الصفحة الرئيسية المقالات Ҳаҷ ва ҳикмати фарз гардидани он.

Ҳаҷ ва ҳикмати фарз гардидани он.

Ҳаҷ ва ҳикмати фарз гардидани он.
2015-03-14
5769

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Ҳаҷ ва ҳикмати фарз гардидани он

Дар шариати Ислом ибодатҳо ба се навъ тақсим мешаванд:

  1. Ибодати баданӣ, мисли намозу рўза.

  2. Ибодати молӣ, мисли закоту садақаи фитр ва ғайра.

  3. Ибодати мураккаб аз ҳарду, яъне ҳам баданӣ ва ҳам молӣ, мисли ҳаҷ.

Фаризаи ҳаҷ яке аз аркони дини мубини Ислом буда, бар касоне, ки барои рафтан ба хонаи Каъба тавоноии молӣ дошта бошанд, фарз мебошад.

Ҳаҷ дар луғат ба маънои қасд намудан барои амри бузург буда, дар истилоҳи шариат ба маънои зиёрати макони махсус бо афъоли махсус дар замони махсус мебошад. Худованд дар бораи фаризаи ҳаҷ мефармояд:

وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا ۚ [٣:٩٧]

Ҳаҷҷи Хонаи Каъба барои Худо бар мардумон, бар касе воҷиб аст, ки тавоноии рафтан ба сўи онро дорад. (“Оли Имрон”, 97).

Аллома Алӣ Қорӣ дар китоби “Фатҳу бобил-иноя” ба ривояти Ибни Асир истинод карда гуфтааст, ки Пайғамбар (с) пеш аз ҳиҷрат ба Мадина ҳар сол ҳаҷ мекард, ки адади онҳо бешумор аст. Аммо ҳаҷи фарзиро он Ҳазрат (с) дар соли даҳуми ҳиҷрӣ адо намуд. Дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ, ки ҳаҷ фарз гардида, ояти дар боло зикр гардида нозил гардид, бо дастури Пайғамбар (с) ҳазрати Абўбакри Сиддиқ ҳамроҳ бо мусулмонон ҳаҷро ба ҷо оварданд. Аммо ба қавли дигар уламо ҳаҷ дар соли панҷум ё соли шашуми ҳиҷрӣ воҷиб гардида буд. Аксари донишмандон соли шашумро дурусттар меҳисобанд.

Тибқи ривояти Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ва Ибни Аббос (р) Паёмбари акрам (с) се бор ҳаҷ кардааст. Пеш аз ҳиҷрат ду бор маносики ҳаҷро ба ҷо оварданд, аммо баъд аз ҳиҷрат танҳо як бор дар соли 10 ҳиҷрӣ ҳаҷҷу умра карданд, ки онро дар таърихи Ислом “Ҳаҷҷатул-вадоъ” меноманд.

Ҳикмати ибодати ҳаҷ ва тавофи хонаи Каъба

Аъмоли ҳаҷ аз умури зерин иборат мебошад: Бастани эҳром аз миқот, тавофи қудум, саъй байни Сафо ва Марва, вуқуф дар Арафот, шабгузаронӣ дар Муздалифа, ҳузур дар Мино ва рамйи ҷамарот, забҳи қурбонӣ, тарошидан ё кўтоҳ намудани мўи сар, тавофи ифоза (зиёрат) ва тавофи видоъ. Дар ҳар яке аз ин аъмоли ҳаҷ фалсафа ва ҳикмате нуҳуфтааст, ки ғараз аз анҷоми ҳаҷ дарёфтан ва ноил гардидан ба ин ҳикмати илоҳӣ мебошад.

Мавлоно Ашрафалии Таҳованӣ (рҳ) дар китоби худ “Аҳкоми Ислом аз дидгоҳи ақл” ҳикмати машруъияти ҳаҷ ва тавофи Каъбаи мушаррафаро чунин зикр намудааст:

1. Дар олами муҳаббат рўҳи инсон ҳар вақт перомуни маҳбуби худ давр мезанад ва остонаи ўро мебўсад. Хонаи Каъба дар олами ҷисмонӣ барои ошиқони илоҳӣ як намуна ва рамзе мебошад ва ба сўи инсонҳо нидое мерасад, ки: “ин Хонаи ман аст ва Ҳаҷарул-асвад санги остонаи Хонаи ман аст”. Ин намунаро ба ин ҷиҳат қарор додааст, ки инсон ба таври ҷисмонӣ ишқу муҳаббати худро зоҳир кунад. Пас ҳаҷкунанда дар аснои ҳаҷ ҷисман дар ҳолати фурўтанӣ ва бохузуъу хушуъ гирдогирди хонаи Каъба мегардад, ки гуё дар муҳаббати илоҳӣ девонаву маст аст. Яъне зинатро тарк мекунад, сари худро метарошад ва ба сурати маҷзубон ба гирди хонаи Каъба тавоф мекунад ва санги остонаи хонаро мебўсад.

2. Дар мавсими ҳаҷ мусулмонон аз ҳар гўшаву манотиқи олам дар як макон ҷамъ омада, бо ҳамдигар мулоқот мекунанд ва аз аҳволи ҳамдигар бохабар мегарданд, ки аз иҷтимоъи онҳо азамати дин зоҳир мешавад.

3. Дар сафари ҳаҷ ранҷу машаққат ва мушкилоти зиёд барои инсон пеш меояд, вале ҳамаи ин машаққатҳо ва сахтиҳоро барои ризои Аллоҳ таъоло таҳаммул менамояд, ки ба сабаби он гуноҳон ва хатоҳояш маҳв мегардад.

4. Муъмин дар тавофи хонаи Каъба шабеҳи фариштагони муқарраб мебошад, ки перомуни арши илоҳӣ тавоф мекунанд, муъмин парвонавор тавофи ҳазрати улуҳият мекунад ва хонаи Каъба дар зоҳир намуна ва рамзи дарбори илоҳӣ мебошад.

5. Иҷтимоъи мусулмонон бо либоси якранги сафеди эҳром дар мавсими ҳаҷ нишонаи камоли иттиҳоди аҳли Ислом буда, саҳнаи рўзи қиёматро барои онҳо ёдоварӣ менамояд, чунки муъмин ин манзараро мушоҳида намуда, зинда шудан дар рўзи ҷазоро ба хотир меорад ва барои он омода мешавад.

6. Ҳикмати саъй кардан дар миёни Сафо ва Марва  ки мисли як ғуломе ки дар дарбори подшоҳи худ бор-бор меравад ва меояд, ба ин умед, ки дар хидмат ихлоси худро зоҳир кунад ва ба назари раҳмат мушарраф шавад. Сайъкунанда дар дарбори илоҳӣ такрор ба такрор мераваду меояд ба ин умед, ки агар бори аввал раҳм накунад, пас шояд бори дуюм ва сеюм ба ў раҳм хоҳад кард. Ҳамчунин саъйкунанда дар байни Сафо ва Марва низ бо ҳамин умед саъй мекунад.

Гуфт Пайғамбар, ки чун кўбӣ даре,

Оқибат з-он дар бурун ояд маре.

Сояи Ҳақ бар сари банда бувад,

Оқибат ҷўянда ёбанда бувад.

Чун зи чоҳе меканӣ ҳар рӯз хок,

Оқибат андар расӣ дар оби пок.

وقت الصلاة في طاجيكستان

22.11.2024

أكثر
الفجر05:37
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:10
العشاء18:40
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر