المقالات
Ҳоҷӣ Ҳусайн яке аз ситораҳои дурахшони олами илму адаби нимаи дуюми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ тоҷик маҳсуб гашта, бо андешаҳои ҳакимона ва лаҳни ширини орифона дар байни аҳли қалам ва оммаи мардум машҳур ва маҳбуб гардидааст.
Мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣпайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Ба дурустӣ, ки баъзе аз мардумон ҳамеша калиди дари ахлоқи некианд ва дуранд аз бадӣ ва баъзе аз мардумон ҳамеша калиди дари ахлоқи баданд ва дуранд аз хубиҳо, хушо ба ҳоли касе, ки Худованд хайрро дар дасти ӯ гардонидааст, вой бар ҳоли касе, ки Худованд бадиро ба дасти ӯ гардонидааст
Дар кишвари мо низ як силсила чорабиниҳо дар ин маврид амалӣ шудааст, кодекси оила амал мекунад, ки ба тамоми талаботи ҷомеаҳои пешрафта посух мегўяд, инчунин бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 Соли оила дар Тоҷикистон эълон шуда буд.
Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ худӣ ё бегона ва ё таҳаммулгаро буда наметавонад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣтаҳия ва қабул карда шаванд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат 26 декабри соли 2018 таъкид намуданд: «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст». Сарвари давлдат аз он пештар, 12 маи соли гузашта аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд.