Асосӣ Мақолаҳо Тарҷумаи ҳоли Аҳмад ибни Шуъайби Насоӣ

Тарҷумаи ҳоли Аҳмад ибни Шуъайби Насоӣ

Тарҷумаи ҳоли Аҳмад ибни Шуъайби Насоӣ
2016-08-31
4673

Тарҷумаи ҳоли Аҳмад ибни Шуъайби Насоӣ

Ном ва насаби ӯ

Кунияи ӯ Абӯабдурраҳмон, номи ӯ Аҳмад ва номи падараш Шуъайб буд. Силсилаи насаби ӯ Аҳмад ибни Шуъайб ибни Алӣ ибни Синон ибни Баҳр мебошад. («Сияру аъломин-нубало», ҷ.14, с. 125)

Таърихи таваллуди ӯ

Аҳмад ибни Шуъайб соли дусаду понздаҳум дар Насо чашм ба олам кушодаанд. Насо шаҳре дар Хуросон наздик ба Марв буд, бинобар ин бо нисбати Насоӣ машҳур мебошанд. Ӯ илмомӯзиро аз овони кӯдакӣ оғоз намуданд ва дар синни понздаҳсолагӣ ба Бағлон рафта, як солу ду моҳ аз Қутайба ибни Саид ҳадис шуниданд. Сипас таҳсили илмро идома дода, ба Хуросон, Ҳиҷоз, Миср, Ироқ, Басра, Кӯфа, Бағдод, Ҷазира, Шом, Қазвин сафар карданд ва аз уламои ҳадис ривоят шуниданд. Бо Муҳаммад ибни Исмоил ва Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ дар бисёре аз устодҳо шарик ҳастанд. Сипас ба Миср рафта онро ватан қарор доданд. Баъд ба Шом сафар карданд ва дар он ҷо мавриди озмоиш қарор гирифтанд. Сипас ба Рамла рафта, дар он ҷо вафот карданд. («Сияру аъломин-нубало», ҷ.14, с. 125)

Устодони ӯ

Имом Насоӣ аз устодони бисёре илм омӯхтаанд, ки дар ин ҷо бархе аз онҳоро зикр мекунем: Исҳоқ ибни Роҳавайҳ, Ҳишом ибни Аммор, Муҳамад ибни Назр ибни Мусовир, Сувайд ибни Наср, Аҳмад ибни Маниъ, Исҳоқ ибни Шоҳин, Абдурраҳмон ибни Убайдуллоҳи Ҳалабӣ, Абдулмалик ибни Шуъайб ибни Лайс, Алӣ ибни Ҳуҷр, Амр ибни Алии Фаллос, Исо ибни Муҳаммади Рамлӣ, Муҳаммад ибни Абони Балхӣ, Муҳаммад ибни Исмоил ибни Улайя - қозии Димашқ, Муҳаммад ибни Башшор, Муҳамад ибни Абдулмалик ибни Абушшавориб, Муҳаммад ибни Мусанно, Маҳмуд ибни Ғайлон ва дигарон. («Сияру аъломин-нубало», ҷ.14, с. 125)

Шогирдони ӯ

Нафарони зиёде аз илму дониши Имом Насоӣ баҳра бурдаанд ва ба мақоми шогирдии ӯ шарафёб шудаанд. Аз ҷумла: Абӯбишри Дӯлобӣ, Абӯҷаъфари Таҳовӣ, Абӯалии Нишопурӣ, Ҳамза ибни Муҳаммади Кинонӣ, Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Исмоили Наҳҳоси Наҳвӣ. Абӯбакр Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Ҳаддоди Шофеъӣ, Абдулкарим ибни Абӯабдурраҳмони Насоӣ, Абулқосим Сулаймон ибни Аҳмади Табаронӣ, Муҳаммад ибни Муовия ибни Аҳмари Андалусӣ, Ҳасан ибни Рашиқ, Абяз ибни Муҳаммад ибни Абяз ва дигарон.  («Сияру аъломин-нубало», ҷ.14, с. 127)

Таърихи вафоти ӯ

Дар маҳалли вафоти Аҳмад ибни Шуъайб миёни уламо ихтилофи назар аст. Назари саҳеҳ он аст, ки рӯзе дар Димишқ аз ӯ дар бораи Муовия ва фазоили ӯ пурсида шуд. Ӯ фармуд, ки дар фазоили ӯ ба ҷуз ҳадиси “Ло ашбаъаллоҳу батнака” чизе намедонам. Ӯро аз масҷид берун карданд ва дар хар савор карда, ба тарафи Рамла фиристоданд. Ӯ дар Рамла рӯзи душанбе, сездаҳуми сафари соли сесаду се дар синни ҳаштоду ҳаштсолагӣ аз олам даргузаштанд. 

Таснифоти ӯ

1.      Имлоотул-ҳадисийя.

2.      Тасмияту фуқаҳоил-амсор.

3.      Тасмияту ман лам ярви анҳу ғайру раҷулин воҳид.

4.      Тафсирул-Қуръонил-карим.

5.      Асмоур-рувот ват-тамйизу байнаҳум.

6.      Ал-ҷарҳ ват-таъдил.

7.      Ҷузъун мин ҳадисин анин-Набӣ.

8.      Ҳадису Қутайба ибни Саид ан Абиавона.

9.      Хасоису Алӣ.

10.    Зикру ман ҳаддаса анҳу Ибну Абиаруба ва лам ясмаъ минҳу.

11.    Зикрул-мудаллисин.

12.    Ар-рубоъиёту мин китобис-Сунанил-маъсура.

13.    Ас-Сунанус-суғро.

14.    Ас-Сунанул-кубро.

15.    Шуюхуз-Зуҳрӣ.

16.    Аз-зуъафо вал-матрукин.

17.    Ат-табақот.

18.    Амалу явмин ва лайла.

19.    Фазоилул-Қуръон.

20.    Ал-куно.

21.    Муснаду ҳадиси Ибни Ҷурайҷ.

22.    Муснаду ҳадисиз-Зуҳрӣ.

23.    Муснаду ҳадиси Суфёнис-Саврӣ.

24.    Муснаду ҳадиси Шуъба ибнил-Ҳаҷҷоҷ.

25.    Муснаду ҳадиси Шуъба ва Суфён.

26.    Муснаду ҳадисил-Фузайл ибни Аёз.

27.    Муснаду ҳадиси Молик ибни Анас.

28.    Муснаду ҳадиси Яҳё ибни Саид ал-Қаттон.

29.    Муснаду Алӣ ибни Абитолиб.

30.    Муснаду Мансур ибни Зозон ал-Воситӣ.

31.    Муъҷаму шуюхин-Насоӣ.

32.    Маърифатул-ихвати вал-ахавот.

33.    Маносикул-ҳаҷҷ.

Ҷойгоҳи ӯ аз дидгоҳи уламо

Абӯабдуллоҳ ибни Манда мефармоянд: «Касоне, ки ҳадиси саҳеҳро тахриҷ намуда, собитро аз маълул ва хаторо аз савоб ҷудо намуданд, чор нафар мебошанд: Муҳаммад ибни Исмоил, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Абӯдовуд Сулаймон ибни Ашъас, Абӯабдурраҳмон Аҳмад ибни Шуъайб». («Сияру аъломин-нубало», ҷ.14, с. 133)

Абӯбакр ибни Ҳаддоди Шофеъӣ мефармоянд: «Ман ба ин розӣ ҳастам, ки Аҳмад ибни Шуъайбро миёни худ ва Худованд гувоҳ қарор диҳам». («Сияру аъломин-нубало», ҷ.14, с. 133)

Мансури Фақеҳ ва Абӯҷаъфари Таҳовӣ мефармоянд: «Абӯабдурраҳмони Насоӣ яке аз пешвоёни мусалмонон мебошанд». («Ал-комил физ-зуъафо», ҷ. 1, с.146)

Ҳофиз ибни Тоҳир мефармоянд, ки ман аз Саъд ибни Алии Занҷонӣ дар бораи мартабаи ровие пурсидам. Ӯ он ровиро сиқа муаррифӣ карданд. Ман ба ӯ гуфтам, ки он ровиро Абӯабдурраҳмони Насоӣ заъиф қарор додаанд. Саъд ибни Алӣ фармуданд: «Эй писаракам! Абӯабдурраҳмони Насоӣ дар илми риҷол дорои шарте ҳастанд, ки аз шарти Муҳаммад ибни Исмоил ва Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ шадидтар аст. («Сияру аъломин-нубало». ҷ.14, с. 131).

Дорақутнӣ мефармоянд, ки Абӯабдурраҳмони Насоӣ дар замони худ фақеҳтарин машоихи Миср ва хирадмандтарини онҳо ба илми ҳадис ва риҷол (ровиён) буданд. («Сияру аъломин-нубало». ҷ.14, с. 133).

Мазҳаби ӯ

Дар бораи мазҳаби Аҳмад ибни Шуъайб миёни уламо ихтилофи назар аст. Баъзе уламо, аз ҷумла Валийюллоҳи Деҳлавӣ ӯро муқаллиди Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ, баъзе дигар, аз ҷумла Анваршоҳи Кашмирӣ ӯро муқаллиди Аҳмад ибни Ҳанбал, гурӯҳи дигари уламо, аз ҷумла Ибни Таймия ӯро на муҷтаҳиди мутлақ ва на муқаллиди холис, балки аз ҷумлаи аҳли ҳадис медонанд. («Кашфул-Борӣ», ҷ.1, с.145)

«Сунан»-и Насоӣ

«Сунан»-и Насоӣ аз миёни осори Аҳмад ибни Шуъайб машҳуртарин асар ба шумор рафта, аз панҷ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду чор ҳадис иборат мебошад. Муаллиф дар тахриҷи чор ҳазору чорсаду чиҳилу чор ҳадиси он бо муаллифҳои китобҳои саҳеҳи панҷгона шарик буда, дар тахриҷи як ҳазору сесаду сӣ ҳадиси боқимонда танҳо мебошанд. (Муқаддимаи «Сунан»-и Насоӣ аз Халил ибни Маъмун, с.22).

Номи асосии китоби мазкур «Муҷтабо» мебошад, яъне баргузида, зеро аҳодиси онро аз миёни аҳодиси китоби «Ас-Сунанул-кубро» интихоб намуданд.

Уламо дар ангезаи таълифи он мефармоянд, ки вақте ки Аҳмад ибни Шуъайб аз таснифи «Ас-Сунанул-кубро» фориғ шуданд, онро ба амири Рамла пешкаш намуданд. Амири Рамла аз ӯ пурсид, ки оё ҳама аҳодиси ин китоб саҳеҳ мебошанд. Аҳмад ибни Шуъайб фармуданд, ки не. Амири Рамла ба ӯ фармуд, ки аз ин китоб танҳо аҳодиси саҳеҳро барои мо бинависед. Аҳмад ибни Шуъайб аз он китоб аҳодиси саҳеҳро баргузиданд ва ба амири Рамла пешкаш карданд.

Уламо барои тамйиз намудани он аз «Ас-Сунанул-кубро» онро «Ас-Сунанус-суғро» мегӯянд. Китоби мазкур шомили китобҳои аҳком буда, тартиби зебо дорад. Дар он бештар аҳодиси ҳасан ба чашм мерасад.  

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар