Questions and answers - Family
03112:
Ба сабаби нофаҳмиҳои оилавӣ шавҳарам боре ба ман талоқ гуфт. Пас аз он боз никоҳ кардем. Аз сабаби мушкилоти оилавӣ ў тасмим гирифт, ки мо иҷора гирифта, алоҳида зиндагӣ мекунем. Вақте ки мо ҷудо зиндагӣ мекардем, ў бо оилаашон мушкилот пайдо кард. Як саҳар ў бо як дўсташ ба хона маст баргашт. Мо ҷанг кардем ва боз талоқ гуфт. Ба наздикӣ аз ҷудо шудани мо ду сол мешавад. Мехоҳад, ки якҷоя бошем. Оё мо метавонем никоҳ кунем
Categories:
Family03106:
Муносибати ман бо шавҳарам хуб набуд, ў барои истеъмоли таблеткаҳои нашъадор зиндонӣ шуд. Таъминоти фарзандамро волидонам мекарданд. Шавҳарам чанд бор гуфт, ки рав шавҳар кун, ман ба ту кор надорам. Дар ин маврид суол кардем, гуфтанд, ки баъд аз се ҳайз талоқ мешавад. Мехоҳам донам, ки никоҳи мо баъд аз ду ҳайзи дигар бурида мешавад ё не?
Categories:
Family