السؤال و الجواب
03052:
Ман як сол шуд шавҳар кардам, аммо ба ҳар баҳона маро мезанад. Дар дини Ислом ин мумкин аст? Мегўям илтимос нисбати ман камтар ҳам бошад меҳрубонӣ кунед, диламро беҳад меранҷонед, таҳдид мекунад, ки бисёр ҳамин чизҳоро гап занӣ маро асабӣ мекунӣ, баъд худат медонӣ чӣ мешавад, яъне задан. Лутфан ман чӣ кор кунам, мумкин дар ҳамаи ин ман айбдорам?
فئة:
Хонавода03045:
Ман 42 сол дорам ва ҳомилаам. Ду ҳафта пас ҳамлам шашмоҳа мешавад. Аз ҳисоби камхунӣ набзам паст аст, 90 ба 50 ё 80 ба 40 аст. Ҷойи нишастам дар ошёнаи чорум, дар вақти баромадан дам гирифта меравам. Ҳуҷҷатҳоро аз як бино ба бинои дигар мебарам, хаста мешавам ва пеши чашмонам сиёҳӣ мегирад. Оё дар ин ҳолат ман рўза гирам ё не?
فئة:
Рӯза