Вопрос № 01820

Аз шумо дар бораи тарзи дуруст ният кардан ва дуруст хондани саҷдаи тиловат пурсонам. Боқӣ дар паноҳи Худо бошед.

Вопрос:

Ассалому алайкум. Аз шумо дар бораи тарзи дуруст ният кардан ва дуруст хондани саҷдаи тиловат пурсонам. Боқӣ дар паноҳи Худо бошед.

Саволдиҳанда: Абдулмалик

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, саҷдаи тиловат дар чордаҳ ояти Қуръон вуҷуд дорад, касе ки яке аз ин оятҳоро тиловат кунад ё шунавад, саҷда бар вай лозим мешавад.  Нияти саҷдаи тиловат чунин аст: “Навайту ан асҷуда саҷдатат-тиловати мутаваҷҷиҳан илал-Каъбати Аллоҳу Акбар”. Яъне ният кардам саҷдаи тиловат кунам, рў овардам ба қибла, Аллоҳу Акбар. Пас аз гуфтани такбир фавран як саҷда карда, дар он се ё панҷ бор ё зиёдтар фақат “Субҳона Раббиял-Аъло” мегўяд, сипас “Аллоҳу Акбар” гуфта, сар аз саҷда мебардорад ва ин дуъоро мехонад: “Саҷадту лир-Раҳмон, ва оманту бир-Раҳмон, фағфир лӣ зунубӣ ё Раҳмон, самиъно ва атаъно, ғуфронака Раббано ва илайкал-масир”. Тарҷума: Саҷда кардам барои Худои бахшоянда ва ба Ў имон овардам, эй Зоти бахшанда, гуноҳони маро биёмурз, шунидему итоат кардем, мағфирати Туро мехоҳем ва бозгашт ба сўи Туст”.

2018-06-05
5840
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

29.11.2024

Подробнее
Фаджр05:44
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38