Ҳусайн Мўсозода

Муовини Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳусайн Мўсозода

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода - муовини Раиси Шўрои уламои

Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода яке аз симоҳои намоёни динии кишвар ба шумор меравад. Мавсуф 10-уми июни соли 1955 дар деҳаи Ростровути ноҳияи Ғончӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1973 ба мадрасаи «Мири Араб»-и Бухоро дохил шуда, онро соли 1978 бомуваффақият хатм намудааст. Баъдан тайи солҳои 1978-1990 вазифаи сархатиби масҷиди ҷомеи «Ғулакандоз»-и ноҳияи ба номи Ҷаббор Расуловро адо кардааст. Солҳои 1990-1992 дар факултаи улуми қуръонии Донишгоҳи байналмилалии исломии Либиё таҳсили илм карда, бо имтиёзномаи махсуси донишгоҳи мазкур сарфароз гаштааст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода дар ибтидои соли 1993 сархатиби масоҷиди вилояти Ленинобод интихоб шуда, аз соли 1994 ҳамчун сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин ва ҳамзамон ноиби муфтии мусалмонони Тоҷикистон адои вазифа кардааст. Ў аз моҳи майи соли 1997 инҷониб Раиси Шўрои уламои вилояти Суғд, сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин ва дар як вақт муовини Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, то кунун дар ин мақом адои вазифа мекунад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва маънавиёти мардум тавассути  васоити ахбори омма ва табъу нашри силсилакитобҳо ва дастурҳои раҳнамо саҳми босазо мегирад. Солҳои 1993-2012 беш аз 100 мақолаи ў дар матбуот чоп шуда, зиёда аз 300 барномаю суҳбатҳояш дар мавзўъҳои гуногуни динӣ  ва панду ахлоқӣ дар телевизион манзури мардуми шарифи Тоҷикистон шудаанд.

Дар ин муддат ҳашт китоби мавсуф таҳти унвонҳои  «Гавҳари имон мафурўш» (1997), «Бунёди оила дар ислом» (1998), «Сию се суҳбати судманд» (2001), «Ҳазрати бузургвор» (2001), «Маъхаз-ул-маъонӣ аз оёти қуръонӣ» (2004), «Ҳаҷнома» (2007), «Табйин-ул-ҳақоиқ» (2008), «Анвор-ул-мактубот» (2009), «Мазҳаб ва соҳибмазҳаб» (2011) бо теъдоди умумии 8000 нусха интишор ёфта, мавриди истифодаи мардуми мусалмон гардидаанд.

Номбурда соли 2004 дар заминаи китобашон «Маъхаз-ул-маъонӣ аз оёти қуръонӣ» дар мавзўи «Усули истифодаи оёт ва қиссаҳои қуръонӣ дар «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ» рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади улуми филологӣ дифоъ намудааст.  Ҳолиё китоби нави Мўсозода таҳти унвони «Илм дар тасаввуф» дар дасти чоп аст, ки таҳқиқоти наве дар пажўҳиши тасаввуфшиносӣ ба шумор меояд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода тўли фаъолияти беш аз сисолаи хеш ба бисёр мамолики Шарқу Ғарб, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Эрон, Кувайт, Урдун, Сурия, Туркия, Миср, Либиё, Алҷазоир, Фаластин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кипр, Италия, Нигерия, Мали, Мавритания, Малайзия, Уганда, Сенегал сафарҳои хидматӣ анҷом дода, Тоҷикистонро чун кишвари таъминкунандаи озодиҳои динию эътиқодӣ, давлати ободу рў ба тараққӣ ба оламиён муаррифӣ кардааст. Бо чандин мукофотҳо ва ифтихорномаҳои давлатӣ сарфароз гаштааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст.

Дигарҳо

Саидмукаррам  Абдуқодирзода
Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдулбасир Саидзода
Абдулбасир Саидзода

Муовини аввали Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамолиддин Хомӯшов
Ҷамолиддин Хомӯшов

Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳикматуллоҳ Сиҷоатзода
Ҳикматуллоҳ Сиҷоатзода

Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:40
Пешин13:00
Аср16:30
Шом18:28
Хуфтан19:58
Суханронии Президент
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар