Асосӣ Мақолаҳо «БАҲОРИСТОН»-И МАВЛОНО АБДУРРАҲМОНИ ҶОМӢ ВА ҶАМЪБАСТИ АХЛОҚНИГАРИИ АСРИМИЁНАГИИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

«БАҲОРИСТОН»-И МАВЛОНО АБДУРРАҲМОНИ ҶОМӢ ВА ҶАМЪБАСТИ АХЛОҚНИГАРИИ АСРИМИЁНАГИИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

«БАҲОРИСТОН»-И  МАВЛОНО АБДУРРАҲМОНИ ҶОМӢ ВА ҶАМЪБАСТИ АХЛОҚНИГАРИИ АСРИМИЁНАГИИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ
2023-05-17
516

     Тарбият ва ахлоқ дар гузашта муҳимтарин унсури зиндагии инсонӣ шинохта шуда, аз рӯйи қавли донишмандон, ба сифати фалсафаи амалӣ дар танзими фарҳанг ва маънавиёти  башарӣ нақши калидӣ дорад Масоили ахлоқӣ дар ҳамаи давру замон мадди назари ниҳодҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва донишмандону адибони ҷаҳон қарор доштанд, зеро арзиши воқеии зиндагӣ дар ҳикмати амалӣ, ки ҷавҳари он ахлоқ аст, ифода меёбад.

            Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки адабиёти классикии форсу тоҷикро бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст кардааст, наметавонист ба масоили ахлоқӣ бетафовут бошад ва мушкилоти ахлоқию тарбиятӣ аз назари ӯ дур афтанд.  Мавлоно, чуноне ки муҳаққиқи барҷастаи аҳволу осораш А. Афсаҳзод гуфтааст, муаллими ахлоқи писандидаи замони худ буда, дар ахлоқшиносии асрҳои миёна нақши бориз дорад. Ҳарчанд ки Мавлоно Ҷомӣ дар эҷод ва таълифу таснифи асарҳояш аз бузургони илму адаби гузашта фаровон истифода бурда бошад ҳам, дар онҳо дид ва назари шахсии худро вобаста ба мушкилот ва масоили давру замон инъикос намудааст. Дар ин гузориш сухан сари асари шаклан кучак, вале мазмунан бузурги Мавлоно Ҷомӣ меравад, ки унвони «Баҳористон»-ро дошта, дар таърихи адаби форсӣ-тоҷикӣ ва умуман, қаламрави фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи вижа дорад.

     Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Баҳористон»-ро дар синни 73-солагӣ навиштааст ва ин нукта муҳим аст, ки ӯ аз назари таҷрибӣ ва андӯхти рӯзгор ба дараҷаи камолот расида, дар партави андӯхтаву таҷрибаю омӯзаҳои рӯзгор масоили ахлоқиро мавриди назар қарор дода, маҳсули санҷишҳои зиндагиро рӯйи коғаз рехтааст. Дигар ин ки «Баҳористон»-ро Абдураҳмони Ҷомӣ ба писараш бахшидааст, то аз тифлӣ дар рӯҳияи маърифати ахлоқӣ тарбия ёбад. Фаразан, агар Мавлоно Ҷомӣ танҳо як китоб (манзур «Баҳористон» аст) таълиф мекард ҳам, басанда буд, ки номаш дар ҳавзаи ахлоқнигарии асрҳои миёнаи форсӣ-тоҷикӣ поянда  монад. Ба назари шарқшиноси маъруфи шӯравӣ Е. Э. Бертелс, дар доираи насри бадеӣ Мавлоно танҳо як китоб навишта бошад ҳам (Баҳористон дар назар аст), он фавқулодда асари арзишманд буда, бо забони сода ва рӯшан нигошта шудааст, ки аз  забони насри асри понздаҳум мутафовит аст, дар ҳоле ки забони ин аср бештар рӯйи лафзпардозӣ ва ҳунарнамоӣ такя мекард

       Гумони ғолиб ин аст, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар эҷоди асар аз «Гулистон»-и Саъдӣ пайравӣ кардааст, аммо дар «Баҳористон» масоили ахлоқӣ ва иҷтимоии замонашро матраҳ ва як навъ ҷамъбаст намудааст. «Баҳористон» намунаи беҳтарини насри иҷтимоӣ ва ахлоқист. Дар он Мавлоно ба масъалаҳои муҳимтарини ахлоқӣ таваҷҷуҳ намуда, ба масобаи ҳаким ва донишманд мушкилоти ахлоқӣ ва иҷтимоии замонашро ҳаллу фасл намудааст. Он масъалаҳоеро, ки Саъдӣ Шерозї дар «Гулистон»-у «Бӯстон»-аш матраҳ кардааст, Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон», дақиқтараш дар 8 равзаи он мавриди баррасӣ қарор дода, ҳусну қубҳи ахлоқи замонашро ифшо сохта, бо истифода аз донишу биниш ва малакаи эҷодӣ аз бофту танишҳои ахлоқию иҷтимоии замон сухан дар миён овардааст. Коҳиши ахлоқӣ ва буҳрони иҷтимоии замон Ҷомиро водор сохт, ки чунин як китоби ахлоқӣ таҳти унвони «Баҳористон» иншо намояд ва дар он комплекси масъалаҳои ахлоқиву иҷтимоиро  ҷо диҳад.

      Масоиле, ки дар «Баҳористон» матраҳ гардидаанд, фарогири авзои ахлоқии замони Ҷомӣ ва умуман, Шарқи мусулмонӣ буданд ва зимнан, бояд арз дошт, ки то Ҷомӣ низ кутуби ахлоқии зиёд таълиф гардида буд, ки муҳимтаринаш «Таҳзиб-ул-ахлоқ»-и Ибни Мискавайҳ маҳсуб меёбад. Аммо Мавлоно Ҷомӣ «Баҳористон»-ро ба шеваи насри бадеӣ таълиф намуда, аз масоили доғу рӯзмарраи замон дар қолаби насри бадеӣ сухан гуфтааст. Хулосабандиҳои Мавлоно тавассути шеърпораҳо муассиртар ба назар расида, ин шеваи кор ҷолибияти матолибро аз диди бадеӣ-эстетикӣ таъмин сохтааст. 

        «Баҳористон» аз 8 боб, ки «равза» унвон шудаанд, иборат буда, ҳамагӣ матолиби ахлоқиро дар бар гирифтаанд: саргузашти орифон; ҳикмати бузургон; саргузашти подшоҳон; адолат ва ахлоқи неки онҳо; тарғиби саховатмандӣ; ҳикоятҳои шавқангези ишқӣ; мутоябаҳои сафобахш; зикри шуаро, таърифи шеър, пайдоиш ва ҳусну қубҳи он; ҳикоёти тамсилӣ масоилеанд, ки дар китоб мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

       Гироиш ба тасаввуф, ки дар асрҳои миёна мутадовилтарин ҷараёни фикрию иҷтимоӣ маҳсуб меёфт, ба суннати асримиёнагӣ бадал шуда буд ва Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳанӯз дар айёми донишҷӯйӣ дар бозгашт аз Самарқанд ба Ҳирот шавқе ба тасаввуф ёфт ва минбаъд орифи Ҷом лақаб гирифта, дар ҳақиқат, «Султони маънавии Ҳирот» ба шумор меомад. Тасаввуф як шуъбаи ахлоқ дар асрҳои миёна талаққӣ мешуд ва ахлоқи мутасаввифини бузург ҳамеша мавриди писанд ва алоқаю истиқболу истинбот ва пайравии дигар табақоти иҷтимоии замон қарор гирифта, намунаи беҳтарини ахлоқиёту тарбиёт маҳсуб мешуд. Ин аст, ки Мавлоно Ҷомӣ аз ин василаи муассир --- овардани мисолу масалҳои тасаввуфӣ моҳирона корбаст намуда, беҳтарин намунаи ахлоқӣ ва тарбиётиро барои омӯзиши насли башарӣ манзур намудааст. Дигар нукта ин аст, ки тибқи таъкидоти муҳаққиққон, нуфузи тасаввуф дар замони темуриён хеле афзудабуд. Ин буд, ки Мавлоно Ҷомӣ даромади суханашро дар «Баҳористон» бо равзаи  «Дар нашри раёҳини чида аз басотини дурбинони роҳи ҳидоят ва садрнишинони боргоҳи вилоят» ифтитоҳ бахшида, дар ин замина аз кору рӯзгори ибратбахши сӯфиёну орифон сухан дар миён оварда, муқтазиёти ахлоқиро ба василаи пораҳои назмӣ мудаллал сохтааст. Каломи самимона ва олимонаи бузургони сӯфия, мисли Ҷунайди Бағдодӣ, Шиблӣ, Боязид, Абӯҳошими Сӯфӣ, Маъруфи Кархӣ, Пири Ҳирот (Абдуллоҳи Ансорӣ), Саҳли Тустарӣ, Абӯсаиди Абулхайр «ҷони ахлоқи асримиёнагӣ» маҳсуб меёфт ва дар ин замина, Мавлоно Ҷомӣ, ки дар ҳавзаи тасаввуфи исломӣ тарбият ёфта буд, афъолу афкори он бузургонро ба сифати дастури зиндагӣ манзур сохтааст. Масалан, ба ин намуна таваҷҷуҳ мекунем: «Шайх Абӯсаиди Абулхайрро пурсиданд, ки тасаввуф чист? Гуфт: Он чӣ дар сар дорӣ, биниҳӣ ва он чӣ дар каф дорӣ, бидиҳӣ ва аз он чӣ бар ту ояд, наҷаҳӣ». Бо овардани ҳикояти мазкур Ҷомӣ аз забони Шайх тасаввуфро аз осмон ба замин фуровард ва онро назария дар амалия унвон кард. Бо меҳнати ҳалол зистан ва орӣ будан аз ҳирсу тамаъ меъёри зиндагии инсони ахлоқист ва Ҷомӣ, бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, аз забони Абӯбакри Варроқ (аз машоихи машҳури Мовароуннаҳр) чунин қисса пардохтааст: «Абӯбакри Варроқ гуфтааст: Агар тамаъро пурсанд, ки падарат кист, гӯяд: шак дар муќаддароти кирдигорӣ. Ва агар гӯянд: пешаи ту чист, гӯяд: иктисоби мазаллату хорӣ. Ва агар гӯянд: ғояти ту чист, гӯяд: ба меҳнати ҳирмон гирифторӣ»

      Мавлоно Ҷомӣ мисли Шайх Саъдӣ суханро бо санъати саҷъ перостааст, чаро ки ин воситаи эҷодӣ фикрро муассиртару рангинтар месозад. Ин аст, ки Мавлоно Ҷомӣ аз ин шеваи баёни бадеӣ – саҷъ васеъ истифода намуда, ба ироаи муқтазиёти ахлоқӣ ҳиммат гумоштааст.

        Мавлоно Ҷомӣ ба масъалаи тафохур аз аслу насаб, ки дар асрҳои миёна ва давраи нав низ дар зеҳниёти ҷомеа нуфуз дошта ва дорад, таваққуф намуда, ривояти яке аз мутасаввифини шаҳири олами тасаввуфи минтақавӣ (мовароуннаҳрӣ) Хоҷа Баҳоваддини Нақшбандро истинод кардааст: «Хоҷа Баҳоваддини Нақшбандиро пурсиданд, ки: силсилаи шумо ба куҷо мерасад? Фармуданд, ки аз силсила касе ба ҷое намерасад; рубоӣ:

Аз далқу асо сидқу сафое нарасад,

В-аз сабҳа ба ҷуз бӯйи риёе нарасад.

Гӯянд, куҷо расад, бигӯ, силсилаат,

К-аз силсила ҳеҷ кас ба ҷое нарасад!»

        Ахлоқ аз назари Мавлоно Ҷомӣ, маҷмӯи рафторҳои инсон аст. Мафҳум ва мақолаҳои ахлоқӣ: некию накӯкорӣ, адлу адолат, ишқу муҳаббат, ёрию мададгорӣ ва хасоили разилаи ахлоқӣ, мисли ҷабру ҷафо, бадию бадандешӣ, зулму золимӣ, дуруғгӯиву хабосат ва амсоли инҳо дар осори назмию насрии Ҷомӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.  Барои Ҷомӣ, адлу инсоф дар муносибатҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва бозорӣ меъёри асосӣ маҳсуб меёбад. Ва риояи ин меъёр ҷомеаро аз бунбастҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ берун мекашад.

         Мавлоно Ҷомӣ чеҳраи ахлоқии фарҳанги исломист. Ҳанӯз дар замони зиндагӣ дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон Мавлоно Ҷомӣ бо афкори пешқадами худ мавриди эҳтироми хосу ом қарор гирифтааст. Махсусан, ӯро ба хотири шикастанафсӣ, тавозуъ ва хоксорӣ, бетамаӣ, ҳимматбаландӣ ва самимияташ эҳтиром мекардаанд. Шоҳону ҳокимони замон Мавлоноро ба сифати бузургтарин шахсияти илмӣ, динӣ ва ахлоқӣ мешинохтаанд, то љойе ки: «Дар ҳар маҷлисе, ки вай қадам мениҳод, агарчи султону вазир ҳам дар он ҷо ҳозир буданд, садру зайли он ба ҳам мехӯрд ва ҳар ҷо ки ӯ менишаст, садр мешуд. Бо ин ҳама ӯ дар ҳар маҷлисе, ки ворид мешуд, бе ҳеҷ такаллуф ҳар ҷо ки даст медод, менишаст. Дар ниҳояти содагиву дарвешӣ буд. Хонае содаву ҷомае бетакаллуф дошт... ҳашамату нуфузи ин мард дар тамоми қаламрави султон мавриди рашку ҳасади амирону вазирони вақт аст». Мавлоно Ҷомӣ ба сифати мутафаккир симои ахлоқи асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ буда, тамоми осори ӯ ба масоили ахлоқӣ иртибот гирифта, ба такмилу таҳкими ахлоқи наку ва парҳез аз амалҳои бад равона шудааст. Осори Мавлоно, аз девон шурӯъ карда, то хурдтарин таълифаш дар доираи меъёрҳои ахлоқӣ чарх мезанад ва сархатти ашъору афкораш инсон ва рафтору кирдори намунавии ӯст. Дар ин миён, «Баҳористон»-и ӯро, ҳарчанд аз лиҳози ҳаҷм хурд аст, метавон дар баробари асарҳои барҷастаи ахлоқии асримиёнагӣ қарор дод, ба ин далел ки дар он фишурдаи масоили ахлоқии асримиёнагӣ бо тафсиру ташреҳи иҷтимоию фалсафӣ бозгӯ шудаанд.

         Ҳамин тариқ, Мавлоно Ҷомӣ таҷассуми фарҳанги ахлоқии асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ маҳсуб ёфта, «Баҳористон»-и ӯ як навъ ҷамъбасти диди ахлоқии асримиёнагӣ буда метавонад. Омӯзишу таҳқиқи «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва осори дигари ӯ дар шинохту ташхиси уқдаҳои равонию ахлоқӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷамоаи дирӯз ва имрӯз сахт мусоид аст. Дар замон ва шароити имрӯза, ки насли ҷавони ҷомеаи тоҷикӣ, ҳар чӣ амиқтар  ба гирдоби буҳрони ахлоқию  маънавӣ ғуттавар шудааст, омӯзиш ва корбасти осори Мавлоно Ҷомӣ, билхусус, «Баҳористон»-и  ӯ, аз ҳар ҷиҳат,  ба манфиати кор аст.

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар