Исроил Саидов

Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Исроил Саидов

Саидов Исроил - узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидов Исроил 15-уми январи соли 1956 дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ дар оилаи деҳқони мутадайин таваллуд шудааст.

Соли 1972 мактаби миёнаи зодгоҳашро хатм намуда, ба омӯзишгоҳи касбӣ – техникии № 32-и шаҳри Кӯлоб дохил мешавад. Пас аз хатми омӯзишгоҳ дар назди рӯҳонии машҳур махдуми Абдулқодир таҳсили диниро оғоз намуда, муддати ду сол маълумоти ибтидоии диниро аз худ мекунад. Солҳои 1975-1977 дар яке аз муассисаҳои ноҳияи Восеъ дуредгар шуда кор мекунад. Солҳои 1977-1979 хидмати ҳарбиро адо намуда, аз соли 1979 то соли 1995 дар муассисаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият мекунад. Зимни фаъолияти меҳнатӣ дар назди домулло Абдулваҳҳоб ба омӯзиши улуми динӣ машғул мешавад.

Солҳои 1995-1998 дар мадрасаи мутавасситаи назди масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ ба шогирдон дарс мегӯяд. Солҳои 1997-2010 ба ҳайси имомхатиби масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ фаъолият намуда, дар бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани масҷиди мазкур саҳми бориз мегузорад.

Аз соли 2010 то соли 2012 ба ҳайси сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Рӯдакӣ адои вазифа намуда, аз соли 2012 то кунун имомхатиби масҷиди деҳаи Саховати ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ шуда кор мекунад.

Соли 2014 шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифаро хатм намудааст.

Мавсуф дар аксар чорабиниҳои илмию динӣ мунтазам иштирок намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва маърифати динии мардум саҳми босазо мегузорад. Рӯҳонии ботақво буда, соҳиби обрӯву эътибор мебошад.Оиладор ва соҳиби 5 фарзанд аст.

آخرون

Саидмукаррам  Абдуқодирзода
Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳусайн Мўсозода
Ҳусайн Мўсозода

Муовини Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдулбасир Саидзода
Абдулбасир Саидзода

Муовини аввали Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамолиддин Хомӯшов
Ҷамолиддин Хомӯшов

Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

وقت الصلاة في طاجيكستان

30.04.2024

أكثر
الفجر03:47
الظهر12:40
العصر17:28
المغرب19:27
العشاء20:58
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر