Асосӣ Хабарҳо БА ҚАЛЛОБОН БОВАР НАКУНЕД!

БА ҚАЛЛОБОН БОВАР НАКУНЕД!

БА ҚАЛЛОБОН БОВАР НАКУНЕД!
2023-04-11
3893

Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон

          “Эй мӯъминон, агар фосиқе хабареро пеши шумо биёрад, пас, таҳқиқ кунед, (аз хавфи) он ки ба нодонӣ қавмеро зарар расонед...” (сураи “Ҳуҷурот”, ояти 6).

 Имрўзҳо баъзе нафарони қаллоб дар фазои интернет бо мақсади ба даст овардани даромади муфт роҳу равишҳои нодуруст ва ғайришаръиро истифода мебаранд. Аз ҷумла, қаллобон бо танзими сохтакоронаи наворҳои баргирифта аз инертет ва суиистифода аз аксҳои чеҳраҳои маъруфу соҳибмақом ҷиҳати расидан ба мақсадҳои нопоки худ талош меварзанд. Аз ҷумла, дар яке аз наворҳои қаллобон акси Раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода истифода гардида, зоҳиран чунин вонамуд мегардад, ки гӯё амали ин тоифа аз тарафи Шурои уламо тасдиқ гардида бошад. Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи касоне, ки чунин наворҳоро мебинанд, хоҳиш мекунем, ки фирефтаи найранги ашхоси қаллобу фиребгар нашаванд ва барои дастрас намудани маълумоти дақиқ роҷеъ ба ҳар гуна масоили мавриди назарашон ба сомонаи Шурои уламо муроҷиат намоянд.  

Шурои уламои

Маркази исломӣ

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:38
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:10
Хуфтан18:40
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар