الصفحة الرئيسية المقالات НИСБАТ ДОДАНИ ТЕРОРИЗМ БА ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ИДДАОИ ҒАЙРМАНТИҚИСТ

НИСБАТ ДОДАНИ ТЕРОРИЗМ БА ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ИДДАОИ ҒАЙРМАНТИҚИСТ

НИСБАТ ДОДАНИ ТЕРОРИЗМ БА ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ИДДАОИ ҒАЙРМАНТИҚИСТ
2022-10-05
1019

Шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза тақозо менамояд, ки мо набояд нисбат ба арзишҳои динӣ, фарҳангӣ ва миллии худ бетафовутӣ зоҳир накунем,  балки бояд аз онҳо  пуштибонӣ намуда, ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Зеро мавҷудияти ҳар давлату миллат бо арзишҳои зикршуда робитаи ногусастанӣ дошта, таъмини амният ва пойдории сулҳу субот аз пойдории арзишҳои мазкур вобастагии амиқ дорад.

   Мутассифона, вақтҳои охир зуҳуроти номатлуби тероризм дар саросари олам реша давонда, ҳамасола ҷони ҳазорҳо инсони бегуноҳро бо шумули занон ва кӯдакон аз байн мебарад. Бадии кор дар он аст, ки шабакаҳои терористӣ ин ҳама  аъмоли ваҳшиёнаи худро аз номи дини мубини ислом анҷом медиҳанд.  Ва он ҳам дар кишварҳои мусалмоннишине мисли Афғонистон, Ироқ, Сурия, Яман, Покистон, Туркия ва дигар нуқтаҳои гуногуни олам. Пас агар терористон аъмоли ваҳшиёнаи худро, ки ба иддаои  онҳо  "бар зидди душманони ислом"  нигаронида шудаанд, дар маконҳои ҷамъиятӣ, марказҳои савдо, кӯчаю  бозор ва ибодатгоҳҳои мусалмонон  ба роҳ андозанд ва барои ин "далел" дошта бошанд, пас табиист, ки ташкили чунин аъмоли разилона дар кишварҳои ғайриисломӣ  барои онҳо як кори "савоб"  ба шумор меравад.  Дастгоҳҳои таблиғотии марбут ба ин  гурӯҳҳо ҳамарӯза бо мавҷи таблиғоти ақоиди иртиҷоӣ афкори ҷавонони мусалмонро ба сӯйи худ ҷазб намуда, аз ҳисоби ҷавонони камсавод ва дорои  шароити ноустувори иқтисодӣ сафҳои худро пурра мегардонанд.  Ин падидаи номатлуб агар аз як сӯ эътиқод ва андешаҳои ифротиро дар миёни қишри ҷавони ҷомеа паҳн карда ривоҷу равнақ диҳад, аз сӯйи дигар амният ва оромии ҷомеаро халалдор менамояд.   Дар ин росто  уламо ва донишмандони исломиро зарур аст, ки эътиқоди ростин ва равиши Паёмбари гиромии исломро ба мардум дуруст фаҳмонида, бо дониш ва дирояти худ садди роҳи эътиқодҳои иртиҷоӣ шаванд, зеро  покиза ва беолиш нигоҳ доштани дини  муқаддаси ислом аз андеша ва эътиқодҳои ботил вазифаи имонии онҳо ба шумор меравад.

  Мавриди зикр аст, ки нисбат додани ҳама гуна аъмоли зишти терроризм ба номи дини мубини ислом  аз тарафи ин дини  муқаддас маҳкум аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест, зеро дини мубини ислом куштор  ва хушунати мардуми осоиштаро аз ҷумлаи ҷурмҳои сангин медонад ва барои ин  ҷазои сангин пешниҳод менамояд.   Қуръони карим қатли як инсонро баробари қатли тамоми мардум медонад. Дар ин бобат   Худованди  бузург дар Қуръони карим мефармояд: "Ба ҳамин сабаб (куштани Қобил Ҳобилро) бар Бани  Исроил муқаррар кардем, ки ҳар касе инсонеро бидуни ин ки муртакиби қатли инсон ё фасоде дар замин шуда  бошад, бикушад, чунон аст, ки гӯӣ ҳамаи мардумро кушта бошад ва ҳар кас инсонеро аз марг наҷот диҳад, чунон аст, ки гӯӣ ҳама мардумро зинда кардааст ва бегумон паёмбарони мо бо далоили рушан барои онҳо омаданд, боз ҳам бисёре аз онҳо пас аз он дар рӯйи замин таҷовуз ва исроф  карданд"(Сураи Моида ояти 32).

Муҳаммад Ҷарири Табарӣ дар тафсири ояти мазкур аз Муҷоҳид (р)  ривоят мекунад ва чунин менависад: "Касе, ки нафсеро ба ғайри нафс ё фасод дар замин мекушад,   пас мисли ин аст, ки тамоми мардумр кушта бошад, зеро бо куштани як инсон вориди дузах мешавад, ҳамчунон ки  бо куштани мардум (шумораи зиёди мардум) вориди дӯзах мешавад". Ниг. "Тафсири Табарӣ" тафсири ояти 32 сураи Моида.

Ҳамчунин Худованд дар ояти 93 сураи Нисо чунин мефармояд: "Ҳар кас муъминеро қасдан ба қатл расонад, ҷазояш дузах аст, ки дар он ҷовидона мемонад ва Худованд ӯро аз раҳматаш дур месозад ва  ӯро лаънат мехонад  ва  азоби бузурге барои ӯ омода сохтааст".

Ба ин нукта бояд таваҷҷуҳ сурат гирад,  ки дар ояти 32 сураи Моида сухан дар бораи нафс меравад, на дар бораи мусалмон ё кофир.  Худованд бо сароҳат "ман қатала нафсан" - "касе, ки нафсеро кушад" мегӯяд. Аз ин рӯ куштани занону кӯдакон ва мардуми осоишта, ки ҳеҷ фасоде дар замин муртакиб нашудаанд,  новобаста аз эътиқоди диниашон аз ҷумлаи ҷурмҳои сангин ба шумор меравад.  Бино бар ин нисбат додани тероризм ба дини мубини ислом иддаои ғайрмантиқист ва баръакс тероризм аз нигоҳи ислом маҳкум аст.

 

А. Нозимов,

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.11.2024

أكثر
الفجر05:39
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر