Асосӣ Мақолаҳо Конститутсия ва дин

Конститутсия ва дин

Конститутсия ва дин
2017-11-02
5264

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Шукри Худои таоло ва шукронаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки сокинони диёри мо дар фазои озодӣ ва тинҷию оромӣ ҳаёт ба сар мебаранд.

Гузашти айём ва раванди рӯзгор бо шарофатии Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусулмонони кишвар имконияту шароити васеи кафолат ва ҳимоятро дар ба ҷо овардани ақидаи динӣ, таълими улуми динӣ, дунявӣ ва адои тоату ибодат муҳайё сохтааст, ин неъмати бузургест, ки шукронаи он мувофиқи ояти 7-и сураи «Иброҳим»: «Агар шукр кунед неъматамро зиёда мекунам» воҷиб мебошад.

Дар тамоми олам низоми ҳаёти башарӣ ва дараҷоти ҳуқуқиро қонунҳо муаян мекунад, ки онҳо мутобиқ ба қонуни асосӣ ва ё Конститутсия мебошанд.

Аслан қонунҳо маҷмӯи муқарароту қоидаҳоест, ки аҳли башар дар давоми ҳазорсолаҳо таҷрибаи ҳаётро барои манфиати халқу миллатҳои ҳамон замон ва замони оянда ҳамчун дастуру-л-амал ба мерос гузоштаанд.

Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сол қабл бо ризоияти раъйи озоди мардуми кишвар қабул шуд, он қонуни асосист, ки ҳаёти мардуми Тоҷикистонро ба тартибу низом медарорад ва ба он оромии миллат таъмин гардида, молу мулк, шараф, обрӯву номус ҳифз шуда дину диёнат кафолат дода мешавад, тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мутобиқ ба Конститутсия қабул карда мешавад. Барои ҳамин ҳам месазад, ки ин Конститутсияро китоби саодат ва некбахтии мардум номид.

Вақто, ки кас ба мӯҳтавои Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон бо назари эътибор менигарад бе шакку шубҳа иқрор мешавад, ки инсон ва ҳуқуқҳои фитрии он аз рӯзи таваллуд то дами марг аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз мешавад.

Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон озодии дину диёнат ва арзишҳои онро кафолат медиҳад.

  Баъд аз байн рафтани давлати Шӯравӣ дар арсаи ҷаҳон давлатҳои соҳибихтиёр ба вуҷуд омаданд. Минҷумла Тоҷикистон низ соҳиби истиқлолият гардид. Ба шарофати истиқлолият мафкураи бехудоӣ, атеизм аз байн рафта ба ҷои он муносибати хайрхоҳона оид ба дину диёнат ба вуҷуд омад. Назари давлати дунявӣ нисбатан ба дин комилан тағйир ёфт.

   Калимаи «дунявӣ», ки мо дар Тоҷикистон ба кор мебарем, маънои давлати зидди диниро надорад, балки давлате, ки ҳукуматдории он аз иттиҳодия ва муассисаҳои динӣ ҷудо мебошад. Яъне ягон ақида аз он ҷумла ақидаи динӣ ҳамчун мафкураи давлатӣ қабул намешавад. Масалан, дар моддаи 8 омадааст, ки  ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишвари мо дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад, мафкураи ягон ҳизбу иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва динӣ ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад ва фаъолияти ҳама гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятие мамнӯъ аст, ки хилофи арзишҳои башарӣ амал мекунанд.  

     Ба ҷои калимаи дунявӣ дар баъзе давлатҳо муодили онро ба кор мебаранд аз ҷумла дар Туркия сохти давлатдориро илмонӣ мегӯянд.

     Аслан дунявият ё илмоният зидди андешаи динӣ намебошад. Дар давлатҳои дунявӣ аз ҷумла дар Тоҷикистон андешаҳои ҳамаи динҳо аз ҷумла ақоиди исломӣ аҳкоми шариат дар адои ибодот таълим ва тадриси озод кафолат дода мешавад. Дар Тоҷикистон фазои озоди андешаи динӣ тибқи талаботи  Конститутсия ташаккул ёфта ҳамчун як рукни фарҳанги миллӣ амалӣ мегардад.

     Аз нигоҳи Ислом ҳамзистии арзишҳои динӣ ва дунявӣ аз ибтидои зуҳури ин дин тарғиб карда шудааст. Зеро Парвардигори олам дар қуръони азимушаън дар сураи «Бақара» ояти 201 «Раббано отино фиддуня ҳасанатан ва фил охирати ҳасанатан ва қино азобан нор» даъват мекунад, ки мо ҳам барои ободии дунё ва ҳам ободии охиратро талаб кунем.

    Дини мубини Ислом дар ҳар асру замон тарафдори адолат, раиятпарварӣ раҳму шафқат ва ҳамзистии ҳамаи миллатҳо мебошад. Конститутсияи Тоҷикистон низ ба ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳурмату эҳтироми пайравони динҳои дигар далолат мекунад, ки ба ақидаи мазҳабии мо низ созгор аст. Худованд дар қуръони азимушшаън насрониён ва яҳудиёнро «аҳли китоб» хитоб кардааст, ки ин ҳам моро водор мекунад, ки ба пайравони динҳои ғайри ислом бо эҳтиром муносибат кунем.

    Агар ба таърих назар кунем, бисёр бузургони дину мазҳабро мебинем, ки нисбат ба пайравони динҳои дигар бо эҳтиром ва самимият муносибат кардаанд, ки ҳаёти онҳо ва рафтору кирдори онҳо бояд барои мо намунаи ибрат ва пайравӣ бошад. Масалан, вақте ки ҳазрати Умар (раз) бо сипоҳи ислом шаҳри Иерусалимро фатҳ карда буданд, нисбат ба насрониён беҳурматӣ зоҳир накарданд ва ба хотири он ки минбаъд мусулмонон нисбат ба насрониён беҳурматӣ накунанд, дар як гӯшаи Масҷиди Ақсо намоз гузошта буданд. Ва ё ин ки Имоми Аъзам (раҳ) таҳаммулгароӣ ва ҳамзистиро дар асоси фаъолияти худ қарор дода буданд ва ё ин ки Мавлавии Румӣ дар байни пайравони динҳо чунон дӯстӣ ва рафоқатро тарғиб намуда буданд, ки баъди вафоташон аз пайи ҷанозаашон насрониёну яҳудиён низ рафта буданд.

   Дини мубини Ислом аз аввали интишори дин ҷаноби Расулуллоҳ, саллоҳу алайҳи ва саллам, ҳамзистии арзишҳои ҳамаи дину миллатҳоро минҷумла дар ҳамаи замону макон баробарии инсонҳоро эълон карда гуфтанд: «Байни Арабу Аҷам фарқе нест магар ба худотарсӣ». Ва дар ҳадиси дигар мегӯянд: «ҳамаи шумо аз Одам ва Одам аз хок офарида шудааст».

    Агар мо аз рӯи адолат нигоҳ кунем, дини мубини Ислом дини тинҷию оромӣ, дини инсонпарварӣ, дини иззату эҳтиром байни одамон дар рӯи замин ва арзишҳои миллӣ мебошад.

    ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд – ин талаботи Конститутсия аст. ҳеҷ мусулмон ҳангоми содир кардани ҷиноят дар назди қонун афзалият надорад, ҳеҷ насронӣ ва пайрави динҳои дигар низ! ҳуқуқу озодии пайрави ягон дину мазҳаб тибқи Конститутсия вобаста ба эътиқодаш маҳдуд карда намешавад.

  Солҳои Шӯравӣ ба онҳое ки андешаҳои динии худро пайравӣ мекарданд, фишор оварда мешуд. ҳолатҳое ҳам шудааст, ки писар ба ҷанозаи падараш даст ба рӯй молида «омин» гуфтанро метарсид, масҷид бошад ҷойи ҷамъшавии пиронсолон гардида буд. Шукри Худо, ки имрӯзҳо дари масҷидҳо кушода аст. Конститутсия озод будани муносибат ба динро кафолат додааст.

  Мутобиқи Конститутсия Дар ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст ва ҳамаи дину мазҳабҳо ҳуқуқи мавҷудияти баробар доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз он, ки ба кадом дин пайравӣ мекунанд, комилан баробарҳуқуқ мебошанд. Дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ё набудани шахс қайд карда намешавад. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба кори он мудохила намекунанд. Тамоми муносибатҳои вобаста ба ташкилотҳои динӣ тавассути қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»  (аз 26 марти соли 2009) танзим карда мешаванд.

  Соли 2009 дар Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит қайд карда шуд. Худи ҳамон сол қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар таҳрири нав қабуд карда шуд, ки он ҳам мутобиқ ба Конститутсияи Тоҷикистон аст. Дар дебочаи ин қонун оварда шудааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, қонуни мазкур қабул карда мешавад». қабул гардидани қонуни мазкур дар соли бузургдошти Имоми Аъзам боз як бори дигар далели он аст, ки давлат  ва мақомоти қонунгузор барои танзими одилонаи муносибатҳои динӣ кӯшиш мекунад. Дар қонуни мазкур тамоми самтҳои танзими эътиқоди динӣ шарҳи худро ёфтааст ва дар моддаи 4-и қонуни номбурда - ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, -  дар 15 бахш алоҳида-алоҳида шарҳ дода шудааст. Тибқи ин модда ҳар касс барои пайравии дин озод аст. Расман таъкид карда шудааст, ки дар ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ пайрави кадом дин будани шаҳрванд сабт карда намешавад.   

Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳамаи пайравони дин муносибати озодонаро ба эътиқод кафолат дода бошад, пас дар қонуни таҳти назари мо озодӣ ва муносибати оқилона ба дин мукаммалтар шарҳ ёфтааст. Аз ҷумла омадааст: Дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама новобаста аз муносибаташон ба дин ва мансубияти динӣ дар назди қонун баробаранд (Моддаи 4, банди 2), Барангехтани ҳар гуна кинаву адоват ва низои динӣ, таҳқири   ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон манъ мебошад (Моддаи 4, банди 8), Айбдор кардани шахс бо сабаби диндорӣ ё бединӣ ва ё тарки дин манъ аст (Моддаи 4, банди 10). Ин иқтибосҳо мухтасар буданд, ки нишонаи муносибати эҳтиромонаи давлат ба дин мебошад.

Конститутсияи Тоҷикистон дар муддати 23 соли мавҷудияташ муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ғайраро дар ҳаёти мамлакат танзим кард. Бино бар гуфти коршиносон Конститутсияи Тоҷикистон аз лиҳози илмӣ ва мукаммалӣ яке аз Конститутсияҳои намунавии кишварҳои олам аст. Дар он ормонҳои мардум нисбат ба давлату сиёсат ва ғайраҳо инъикос ёфтааст.

Шукронаи онро кунем, ки имрӯз Тоҷикистон тинҷу ором аст ва Конститутсияи он кафили ҳамзистии пайравони адёни гуногун, мавҷудияти арзишҳои динӣ ва дунявӣ мебошад.

                                                                                ҳоҷӣ ҳусайн Мӯсозода

ҷонишини Раиси Шӯрои уламо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:59
Пешин12:40
Аср16:46
Шом18:45
Хуфтан20:15
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар