Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Азимов Мирзоолим - узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Азимов Мирзоолим соли 1963 дар деҳаи Дашти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар оилаи рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Соли 1980 мактаби миёнаи № 12-и деҳаи Оббурдонро хатм кардааст. Дар овони ҷавонӣ дар назди падараш хату саводи диниро аз худ мекунад. Баъдтар дар назди чанд тан аз уламои кишвар дониши худро такмил медиҳад. Солҳои 1981-1983 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ шӯравӣ адои хидмат мекунад.
Пас аз адои хидмати ҳарбӣ дар назди Муҳаммадюсуфи Фозил, Қорӣ Аъзамхон ва Домулло Саидраҳмон ба омӯзиши улуми динӣ, аз қабили фиқҳу тафсир, ҳадису ирфон, таҷвид ва усули фиқҳ машғул мешавад.
Солҳои 1988-1990 курси забони арабиро дар шаҳри Тошканд ба итмом мерасонад.
Аз соли 1995 то соли 2001 ноиби сархатиб ва аз соли 2001 то ҳозир вазифаи сархатиби масҷиди ҷомеи ба номи шайх Дарвеш Муҳаммади Хуҷандии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба уҳда дорад. Ҳамзамон дар Донишгоҳи озоди Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ғоибона таҳсил мекунад.
Мавсуф дар зиёда аз 27 семинари динию ҷамъиятӣ ва дигар чорабиниҳои илмии дохили кишвар иштирок намудааст.
Аз соли 2013 то кунун узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва арабиро медонад.Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.
آخرون
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон