Асосӣ Хабарҳо МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ФИТР

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ФИТР

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ФИТР
2020-07-24
5770

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду саломи бепоён ба Паёмбари акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод. Ассалому алайкум ҳамватанони гиромӣ, дўстони арҷманд! Аввалан ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасиии иди саиди Фитр табрику таҳният намуда бароятон аз даргоҳи Худованд хушбахтию саодатмандиро таманно менамоем. Моҳи Рамазон беҳтарин мактаби одамият ва худсозӣ аст ва дар ин давра мусулмонон бо фазилатҳои ҳамида, аз ҷумла сабру таҳаммул, меҳрубониву самимият, адолату баробарӣ, хайру саховат, омурзиши гуноҳҳо ботину зоҳири худро поку озода мегардонанд. Моҳияти аслии рўза доштани ҳар бандаи муъмину мусулмон низ аз ҳамин рукнҳо иборат аст. Иди саиди Фитр низ мисли моҳи шарифи Рамазон саршор аз раҳмату маѓфират ва навозишҳои меҳрубононаи Парвардигори олам аст. Дар ин рўзи саиду фархунда дасти кумак дароз кардан ба ашхоси ниёзманд ва бепарастор аз ҷумлаи хислатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Инсони мусалмон саъй мекунад, то дар ин рўзҳо бештар ба фақирон ва ниёзмандон дасти кумак дароз намуда, садақоти бештаре анҷом диҳад ва ашки ятимонро пок карда, ба онон некӣ намояд. Паёмбар (с) ба додани садақаи Фитр амр намуда мефармоянд: «Онҳоро дар имрўз (бо додани садақа) бениёз гардонед». (Ривояти Байҳақӣ ва Дорақутнӣ). Анҷом додани чунин аъмоли нек дар байни мардум меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагиро боз ҳам қувват мебахшад. Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайѓамбар (с) фармудаанд: «Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ў шод кардани вай бошад, маро шод кардааст, ҳар касе маро шод​ кунад, Худовандро шод кардааст ва ҳар касе Худовандро шод кунад, Худованд ўро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ). Ҳамон тавр ки аз ин ҳадис маълум гардид, эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кумак ва дастгирии ятимону ниёзмандон ва беморону дармондагон дар рўзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ўст.​ Мо ҳамеша дуо мекунем, ки кишвари азизамон тинҷу ором ва пурфайзу баракат бошад. Аз Худованд талаб дорем, ки мардуми кишварамонро аз ҳамаи офатҳову мусибатҳо ҳифз намуда, барои ҳама тавфиқи амалҳои нек ва имону ҳидояти комил насибу арзонӣ фармояд. Дар охир бори дигар ҳар як сокини диёри азизамонро ба муносибати иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, барояшон файзу баракати рўзгор, сиҳатмандиву​ сарбаландӣ, хушиҳои зиндагӣ ва офияту тандурустиро таманно мекунем. Иди саиди Фитр барои ҳамагон муборак бошад! Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар