الصفحة الرئيسية المقالات ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН ДАР ИСЛОМ

ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН ДАР ИСЛОМ

ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН ДАР ИСЛОМ
2023-07-28
967

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худовандро ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари гиромӣ ва хонадону ёронаш бод.

Фарзанд атои Худованд аст, ки дили волидон бо дидани фарзанд шод ва чашмонашон рўшан мешавад. Фарзанд гули зиндагӣ ва самараи дилу зинати ҳаёт аст. Худованд мефармояд: «Молу фарзанд зинати ҳаёти дунёст. Ва кирдорҳои неку пойдор назди Парвардигорат беҳтар ва умедворкунандатар аст» (сураи Каҳф, ояти 46). Ҳазрати Яълои Омирӣ ривоят мекунад, ки Ҳасану Ҳусайн давида, ба назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам омаданд ва ў онҳоро ба оғўш гирифта, фармуданд: «Фарзанд мояи бухл ва тарс аст» (Ривояти Ибни Моҷа). Ба хотири фарзанд инсон аз сарф кардани мол бахилӣ мекунад, зеро молашро барои фарзанд ҷамъ мекунад ва мехоҳад ба ҷое наравад ва ҳамеша бо онҳо бимонад. Фарзанд меваи дилҳо ва нури чашмонанд ва Ислом аз вақте, ки никоҳи дурустро машрўъ гардонд, тарғиб менамояд, то инсон барои фарзанддор шудан кўшиш намояд. Барои интихоби ҳамсар кўшиш намоем ва занеро бихоҳем, ки фарзанд таваллуд кунад, то шумораи уммати Ислом бештар шавад. Анас ибни Молик (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳамеша ба издивоҷ амр менамуд ва аз муҷаррадӣ манъ мекард ва чунин мефармуд: «Шумо бо зани бо муҳаббату зоё издивоҷ кунед, зеро ман ба бисёр будани шумо дар байни дигар умматон ифтихор мекунам» (Ривояти Абудовуд).

Фарзандон сутуни миллатанд ва пешбари наслҳои оянда. Онҳо умеди ҳозира ва омодагии ояндаанд. Онҳо хуне мебошанд, ки дар рагҳои миллатҳо меҷўшад ва набзи зиндагии онҳоянд. Аслиҳаи қавӣ ба муқобили душманон онҳоянд ва сипари пурқувватанд, ки амнияти кишварҳоро нигоҳ медоранд ва баргардондани обрўю каромати ватан низ ба онҳо вобастагӣ дорад. Аз ҳамин сабаб аст, ки Ислом ба тарбия ва роҳнамоии онҳо хеле аҳамияти ҷиддӣ додааст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам баён фармудаанд, ки фарзанд дар дини падару модари худ собит мемонад. Мо дар ҳар роҳе, ки онҳоро тарбия намоем ва ҳар чӣ ба онҳо омўзем, онҳо паси ҳамон мешаванд. Ҳазрати Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳар навзод бо фитрати исломӣ ба дунё меояд. Пас волидайнаш ҳастанд, ки ўро яҳудӣ мекунанд, ё насронӣ, ё маҷусӣ». Пас Абуҳурайра ин оятро тиловат намуданд: «Пас ту рўятро тарафи дини рост гардон. Ин фитрати илоҳист, ки мардумро бар он офаридааст. Офариниши Худо тағйирнопазир аст. Ин аст дини дуруст, вале аксари мардум намедонанд» (сураи Рум, ояти 30). Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси боло хабар додааст, ки тифл бар фитрати поки исломӣ зода мешавад, агар ўро ба тарафи хайр роҳнамоӣ намоем, онро бе мушкилот ва бе заҳмат қабул мекунад, онро мешиносад ва пайравӣ менамояд. Худованди азза ва ҷалла қобилияти қабули хайрро дар сиришти ў қарор додааст ва он мутобиқи асли ўст. Аммо дур шудан аз сиришти худ тавассути тарбияи бад додан аст ва намунаи каҷ нишон додан аст.

Аз сабаби он ки тарбияи дурусти волидайн таъсири хубе барои фарзандон ҳам дар дунё ва ҳам дар охират дорад, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадисҳои зиёде ба тарбияи дурусти фарзандон дастур дода, раҳнамоӣ кардааст. Аз ҷумлаи корҳое, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба он аҳамияти бештар медод ва саҳобагонро ба он супориш менамуд, ин тарбияи дурусти фарзандон буд. Ў худ барои фарзандон таълими ақида ва тақво менамуд, барояшон аҳкому аркони имонро меомўзонд ва алоқаашонро бо Худованд қавӣ ва мустаҳкам менамуд.

           Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳамеша кўдаконро ба илму донишу адаб тарғиб менамуд ва барои онҳо дуои хайр мекард. Боре ба наздаш шабона Абдуллоҳ ибни Аббос омада, ба ў оби таҳорат дод. Пас Паёмбар ўро ба оғўш гирифта, дар ҳаққаш чунин дуо кард: «Парвардигоро, ўро дар дин олим бигардон ва барояш таъвили Қуръонро биёмўз» (Ривояти Бухорӣ). Ба баракати ин дуо ҳазрати Ибни Аббос (р) донишманди ин уммат ва тарҷумони Қуръони карим шуд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайваста мекўшид, то онҳоро дарси адабу сабақи ахлоқ диҳад. Умар ибни Абусалама мефармояд: Ман писарбаччае будам дар хонаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва дастонамро ба ҳар ҷои табақ дароз мекардам. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бароям гуфт: «Эй писарбачча! Бисмиллоҳ гўй, бо дасти ростат бихўр ва аз пешат бигир. Ва баъд аз ин то имрўз ман ҳамин тавр ғизо мехўрам» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Мурод аз тарбияи фарзандон танҳо фаровон кардани таому шаробу либосу хона нест ва ё фаровон кардани шароити моддӣ, монанди пулу молу мошин нест, чунонки бархе мепиндоранд. Тарбияи ҳақиқӣ, ин додани дарси ахлоқи ҳамида ва парвариши насли оянда дар асоси таълимоти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ёрони бовафои ўст. Мутаассифона, бисёре аз падарону модарон масъулияти тарбияи фарзандонро аз хотир баровардаанд. Падар ҳамеша дунболи кору вазифа, тиҷорату амал ва рафиқону дўстон мегардад. Модар дунболи бозору мағоза, орою торо додани худ, суҳбат бо дўстону ҳамсоягон мегардад. Фарзандон бошанд, қурбони ин беаҳамиятии волидайн мегарданд, ки ҳам аз тарбия ва насиҳату андарзи падар маҳруманд, ҳам аз лутфу меҳрубонию дилбардории модарон. Беаҳамиятӣ ба тарбияи фарзандон нафақат ба як нафар, балки ба бисёриҳо таъсири манфӣ дорад. Ин фарзандон рўзе муаллим, масъул, муваззаф ва соҳибони хона мегарданд. Он касе, ки дар хурдсолӣ худ тарбияро надида бошад, чӣ гуна метавонад мураббии хуб шавад? Баъзе уламо мефармоянд: Худованд рўзи қиёмат ҳар падарро дар бораи фарзандаш мепурсад, пеш аз он ки фарзандро дар бораи падараш пурсад, зеро фасоди онҳо аз дасти падарон шудааст. Падар чун ба тарбияи фарзандаш накўшад ва онҳоро беилму дониш бимонад ва ба онҳо донишу ахлоқ ва касберо наомўзонад, дар ин сурат, дигар онҳо на барои худ фоидае меоранд ва на барои падарони худ. Чунончи яке аз падарон фарзанди худро барои оқ карданаш сарзаниш намуд. Писар ба падараш гуфт: Эй падар, ту дар хурдӣ маро оқ карда будӣ ва ман дар пирият туро оқ кардам ва дар тифлӣ маро беаҳамият гузоштӣ, ман ҳам дар пирият аҳамияте ба ту намедиҳам. «Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонадони худро аз оташе раҳо намоед, ки ҳезумаш одамизод ва сангпораҳост» (сураи Таҳрим, ояти 6).

Волидон бояд фарзандони худро дар асоси илми боманфиат тарбият намоянд, илме, ки наслҳоро тарбия мекунад, маданиятро ба бор меорад, нафсҳоро пок ва ахлоқро дуруст мекунад. Кўшиш кунанд, ки фарзандонашонро аз корҳои бад дур нигоҳ доранд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Инсон дар дини дўсташ мебошад. Пас бингаред, ки бо кӣ дўстӣ мекунед» (Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ).

Бояд волидон чанд намуди касбу ҳунарро ба фарзандони худ биёмўзонанд ва таъкид кунанд, ки онҳо аз касби ҳалолу роҳҳои дуруст мол ба даст оваранд. Пайваста бо онҳо меҳрубону ғамхор бошанд, ҳамеша барои онҳо дуои хайр намоянд ва аз Худованд барояшон тавфиқ бихоҳанд. Паёмбар (с) фармудаанд, ки дуои падар барои фарзанд иҷобат мешавад, хусусан агар он дуо дар вақтҳое сурат гирад, ки дар он бештар дуо мустаҷоб мегардад. Агар дар ҳамон лаҳзаҳо падар барои бадбахтии фарзанд дуо кунад, бадбахт мешавад ва агар барои некбахтияш дуо намояд, некбахт мешавад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Се дуо бешак мустаҷоб мегардад: дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падар барои фарзандонаш» (Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Ибни Моҷа). Барои ҳамин, агар падар дар фикри тарбияи фарзандони худ бошад, бояд ин фурсатро аз даст надода, ҳамеша барои фарзандонаш дуо намояд, то онҳо ҳидоят ёфта, тавфиқ насибашон гардад. Падар набояд барои ҷигарбандони худ ин фурсати гаронбаҳо, фурсати қабули дуоро аз даст диҳад. Ҳазрати Ҷобир (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳаргиз ба зарари худ дуо накунед. Ҳаргиз ба зиёни фарзандонатон дуо накунед. Ҳаргиз ба зиёни молҳоятон дуо накунед. Шумо коре накунед, ки дуоятон бо соати иҷобати Худованд рост ояду дуои бадатон қабул гардад» (Ривояти Муслим).

Ҳар як волидайн бояд паёмбарони Худоро барои худ намуна қарор диҳанд. Чунки онҳо барои ҳидояту тавфиқи фарзандони худ дуои бешуморе мекарданд. Ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ, ки падари паёмбарон ба шумор меравад, дуои ҳамешагияш ин буд: «Парвардигоро, ин шаҳрро макони амн қарор деҳ ва ману фарзандонамро аз бутпарастӣ дур нигоҳ дор». «Парвардигоро, ману фарзандонамро барподорандагони намоз қарор деҳ. Парвардигоро, дуои маро қабул намо. Парвардоро, Ману волидайнамро ва тамоми мўъминонро дар рўзи ҳисоб биомурз» (сураи Иброҳим, оятҳои 35, 40-41).

Тамоми бандагони солеҳи Худованд барои фарзандонашон дуои хайр мекарданд, чунончи Худованд мефармояд: «Ва ононе, ки мегўянд: Парвардигоро, барои мо аз ҳамсарон ва фарзандонамон нури чашмон деҳ ва моро пешвои парҳезгорон қарор деҳ» (сураи Фурқон, ояти 74). Аз Худованди меҳрубон талаб дорем, ки ҳамаи моро дар тарбияи фарзандон муваффақ гардонад ва онҳоро насли солиму солеҳ қарор диҳад. Омин.

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر