السؤال و الجواب - Хонавода
03106:
Муносибати ман бо шавҳарам хуб набуд, ў барои истеъмоли таблеткаҳои нашъадор зиндонӣ шуд. Таъминоти фарзандамро волидонам мекарданд. Шавҳарам чанд бор гуфт, ки рав шавҳар кун, ман ба ту кор надорам. Дар ин маврид суол кардем, гуфтанд, ки баъд аз се ҳайз талоқ мешавад. Мехоҳам донам, ки никоҳи мо баъд аз ду ҳайзи дигар бурида мешавад ё не?
فئة:
Хонавода03096:
Ман як зани мусулмони тоҷик ҳастам. Бо шавҳарам ақди шаръӣ доштем, вале дар зиндагии мо мушкилоти ҷиддӣ ба миён омад. Вақте ҳомила будам, шавҳарам ба ман гуфт, ки “ҷавобат додам”. Баъд аз ду моҳу даҳ рўз гуфт, ки “се талоқ кардам”. Дар ин миён мо на ҳамбистар шудем ва на ягон навъи бозпасгирии ақдӣ вуҷуд дошт. Оё талоқи аввал бо вуҷуди ҳомила буданам дуруст аст ва идда чӣ гуна ҳисоб мешавад?
فئة:
Хонавода