الصفحة الرئيسية المقالات Аҳамияти издивоҷ дар ислом

Аҳамияти издивоҷ дар ислом

Аҳамияти издивоҷ дар ислом
2021-06-10
1675

Аз дидгоҳи ислом, моҳияти издивоҷ як қарордод ва паймон бо шароити вижа аст. Ин паймон ва қарордод афзун бар ин ки аз истиҳкоми хос бархурдор аст, дорои як арзиш ва манзалати илоҳӣ мебошад ва дар сатҳи дигар қарордодҳои иҷтимоӣ қарор намегирад то сарфан аз қавоиди умумӣ он қарордҳо пайравӣ кунад. Шояд битавон гуфт: қавитарин паймон ва муқаддастарин қарордод аст ки одами бо эътимод комил рози мешавад бо фарде ки шинохти зиёде аз вай надорад, ҳампаймон шавад ва ҳамаи дороии худро бо ӯ ба мушорикат гузорад. Аз ин рӯ, дар ривоёти аз ин қарордод ба “қилода” таъбир шуда ва ҳушдор дода шудааст, ки мутаваҷҷеҳ бошед инон ихтиёри худро ба дасти чи касе медиҳад. Ва чи касеро канори худ қарор медиҳад ва шарик мол ва дин ва асрори хеш месозад. Бояд дид ки ислом ин паймони васиқро ба чи қасде пай мерезад ва бар он диққат медиҳад? Ташриъи издивоҷ ва тарғиб ба он дорои иллатҳои гуногун аст, аз ин лиҳоз баъзе сабабҳои онро баён медорем:

Иллати асосӣ ташриъи издивоҷ, посух ба нидои фитрат ва ниёзҳои (руҳӣ, равонӣ, ҷисмӣ) табиъии инсон аст. Тамоми қавонин ва муқаррароти ислом, дар зери сохтҳои фитрӣ ниҳода шуда, аз ниҳоди  инсон, сарчашма мегиранд. Ин қавонин ва муқаррарот ба шакли бароварандаҳои ниёзҳои фитрӣ ва табии инсон  ҳастанд ва дар партави ин қавонин, саломатӣ ва рушди одамӣ ҳамоҳанг мешавад. Фалсафаҳои асосӣ ва бунёни издивоҷ ҳаммонанди тамоми аҳком ва муқаррароти он, посух ба нидои фитрат худоҷӯйии инсон аст. Издивоҷ аз ин ру дар ислом, ташриъ ва мавриди тарғиб қарор гирифта аст, ки метавон ба ниёзҳои фитрӣ одамӣ посухи шоиста дода, саломатиро заминасозӣ намояд. Лизо афроде, ки аз издивоҷ рӯй мегардонанд, дар воқеъ ба таври нохудогоҳ бо фитрат ва табииёти худ ба ҷанг бархостаанд. Дар натиҷа, чун бар хилофи фитрат ва ниёзи табии ҳаракат мекунанд, бо душворӣ ва мушкилоти  фаровон мувоҷеҳ мешаванд ва аз масири эътидол ва ҷодаҳои такомул ва рушд хориҷ мешаванд.

Аз ҷумлаи дигари  иллати издивоҷ, ин таъмини оромиши рӯҳӣ аст: “Аз нишонаҳои Худо ин аст, ки аз ҷинси худатон барои шумо ҳамсаронеро офарид, то дар канори онҳо оромиш биёбед”(С.Рум ояти 21). Ин оромиш аз инҷо ношӣ мешавад ки ин ду ҷинс мукаммали якдигар ва мояҳои шукуфои ва нишот ва парвариши якдигар мебошанд.

Сабаби дигари издивоҷ дар ислом ҳамоно ҳифзи инсоният дар рӯйи замин аст. Зеро дар натиҷаи издивоҷ насли солим ба дунё меояд.  Ин иллат то ба он ҳади мавриди назари ислом аст, ки фарзанд доштанро мояи баракат медонад.

Издивоҷ таъсир дар таъмини масъуният аз инҳирофҳо ва лағжижҳо дорад ва дини инсонро комил месозад, чунон ки фамрудаанд: “Касе, ки издивоҷ кунад, ними дини худро ҳифз намуда аст”. Паёмбари ислом (с) чунин фармудаанд: “Мардони муҷаррадро зан диҳед то Худо ахлоқашонро нек ва ризқашонро васеъ ва ҷавонмардияшонро зиёд кунад”. Рушди шахсият ва эҳсоси масъулияти иҷтимоии масъулиятпазирӣ ва берун омадан аз ҳисори худбинӣ ва табиати фардӣ, муттаҳид шудан дар баробари дигарон ва ба дунболи он фароҳам шудани заминаҳои рушди иҷтимоӣ, аз дигар иллал ва фалсафаҳои барқарор намудани издивоҷ аст. Ин таъсирро дар ҳеҷ амал ва рафтори фардию иҷтимоии дигар наметавон суроғ гирифт. Инсон танҳо дар партави издивоҷ метавонад ба шахсияти иҷтимоии худ даст ёбад ва пухтагии шахсият пайдо кунад. Издивоҷ аввалин марҳилаҳои хуруҷ аз худ табии фардӣ ва тавсияҳо пайдо кардани шахсияти инсон аст. Агар роҳи ғайр аз ин барои расидан ба ин матлуб вуҷуд дошт, ба таври яқин ислом онро муаррифӣ менамуд. Ин пухтагӣ ҷуз дар партави издивоҷ ва ташкили хонавода пайдо намешавад. Дар ин ҷо ҳам ислом барои баёни ҷойгоҳи издивоҷ ва тарғиби мардум ба он эълом мекунад, ки издивоҷ равиши авлиё ва анбиё аст. Паёмбар (с) ба мусалмонон гӯшзад менамояд, ки агар дӯст доред, пайрави суннат ва мароми ман бошед, издивоҷ кунед ва таваҷҷуҳ дошта бошед, ки агар аз издивоҷ иҷтиноб варзед, наметавонед аз пайравони оини ман бошед. Ва дар каломи дигар бо сароҳати бештар издивоҷро суннати хеш қарор дода ва тарки онро хуруҷ аз доираи суннати набавӣ фармудаанд: “Ҳар ки мехоҳад бар фитрати ман бошад, бояд тибқи суннати ман рафтор кунад, яке аз суннатҳои ман издивоҷ аст”.

Аҳмадҷон Саъдуллоев

Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر