Question № 01820
Аз шумо дар бораи тарзи дуруст ният кардан ва дуруст хондани саҷдаи тиловат пурсонам. Боқӣ дар паноҳи Худо бошед.
Question:
Ассалому алайкум. Аз шумо дар бораи тарзи дуруст ният кардан ва дуруст хондани саҷдаи тиловат пурсонам. Боқӣ дар паноҳи Худо бошед.
Саволдиҳанда: Абдулмалик
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, саҷдаи тиловат дар чордаҳ ояти Қуръон вуҷуд дорад, касе ки яке аз ин оятҳоро тиловат кунад ё шунавад, саҷда бар вай лозим мешавад. Нияти саҷдаи тиловат чунин аст: “Навайту ан асҷуда саҷдатат-тиловати мутаваҷҷиҳан илал-Каъбати Аллоҳу Акбар”. Яъне ният кардам саҷдаи тиловат кунам, рў овардам ба қибла, Аллоҳу Акбар. Пас аз гуфтани такбир фавран як саҷда карда, дар он се ё панҷ бор ё зиёдтар фақат “Субҳона Раббиял-Аъло” мегўяд, сипас “Аллоҳу Акбар” гуфта, сар аз саҷда мебардорад ва ин дуъоро мехонад: “Саҷадту лир-Раҳмон, ва оманту бир-Раҳмон, фағфир лӣ зунубӣ ё Раҳмон, самиъно ва атаъно, ғуфронака Раббано ва илайкал-масир”. Тарҷума: Саҷда кардам барои Худои бахшоянда ва ба Ў имон овардам, эй Зоти бахшанда, гуноҳони маро биёмурз, шунидему итоат кардем, мағфирати Туро мехоҳем ва бозгашт ба сўи Туст”.Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, саҷдаи тиловат дар чордаҳ ояти Қуръон вуҷуд дорад, касе ки яке аз ин оятҳоро тиловат кунад ё шунавад, саҷда бар вай лозим мешавад. Нияти саҷдаи тиловат чунин аст: “Навайту ан асҷуда саҷдатат-тиловати мутаваҷҷиҳан илал-Каъбати Аллоҳу Акбар”. Яъне ният кардам саҷдаи тиловат кунам, рў овардам ба қибла, Аллоҳу Акбар. Пас аз гуфтани такбир фавран як саҷда карда, дар он се ё панҷ бор ё зиёдтар фақат “Субҳона Раббиял-Аъло” мегўяд, сипас “Аллоҳу Акбар” гуфта, сар аз саҷда мебардорад ва ин дуъоро мехонад: “Саҷадту лир-Раҳмон, ва оманту бир-Раҳмон, фағфир лӣ зунубӣ ё Раҳмон, самиъно ва атаъно, ғуфронака Раббано ва илайкал-масир”. Тарҷума: Саҷда кардам барои Худои бахшоянда ва ба Ў имон овардам, эй Зоти бахшанда, гуноҳони маро биёмурз, шунидему итоат кардем, мағфирати Туро мехоҳем ва бозгашт ба сўи Туст”.