Асосӣ Хабарҳо МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
2022-04-22
2412

Дар доираи татбиқи банди 6-уми нақшаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон рӯзи 19 апрели соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Оқибатҳои ногувори таассубу хурофотпарастӣ ва омилҳои пешгирии он дар ҷомеа» мулоқоти судманд баргузор гардид. Дар ин мулоқот фаъолони шаҳр, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ҷамоатҳою деҳот, имомхатибон, собиқадорону ҷавонони ватандӯсти шаҳри Конибодом ҳузур доштанд.

          Вохӯрии мазкурро нахуст Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, гурӯҳи кории Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Оқилзода Нурулло - мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Рудобаи Мукаррам - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, Абдураҳмон Ваҳҳобзода - муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдуқодирзода - Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иштирокчиён шинос карда, ҳузури онҳоро ба Конибодоми бостонӣ хайрамақдам гуфт.

            Сипас аъзои гурӯҳи корӣ бо навбат ба сухан баромада, роҷеъ ба аҳаммияти таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифтани он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодири фарҳанги сулҳофаринӣ сухан карданд. Қайд гардид, ки ҳаводиси фоҷиабори охири асри гузашта моро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки барои эмин нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.

            Ҳамчунин изҳор дошта шуд, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 25 - солагии Ваҳдати беназиру беқиёси кишварамонро ҷашн мегиранд. Дар тӯли ин солҳо Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як омили эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфт.

          Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни баромад қайд карданд, ки яке аз зуҳуроти номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин амалҳои террористию экстремистӣ ба шумор мераванд. Кишвари мо ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Мубориза бар зидди ин зуҳурот муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Бинобар ин, ҳар яки моро имрӯз лозим аст, ки ба муқобили чунин афрод сарҷамъона мубориза бурда, барои нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар