Асосӣ Хабарҳо Вокуниш ба ҳамлаи террористони хунхор

Вокуниш ба ҳамлаи террористони хунхор

Вокуниш ба ҳамлаи террористони хунхор
2020-07-24
5879

Ҳамлае, ки аз ҷониби террористон дар дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” ба вуқӯъ омад, мо аҳли ҷомеа,  аз ҷумла  бандаро сахт  мутаассир ва мутаассиф сохт. Дар тааҷҷубем ки онҳо чигуна махлуқоти бадтаринанд, ки  аз хунрезию фасодкорӣ хаста намегарданд ва ҳарвақт мардумро ба тарсу ҳарос  гирифтор карда, ба таҳлука меандозанд.  Маълум аст, ки ҳамаи ин нақшаҳои душманони хориҷии Давлати мост, ки ба воситаи гумоштагони пинҳонии худ роҳандозӣ мекунанд. Ба ҳар ҳол, мо зиёдтар ҳушёрию зиракиро ба кор андозем ва аз  шарри онҳо эмин бошем  ва ҳамеша хоҳони он бошем, ки Худованд ба ҳамаи мақомотҳои дахлдор ва сарҳадбонони Ватани азиз қувват ва мадад ато кунад, ки ҳаёти осоиштаи мардум вобаста ба хидмати онон мебошад. Бигзор Худованд шаҳидшудагонро раҳмату мағфират кунад.

А. Тӯраев,

сархатиби Истаравшан 

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар