ҳимояву дуст доштани ватан дар ислом ҷойгаҳӣ махсусро соҳиб буда, Худованди таъоло мусулмононро ба ҳимояи марзу буми ватан амр кардааст.Яъне ҳимояи Ватан  савоби зиёд дошта подоши як шаба  ҳимояи он назди Парвардигор зиёд аст.Дар ҳадисе омадааст : “Фариштагон се овозро  таъҷилан ба осмон мерасонанд, ки яке аз онҳо садои қадами марзбонон дар ҳимояи ватан  мебошад”.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар алоқамандӣ ба мавзуъи ватандорӣ ва рисолати ҳар як шаҳрванд зимни баромадҳои худ пайваста дастуру маслиҳат медиҳанд, ки саропо ҳикмат аст. Ба хусус ба масъали тарбияи дурусту меҳанпарастонаи насли наврасу ҷавон таваҷҷуҳи хосса дошта таъкид менамоянд, ки масъулини ниҳоди дахлдорро лозим аст дар ин самт корбарӣ намоянд, ки яке аз он масъулон  мо ходимони дин маҳсуб меёбем. Бо назардошти ин матлаб рисолати ватандории мо ходимони дин даъвати мардум аз ҷумла ҷавононро ба роҳи дурусти зиндагӣ, боло бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеъа, дар ниҳоди сокинони кишвар  бедор намудани ҳисси зиракиву ватандорӣ, хешаниносиву масъулитяшиносӣ ва дигар хислатҳои неку ҳамида  буда мо бояд некиву бадро ба омма фаҳмонем. Ҷавонӣ айёми нерумандии инсон буда  қудрату тавонӣ ҷавонон аз нигоҳи ҷисмониву фикронӣ бартарӣ дорад ва ин қувваву неруманди бояд барои миллату давлат  сафарбар гардад. Дини ислом низ ба масъалаи тарбияи ҷавонон аҳамияти зиёде додааст, зеро онҳо пайравони падарону бобоён идомабахши амалу тадбирҳои неку ватанпарварона буда, татбиқи умури давлатдорӣ низ бар зимаи ин табақаи ҷомеъа вогузор шудааст.Бо чунин мақсаду ниятҳои созгор умедворем, ки насли наврасу ҷавон тамоми фарзандони боору номуси миллат номбардори миллату давлат буда дар пайравии сиёсати храдмандонаи Пешвои муаззами миллат ва насиҳату амалҳои калонсолон дар ҷомеъа мавқеъгирӣ менамоянд.

 Мо шаҳрвандон бояд самимияту садоқати ватандории худро бо истифода  аз чунин мисраҳои гаронбаҳои адибон  исбот намоем, ки омадааст:

 Ватан хору хасат ороми ҷон аст,

Миёни регу санги ту макон аст.

Нагаштам бар дари бегонае ман,

Бароям  бас зи аҷдодам нишон аст.

Усмоналӣ Нурзода – муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сархатиби  вилояти Хатлон.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:00
Пешин12:40
Аср17:28
Шом19:29
Хуфтан20:59
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар