Асосӣ Мақолаҳо Маводи мухаддир ва назари ислом бар он

Маводи мухаддир ва назари ислом бар он

Маводи мухаддир ва назари ислом бар он
2019-05-25
3511

  Пӯшида нест, ки маводи мухаддир яке аз мусибатҳои фоҷиаовари аср барои миллатҳоигуногуни сайёра ба шумор меравад. Ба ин вабои аср бештар ҷавонон мубтало гашта, худро гирифтори мушкилоти даҳшатафкане намудаанд. Ин падидаи шум, бештари одамонро ба бемориҳоигуногуни ҷисмониву рӯҳӣ гирифтор намуда, шумори зиёди  онон ҳатто пушти панҷара рафтаанд. Дар ин ҷодаи ноҳамвору хатарнок қимсе ҳатто аҳли хонаводаи худро дар хатар гузошта  ҷони хешро аздаст додаанд.   

Аз назари андешамандон яке аз роҳҳои пешгирӣнамудани ин падидаи шум, ки битавонад ҷомеаро аз ин офат ва хатар  наҷот бахшад,   рӯ овардан ба маънавиёт ва фарҳанг аст. Ҷомеае, ки аз фарҳангу маънавиёт дур мемонад, метавонад мувоҷеҳи тамоми бадбахтиҳо ва мушкилот гардад.   Аммо боиси зикр аст, ки дар лобалои мушкилоти бузург ва хатаровар мебояд тамоми аҳли ҷомеа дар мубориза ва талош қарор дошта бошанд. Яке аз роҳҳои муқтадири муборизаи фарҳангӣ -  ин мубориза  тавассути барномаҳои фарҳангиву маънавӣ маҳсуб меёбад. Воситаҳои ахбори оммаро мебояд бо иштироки аҳли дин, аҳли адаб ва равоншиносон барномаҳои фарҳангие ташкил намоянд, ки фарогирандаи мавзӯҳои ахлоқӣ   бошанд ва ҳам аз нигоҳи маънавиёт ва ҳам тиббиву равонӣ ба омма хатару паёмадҳои бо маводи мухаддир пайвастани афродро фаҳмонда тавонанд.  

Дар ҷомеаи мо, ки мардум ба дину аҳкоми  ислом эътиқоду эътимод доранд, пас месазад, ки  масъалаи зикршуда уламо ва намояндагони фаъоли динро низ ба канор нагузорад ва эшон пайваста андешаҳои худро бо далелҳои воқеии асоснок намуда, бо ин дарди дармонталаби ҷомеа талошу мубориза баранд. То ба ин васила уламо ва аҳли дониш вазоиф ва ахлоқи одамонро, ки аз назари шаръӣ муайян карда шудааст, бори дигар хотиррасон сохта, аҳли ҷомеа ва бахусус ҷавононро аз вартаи фасодсозанда ва аз паёмадҳои маводи мухаддир раҳоӣ ва наҷот бахшанд.

Дар ҷомеаи мо, ки ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад, барои мубориза алайҳи ин бемории ҷомеа ниҳодимахсусе бо номи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки бо мақсади пешгирӣ намудани корҳои ѓайриқонунӣ ва гирифтани ҷилави амалҳои хавфнок дар ин самт хеле талош меварзад. Корҳои дар ин ҷода анҷомдодаи масъулини ин ниҳоди муҳими  давлатӣ тавассути намоишҳои телевизионии шабакаҳои мухталифи кишварамон пешниҳоди бинандагон мегардад.

Ҷониби муҳими масъала он аст, ки барои бартараф намудани ин мушкилоти мураккаб натанҳо ашхоси масъул ва касбӣ, балки мо  сокинони кишвар низ саҳмгузор бошем ва бо кормандони ин ниҳод ҳамкорӣ намуда, дар бартарафсозии ин садди мушкилгузари рушд саҳмгузорӣ намоем. Зеро Худованди якто барои мо бандагонаш фармудааст:

«…Ва бар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам бо якдигар мадад макунед; ва аз Худо битарсед! Ба дурустӣ ки уқубати Худо сахт аст» (сураи Моида, ояти 2).                          

Пайғамбарамон (с) низ дар бобати пешгирии амалҳои бад чунин фармудаанд:

«Агар касеро бинед, ки як кори бад карда истодааст ё ягон нияту қасди бад дорад, шумо ӯро бо даст ё бо забон (яъненасиҳат кардан) боз доред…» (аз Абусаъиди Худрӣ, бо ривояти Муслим).

Ҳамчунин дар ин бобат бузургони мо бароямон чунин панди пурҳикматеро боқӣ гузоштаанд:

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.

Мувофиқ ба маълумоти мутахассисони соҳаи тиб, маводи мухаддир ба бунияи инсон зарари бениҳоят зиёд мерасонад, аз онҷумла, барои заифшавӣ ва нотавонии дастгоҳи марказии асаб мусоидат менамояд,  барои кундзеҳнӣ замина муҳайё месозад, гиҷ шудани маѓзи сарро таъмин менамояд, тангии роҳи нафас, бронхит ва  мубтало гаштан ба бемории сил низ натиҷаи истифодаи маводи мухаддир мебошад. Ҳамзамон боиси бемориҳои қалбӣ, кундии тапиши дил, диққи нафас гашта,   асаротизиёди зарароваре бар узвҳои дарунии инсон низ дорад.   Аз ҷумла аз кор баромадани ҷигар, ки яке аз аъзои бадани инсон аст барои он афроде, ки ба истифодаи ин маводи марговар машѓуланд, ҳар лаҳза таҳдид менамояд. Илова бар ин, зиёни ҷисмониву равонӣ дар инсон бараъло эҳсос мешавад ва ҳар қадар муддати истифодаи он тулонитар гардад, эҳсоси гирифторӣ ба силсилаи бемориҳову нуқсон бештар намудор мешавад. Барои мисол, эҳсосоти инсонии афроди мубтало ба ин  беморӣ камтармешавад, ҳуш, ҳофиза ва сифатҳои ҳамидаву ҷомеаписанди одамон хеле заиф мегардад.  

Ашхоси аз маводи мухаддир истифодакунанда бояд хуб дар хотир дошта бошанд, ки бо гузаштани вақт ва заиф гаштани ба ном ҳолати   оромонаи асаб, шахси вобасташуда мехоҳад боз ба ҳолати «оромиш ва бехудӣ» баргардад, дар натиҷа ба тадриҷ ва зина ба зина ба ин кор вобастагии шадид оѓоз мегардад ва дар ниҳоят давраи бардагии шахс ба ин хислати номатлуби худи ӯоғоз мегардад. Ҳолати заъфи ҷисмиву  равонӣ ва  иҷтимоъӣ афзоиш меёбад, ки боиси нобудии шахс мешавад.

Ҳамчунин баъд аз вобастагӣ аз маводи мухаддир, шахси гирифторшуда то ба ҳадди девонагӣ мерасад, зеро баъд аз ин дигар барои ӯ дар зиндагӣ ягон чизи дигаре вуҷуд надорад, ба ҷуз ҳолати гирифторшудаи худи ӯ. 

Аз андешаҳои мутахассисони соҳа ва коршиносону равонпизишкон хулоса баровардан мумкин аст, ки  маводи мухаддир на танҳо шахси истифодабаранда, балки нафарони наздик ба ӯро низ гирифтори мушкилоти сангини ҳалталаб месозад. Аз шахси  мубтало ба ин вабо ба дунё омадани фарзандони носолим аз эҳтимол дур нест. 

Инчунин мо бояд бидонем, ки дини муқаддаси ислом инсониятро аз осебу зарар расонидан ба худ ва дигарон манъкардааст: «Ба худ ва ба дигарон зарар нарасонед» (ҳадиси Пайғамбар (с) аз Абусаиди Худрӣ, бо ривояти ибни Моҷа).   Худованд низ дар ин маврид мефармояд: «… ва хештанро бо дастҳои худ ба (варта) ҳалокат маяфканед ва накӯкорӣкунед!...» (сураи Бақара, ояти 195).

«…Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ ки Худо ба шумо Меҳрубон аст» (сураи Нисо, ояти 29). 

Мо бояд фаромӯш насозем, ки натанҳо истеъмоли маводи мухаддир аз нигоҳи дини мубини ислом манъ аст, балки харидуфурӯши он низ қатъан манъ аст. Зеро фурӯхтани он ба инсонҳо, алалхусус барои мусулмонҳо, боиси ривоҷи гуноҳи истеъмолимухаддарот, муҷиби фасоди ахлоқӣ ва саломатии ҷомеа мегардад.

Пайғамбар (с) низ дар мавриди ин масъала, яъне хариду фурӯши маводи мухаддир чунин баён кардаанд:

 «Ҳар гоҳ Худованд хӯрдану истеъмоли чизеро барои мардум ҳаром гардонад, пули онро низ бар онҳо ҳароммегардонад» (бо ривояти Абудовуд, 3488).

«Он чӣ ки хӯрдану истеъмолаш ҳаром аст, фурӯхтанаш низ ҳаром аст» (аз Ибни Аббос, бо ривояти имом Муслим).

Дар хулосаи навиштаҷот ҳамин нуктаро қайд кардан мехоҳам, ки бисёре аз инсонҳо ҳаёташонро қурбони  айшу ишрат намуда хешро ба ҳалокат расонида, занҳои худро дар нимароҳи тақдир яккаву танҳо гузошта ононро бева ва фарзандонашонро ятимупадару модарашонро гирифтори ғаму андӯҳи зиёд месозанд. Ва дар ниҳоят зиндагии ободу осудаашонро ба як харобазор ва вайрона мубаддал месозанд.

Бори дигар мехоҳам хотиррасон намоям, ки дар бартарафсозии мушкилоти зикршуда ҳар кадоми мо аз аҳли ҷомеа бояд саҳмгузорӣ намуда, нагузорем, ки шумори чунин нафарон зиёд гардад. Баръакс, кӯшиш намоем то якдигарро дастгирӣ намоем, ба ҳам кумак расонем, ҳамдигарро аз ҳар гуна амалҳои баду ношоиста боздорем ва агар афроди таҳсилдидаву соҳибмаърифату ҳушманд ҳастем, роҳи бехатару дур аз мушкилотро барои ҳамдигарӣ нишон диҳем. Нагӯем, ки фарзанди ҳамсоя фарзанди ман нест, ки ӯро насиҳат кунам ва мушкилоти дигарон ба ман рабте надорад. Фақат дар ҳамбастагӣметавонем ҷомеаи пешрафта ва орому сулҳпарварамонро аз ҳар гуна бемориҳои интиқолшудаи хатарзо раҳоӣ бахшем.  

  Ҳамчуноне, ки Худованд дар Қуръони карим фармудааст: «Ҷуз ин нест, ки муъминон бародарони якдигаранд, пас, миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад (сураи «Ҳуҷурот», ояти 10).

Хусрав Ҳомидов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

«Тақво»-и шаҳри Хуҷанд  

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар