مسألة № 01820
Аз шумо дар бораи тарзи дуруст ният кардан ва дуруст хондани саҷдаи тиловат пурсонам. Боқӣ дар паноҳи Худо бошед.
مسألة:
Ассалому алайкум. Аз шумо дар бораи тарзи дуруст ният кардан ва дуруст хондани саҷдаи тиловат пурсонам. Боқӣ дар паноҳи Худо бошед.
Саволдиҳанда: Абдулмалик
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, саҷдаи тиловат дар чордаҳ ояти Қуръон вуҷуд дорад, касе ки яке аз ин оятҳоро тиловат кунад ё шунавад, саҷда бар вай лозим мешавад. Нияти саҷдаи тиловат чунин аст: “Навайту ан асҷуда саҷдатат-тиловати мутаваҷҷиҳан илал-Каъбати Аллоҳу Акбар”. Яъне ният кардам саҷдаи тиловат кунам, рў овардам ба қибла, Аллоҳу Акбар. Пас аз гуфтани такбир фавран як саҷда карда, дар он се ё панҷ бор ё зиёдтар фақат “Субҳона Раббиял-Аъло” мегўяд, сипас “Аллоҳу Акбар” гуфта, сар аз саҷда мебардорад ва ин дуъоро мехонад: “Саҷадту лир-Раҳмон, ва оманту бир-Раҳмон, фағфир лӣ зунубӣ ё Раҳмон, самиъно ва атаъно, ғуфронака Раббано ва илайкал-масир”. Тарҷума: Саҷда кардам барои Худои бахшоянда ва ба Ў имон овардам, эй Зоти бахшанда, гуноҳони маро биёмурз, шунидему итоат кардем, мағфирати Туро мехоҳем ва бозгашт ба сўи Туст”.